Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996, № 69
тасдиқ шудааст
Низомномаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бойгонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон) мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Идораи кулли бойгонин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии соҳавӣ ва байнисоҳавии кори бойгониро ба амал мебарорад, ба сенадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, ихтиёрдорӣ мекунад ва барои вазъият, инкишофи минбаъда, такмили кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
2. Вазифаҳои асосии идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
таъмини нигоҳдории санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ ва дигар санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, ташкили кори такмилкунии бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ ва истифодаи санадҳои дар онҳо маҳфузбуда;
идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои санадии таърих ва фарҳанг;
муайян кардани пешомадҳо ва самтҳои бартариятноки такмили кори бойгонӣ дар ҷумҳурӣ, пешгӯии илмии инкишофи он; таъмини базаи манбаъҳо барои инкишофи илмҳои ҷамъиятӣ;
роҳбарии ташкилию методӣ ва назорат ба фаъолияти бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ташкили санадҳо дар коргузории вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо;
якҷоя бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ кардан ва минбаъд ҳам тараққи додани "Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо дигар муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатӣ дар соҳаи коргузорӣ ва кори бойгонӣ;
ташкил ва мутобиқгардонии корҳои илмӣ ва методӣ дар соҳаи бойгоншиносӣ ва санадшиносӣ;
тадбиқи натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ ва комёбиҳои илмию техникӣ дар амалияи кори муассисаҳои бойгонии ҷумҳурӣ;
паҳн кардани таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷӣ дар соҳаи кори бойгонӣ, омода кардани таклифҳо оид ба инкишоф ва такмили минбаъдаи кори бойгонӣ.
3. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори бойгонӣ бевосита ё тавассути шӯъбаҳои бойгонии Ҳукуматҳои вилоятӣ роҳбарӣ менамояд, дар ҳудуди ҷумҳурӣ бойгониҳои давлатӣ ва хазинаҳои давлатии соҳавиро идора мекунад.
Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои бойгонии тобеи он қисми таркибии Умури бойгонии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ба системаи ягонаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.
4. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарнонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои дигари қонунгузорӣ ва ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.
Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил додани қонунҳо оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳдиди он дохил мешаванд, таклифҳо тайёр менамояд ва онҳоро ба муҳокимаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад.
5. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи вазифаҳои ба зимааш гузошташуда:
а) ташкилкунӣ ва нигоҳдории санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд, риояи тартиби муқарраршудаи ба бойгониҳои давлатӣ, инчунин ба осорхонаҳо ва китобхонаҳо додани санадҳоро таъмин мекунад; бо ёдгориҳои санадии таърих ва фарҳанг, ки моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошанд, пур кардани Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд;
аз рӯи тартиби муқарраршуда ошкор намудани санадҳои оид ба таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатҳои хориҷӣ маҳфуз мебошад пурра кардани бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо матни асл ё нусхаҳои ин санадҳо ташкил мекунад;
барои гирд овардани санадҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар бойгониҳои марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо ба амал мебарорад;
б) масъалаҳои ба санадҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мансуб донистани санадҳои Хазинаи миллии бойгониро ҳал мекунад;
в) баҳисобгирии марказии давлатии санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ, осорхонаҳо ва китобханаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, ёдгориҳои санадии таърих ва фарҳангро, ки моликияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон мебошанд, ба роҳ мемонад, назорати давлатиро ба муҳофизат ва истифодаи ин санадҳо ба амал мебарорад;
