Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 маи соли 1995, № 312 "Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии бемории спид"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи пешгирии бемории спид"

Бо мақсади татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи пешгирии бемории СПИД" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ҳуҷҷатҳои зерине, ки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия намудааст, тасдиқ карда шаванд:

Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 мутобиқи замимаи № 1.

Қоидаҳои муоинаи тиббӣ барои ошкор кардани сирояти вируси иммунодефицити инсон (бемории СПИД) мутобиқи замимаи № 2.

Муқаррар карда шавад, ки ташхиси мазкур барои ашхоси ба ҷумҳурӣ ворид ва аз ҷумҳурӣ хориҷ гарданда пулакӣ буда, тартиб ва ҳачми онро Вазорати тандурустии Чумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Вазорату идораҳо, концернҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), ташкилоту корхонаҳо баҳри иҷрои Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД ва Қоидаҳои муоинаи тиббӣ барои ошкор кардани сирояти вируси иммунодефицити инсон (бемории СПИД) тамоми тадбирҳоро андешанд.

3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД-ро дар доираи маблағҳое, ки дар буҷет барои соҳаи "Тандурустӣ" пешбинӣ гардидаанд, бо маблағ таъмин кунад.

4. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни гурӯҳҳои дар шароити хавфноки кори пешгирӣ ва мубориза бо бемории СПИД ва муоинаи сирояти вируси иммунодефицити инсон коркунанда мунтазам кор барад ва ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муоинаи тиббӣ барои ошкор намудани сирояти вируси иммунодефицити инсон (бемории СПИД) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки доимӣ расонад.

5. Вазорату идораҳо, ташкилоту концернҳо ва корхонаҳои тамоми шаклҳои моликият вазифадор карда шаванд, ки ба Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар бораи шаҳрвандони хориҷии ба қаламрави ҷумҳурӣ барои таҳсил, кор ва дигар мақсадҳо воридшуда барои тафтиши сари вақти сертификати муоинаи тиббӣ дар хусуси гирифтор будан ё набудан ба сирояти вируси иммунодефицити инсон ё гузарондани муоинаи тиббӣ барои муайян намудани гирифтор будан ё набудан ба сирояти вируси иммунодефицити инсон маълумот диҳанд.

6. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ тартиби аз қаламрави ҷумҳурӣ хориҷ намудани шаҳрвандони дигар давлатҳо ва ашхоси бе табаиятро, ки гирифтори сирояти вируси иммунодефицити инсон ва бемории СПИД мебошанд, таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

7. Ба рӯйхати бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 марти соли 1994 № 120 тасдиқгардидаи касалиҳои касбие, ки дар натиҷаи онҳо бемор маъюб мегардад, банди 8 мазмуни зайл илова карда шавад:

+-+--------------------+------------------+--------------------------ҷ
|1|    2               |     3            |     4                    |
+-+--------------------+------------------+--------------------------+
| |                    |                  |                          |
|8|Бо вируси           |Алоқа бо бемори   | Кор дар беморхонаҳои     |
| |иммунодефицити      |СПИД (Бо вируси   | (шӯъбаҳои) инфекционӣ,   |
| |инсон сироятшудагон |иммунодефицити    | марказҳо ва              |
| |(СПИД)              |инсон             | лабораторияҳои СПИД      |
| |                    |сироятшудагон,    | ва дигар муассисаҳои     |
| |                    |маводи сироятшуда | тиббӣ ҳангоми кори бо    |
| |                    |ё шубҳанок)       | хуни контактӣ ва дигар   |
| |                    |                  | моеъҳои бадани инсон     |
| |                    |                  | вобастабуда.             |

8. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои таълимии мактабҳои маълумоти умумӣ, касбӣ, мнёнаи махсус ва олӣ масъалаҳои пешгирии касалии СПИД-ро дохил намояд.

9. Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, идораҳои рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва дигар воситаҳои ахбори умум масъалаҳои пешгирии бемории СПИД-ро мунтазам интишор намоянд.

10. Вазифаи ҳамоҳангсозии байниидоравӣ ва назорати ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии мубориза бо бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 1995-2000 ба зиммаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шавад.

11. Вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (ҳукуматҳо) ҳар сол то 1 июль аз ҷараёни иҷрои қарори мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳанд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон               Э. Раҳмонов

аз 4 маи соли 1995 № 312

ш. Душанбе