Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 октябр соли 1995 № 630
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 16 октябр соли 1995 № 630
тасдиқ шудааст
БАРНОМАИ ХУСУСИГАРДОНИИ ОБЪЕКТҲОИ КОМПЛЕКСИ АГРОСАНОАТӢ ДАР СОЛҲОИ 1995-1996
Барнома ба фароҳам овардани шароити зарурӣ барои татбиқи ҷараёни ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар комплекси агросаноатӣ, ташаккули иқтисодиёти бисьёрсоҳа, дар асоси ин тараққи додани фаъолияти бозаргонӣ ва баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзӣ бо мақсади аз бӯҳронӣ, иҷтимоию иқтисодӣ баровардани иқтисоди ҷумҳурӣ равона гардидааст.
Барнома мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 1994 № 399 "Дар бораи хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ" таҳия шудааст.
Барнома асосҳои усули амалӣ намудан, миқьёс ва мӯҳлатҳои ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии моликият, муносибати ягона ба муайян намудани арзиши моликияти давлатӣ ва интихоби шаклҳои хусусигардонӣ, муқаррар намудани имтиёзот ва маҳдудиятҳо, инчунин афзалиятҳои соҳавӣ ва минтақавӣ ҳангоми ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатиро муайян менамояд.
I. Хусусиятҳои асосии хусусигардонии объектҳои комплекси агросаноатӣ
Мақсади асосии ғайридавлатикунонӣ ва хусусигардонӣ дар комплекси агросаноатӣ зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот, нигоҳ доштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, азнавсозии деҳот ва солим гардонидани вазъи экологӣ мебошад.
Хусусияти ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар соҳаи кишоварзӣ аз он бармеояд, ки дар ин соҳа воситаи асосии истеҳсолот, асоси моддии он замин аст. Замин, ки сарвати умумихалқист, чун моликияти давлатӣ мемонад. Мувофиқи шартномаҳо он ба воҳидҳои иҷоравии соҳаи кишоварзӣ, кооперативҳо, ассоциацияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) мусисаҳои коллективӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ, дигар сохторҳои ғайридавлатӣ ва шаҳрвандон, барои барпо намудани истеҳсолоти соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла барои тараққиёти хоҷагиҳои хусусии ёрирасон, ширкатҳои бору токпарварӣ ба истифодаи бамӯҳлат ё бемӯҳлат бо ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти ҳосилнамуда ва фурӯши он мувофиқи шартномаҳо ҷудо карда мешавад.
Хусусигардонии комплекси агросаноатӣ ба баҳисобгирии ҳамаҷонибаи манфиатҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ равона карда шуда, асоси муайян намудани сиёсати истеҳсол, нархгузорӣ ва фурӯши маҳсулот, аз ҷумла корхонаҳои коркарди саноатӣ мегардад. Мувофиқати манфиатҳои воҳидҳои комплекси агросаноатӣ аз ҳисоби фурӯши мутақобили саҳмҳо ё маблағгузории мутақобили корхонаҳои кишоварзӣ ва коркард барои таъмин мешавад.
Барнома дар колхозҳо барқарор намудани моҳияти азалии (ибтидоӣ) кооперацияро пешбинӣ менамояд. Коллективи меҳнатии колхоз бояд чун соҳиби воситаҳои истеҳсолот (ба ғайр аз замин) ва маҳсулоти ҳосилшуда баромад намоянд. Ҳар як аъзои коллектив соҳиби ҳақиқии воситаҳои истеҳсолот мегардад, яъне саҳми ӯ дар амволи коллективӣ муайян гардида, бо ин саҳм дар тақсимоти фоида иштирок менамояд.
Дар совхозҳо воситаҳои истеҳсолот чун моликияти давлатӣ вобаста ба шароити мушаххас бо тариқи аз тараф аъзоёни коллективи меҳнатӣ, харида гирифтан (яку якбора ё давра ба давра), ба иҷора додан, ташкил намудани ҷамъияти саҳомӣ ва ё ба шаклҳои дигар тағьир додани он ғайридавлатӣ гардонида мешавад.
...