г) санадҳои меъёрие тайёр карда нашр менамояд, ки фаъолияти муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим мекунад, барои такмили шабакаи бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ ва сохтори онҳо тадбирҳо ба амал мебарорад;
д) дар амалияи кори муассисаҳои бойгонӣ ҷорӣ кардани системаю усулҳои самараноктари нигаҳдорӣ, таҷдид, муваққатан хобондан, истифода ва муҳофизати санадҳоро ташкил мекунад; кори бо таҷҳизот ва масолеҳи зарурӣ таъмин кардани муассисаҳои бойгонии давлатиро ба роҳ мемонад;
е) янҷоя бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил додани кори бойгониҳои идоравӣ, инчунин азназаргузарониҳои ҷамъиятии вазъи коргузорӣ ва фаъолияти чунин бойгониҳо тадбирҳо ба амал мебарорад; ба тариқи ихтиёрӣ ба бойгониҳои идоравӣ дар иҷрои корҳои таънини нигоҳдорӣ, ба тартиб даровардан ва истифода бурдани санадҳо, инчунин дар ташкили хазинаи эҳтиётии санадҳо ёрӣ мерасонад;
ж) ба бойгониҳои байниидоравӣ, кооперативҳо ва ташкилотҳои дигар, ки нигоҳдорӣ, батартибандозӣ, такмилкунӣ ва истифодаи санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунанд, ёрии ташкилию методӣ мерасонад;
з) якҷоя бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикиотон ҷорӣ намудани "Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо), дигар муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва стандартҳои давлатиро дар соҳаи коргузорӣ ва кори бойгонӣ ба роҳ мемонад, роҳбарии илмию методиро ба татбиқи онҳо ба амал мебарорад;
и) дар доираи салоҳияти худ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ ва ташкили санадҳои коргузорӣ дастурҳои методие тартиб дода, тасдиқ менанояд, ки иҷрои онҳо барои ҳамаи вазорату идораҳо, инчунин муассисаҳо, ташкилотҳо ва корхонаҳои ҷумҳурӣ ҳатмӣ мебошад;
к) ташкил кардан ва тараққи додани системаи дастгоҳи илмию иттилоотиро оид ба санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад, барои тартиб додан ва ҷорӣ кардани системаҳои автоматикунонидашудаи ҷустуҷӯи ахбор оид ба санадҳои бойгониҳои двалатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо мебинад;
л) санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, адабиёти ахбору маълумотдиҳиро дар бораи тартиб ва мундариҷаи санадҳои бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тартиби муқарраршуда чоп мекунад; ба фаъолияти бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ оид ба чопи санадҳои бойгонӣ роҳбарӣ менамояд;
м) дар бораи санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, доир ба мавзӯҳои актуалӣ барои истифодабарӣ бо мақсадҳои сиёсӣ, хоҷагии халқ, илмӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ахборот медиҳад; кори омузиши талаботи ҷамъятиро ба санадҳои тарҷеии ахбор ва самаранокии истифодаи санадҳо ташкил мекунад;
н) ба кори илмию тадқиқотӣ ва методии муассисаҳои бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бойгонишиносӣ ва санадшиносӣ роҳбарӣ мекунад, барои ҷорӣ кардани натиҷаҳои тадқиқотҳои илм дар амалияи кори бойгонӣ тадбирҳо меандешад; оид ба масъалаҳои мазкур ахбороти илмию техникӣ медиҳад;
о) якҷоя бо бойгониҳо ва дигар муассисаҳои илмӣ тартиб додани нақшаҳои дарозмӯҳлат, пешомаднок ва ҷории тараққиёти кори бойгонии ҷумҳурӣ, инчунин иҷрои барномаҳои комплексии соҳавиро ба роҳ мемонад;
п) таҷрибаи пешқадами кори муассисаҳои бойгонии давлатҳои хориҷӣ меомӯзад, ҷамъбаст ва паҳн менунад аз рӯи тартиби муқарраршуда конфронсҳои илмию амалӣ, маҷлисҳо, семинарҳо мегузаронад, намоишҳои оид ба кори бойгонӣ ва таҳияи санадҳои коргузориро ташкил мекунад;
р) масъалаҳои ташкили илмии меҳнатро дар муассисаҳои бойгонӣ, ва иқтисодиёти кори бойгонӣ ва истифодаи усулҳои иқтисодии идоракунӣ тайёр мекунад;
с) дар доираи салоҳияти худ масъалаҳои сохтмони асосӣ ва таҷҳизоти техникиро ҳал менамояд;
т) сари вақт дида баромадани аризаҳо, таклифҳо ва шикоятҳои шаҳрвандонро ташкил мекунад, барои бартараф намудани камбудиҳои дар онҳо нишондодашудаи фаъолияти муассисаҳои тобеъ чораҳо мебинад;
у) аз рӯи тартиби муқарраршуда ба муассисаҳо, ташкилотҳо, корхонаҳо ва шаҳрвандон барои ҷамъ кардани ёдгориҳои қадимии санадӣ дар ҳудуди ҷумҳурӣ иҷозати махсус медиҳад;
ф) таъминоти молиявӣ ва моддию техникии муассисаю ташкилотҳои тобеъро ба амал мебарорад, истифодаи дурусту самараноки маблағҳоро таъмин мекунад;
х) кори баланд бардоштани ихтисоси коркунони муассисаҳои бойгонӣ ва бойгониҳои идоравии ҷумҳуриро ба роҳ мемонад.
