Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2004, № 369 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 596"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 596

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар Низомномаи Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2001 № 596 "Масъалаҳои Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

аз банди 1 калимаҳои "ва ҳамчунин аз тарафи муассисаҳои таълими амали намудани сиёсати ягонаи давлати дар соҳаи маълумоти ибтидоии касби, бозомӯзи ва такмили ихтисоси коргарон" хориҷ карда шаванд;

аз банди 6 сарсатрҳои ҳабдаҳ ва ҳаждаҳ хориҷ карда шаванд;

аз банди 7 сарсатри ҳабдаҳ хориҷ карда шавад;

аз сарсатри нуздаҳ, банди 8 калимаҳои "нақшаи мавзӯи таълими ва ҳуҷҷатҳои дигар вобаста ба омӯзиш ва тайёр кардани кадрҳо" ва сарсатри бисту се ва бисту чор хориҷ карда шаванд.

дар сарсатри дуюми банди 15 ва банди 18 матни руси баъди калимаи "Главного" калимаи "государственного" илова карда шавад;

дар банди 19 матни руси баъди калимаи "инспектором" калимаи "труда" илова карда шавад.

2. Аз сохтори дастгоҳи марказии Инспексияи давлатии меҳнати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаҳои "Инспексияи маълумоти касбию техники" хориҷ карда шаванд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                       Э. Раҳмонов

...

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О внесении изменений и дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2001 года № 596

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. В Положение Государственной инспекции труда при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан, утверждённого постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 декабря 2001 года № 596 "Вопросы Государственной инспекции труда при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан" внести следующие изменения и дополнения:

из пункта 1 исключить слова "а также за реализацией образовательными учреждениями единой государственной политики в области первоначального профессионального обучения, переподготовки и повышения квалификации рабочих";

- 4 из пункта 6 исключить семнадцатый и восемнадцатый абзацы;

из пункта 7 исключить семнадцатый абзац;

из абзаца девятнадцатого пункта 8 исключить слова "учебно-тематические планы и другую документацию, связанную с обучением и подготовкой кадров", а абзацы "двадцать три и двадцать четыре исключить;

в абзаце втором пункта 15 и пункте 18 русского текста после слова "Главного" дополнить словом "государственного";

пункт 19 русского текста после слова "инспектором" дополнить словом "труда".

2. Из Структуры Центрального аппарата Государственной Инспекции труда при Министерстве труда и социальной защиты населения Республики Таджикистан исключить слова: "Инспекция профтехобразования".

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э.Рахмонов

Председатель

Правительства Республики Таджикистан                   Э.Рахмонов

...