ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Бо Мақсади иҷрои Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини шароити мусоид барои тавсияи забони давлатӣ ва забонҳои миллӣ, пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи забонҳо ва истилоҳот Комиссияи татбиқи Қонуни забон дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ҳайати он тасдиқ карда шавад (Замима мешавад).
2. Низомномаи Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (Замима мешавад).
3. Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тавсияи забони тоҷикӣ, забонҳои дигари миллиро дар мӯҳлати се моҳ тартиб дода, ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кунад.
4. Дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз 5 нафар аз ҳисоби интиқоли бастҳои шӯъбаи забони тоҷикии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 3 воҳид ва бастҳои гурӯҳи кории татбиқи Қонуни забони назди Институти забону адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 2 воҳид таъсис дода шавад. Шароити пардохти музди меҳнати дастгоҳи кории Комиссия бо кормандони Дастгоҳи Президент баробар карда шавад.
Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди музди меҳнат ва ҳаҷми умумии бопултаъминкуниро барои нигоҳ доштани дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда, пешниҳодҳои худро манзури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояд.
Ҳукумати ш. Душанбе якҷоя бо Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгоҳи кории Комиссияи татбиқи Қонуни забони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо утоқҳои корӣ ва лавозимоти хизматӣ таъмин намоянд.
5. Фармоишҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1990 № 51 ф, аз 23 октябри соли 1990 № 376 ф ва Девони Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 2 августи соли 1991 № 143 ф аз эътибор соқит дониста шаванд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...