6. Ба Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли вазифаҳои дар наздаш истода ва иҷрои ӯҳдадориҳои ба зимааш гузошташуда ҳуқуқ дода мешавад, ки:
а) манбаъҳои такмилкунии санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар бойгониҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои онҳо маҳфуз мебошанд, инчунин таркиби санадҳоеро, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ нигоҳ дошта мешаванд ва намешаванд, муайян кунад;
б) аз вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо, дар бораи кори бойгониҳои идоравӣ ва дар бораи ташкили санадҳои коргузорӣ, маводҳои зарурӣ гирад; кори бойгониҳои идоравӣ ва ташкили санадҳои коргузории вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳоро тафтиш кунад;
в) ҳисоботи намояндагони вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳоро оид ба масъалаҳои кори бойгониҳои идоравӣ ва ташкилӣ санадҳо шунавад;
г) дар доираи салоҳияти худ ба вазорату идораҳо, корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳо оид ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоршудаи кори бойгониҳои идоравӣ ва ташкили санадҳои коргузорӣ дастурҳои барои иҷро хатмӣ диҳад;
д) барои беҳтар иҷро кардани корҳо дар соҳаи бойгонишиносӣ ва санадшиносӣ озмунҳо эълон намояд;
е) барои дида баромадани масъалаҳои кори бойгонӣ ва такмили санадҳои коргузорӣ ҳайатҳо (комиссияҳо) ва шуроҳои доимӣ ва муваққатии байниидоравӣ ташкил кунад.
Қоидаҳо, барномаҳои таълимӣ, дастуруламалҳо ва дигар санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои кори бойгонӣ ва ташкили санадҳои коргузорӣ, ки онҳоро вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб медиҳанд, бо розигии Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Шахсони мансабдори Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаҳои худ ҳуқуқ доранд, ки аз рӯи тартиби муқарраршуда ба бойгониҳо ва убури коргузории вазорату кумитаҳои давлатӣ, идораю корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои ҷумҳурӣ раванд.
7. Ба Идораи кулли бойгонии музди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сардор роҳбарӣ мекунад.
Сардори Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонишини онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Вазифаҳоро дар байни Сардор ва ҷонишини он Сардори Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис менамояд.
Сардори Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои вазифаю ӯҳдадориҳои ба зиммаи Идораи кулли бойгонӣ гузошташуда шахсан масъул мебошад ва дараҷаи масъулияти ҷонишини Сардор, роҳбарони шӯъбаҳо ва дигар сохторҳои тобеиро барои роҳбарӣ ба соҳаҳои алоҳидаи фаъолияти Идораи кулли бойгонӣ, инчунин барои кори муассисаҳои бойгонии тобеъ муқаррар мекунад.
8. Сардори Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
а) аз рӯи тартиби муқарраршуда тағйироти шабакаи бойгониҳои давлатӣ барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;
б) низомномаҳои муассисаю ташкилотҳои тобеъ ва сохторҳои тобеии Идораи куллро тасдиқ мекунад;
в) сохтор, бароварди хароҷот ва бастҳои муассисаю ташкилотҳои тобеъро дар доираи шумора ва маблағи муқарраршудаи музди кор тасдиқ менамояд;
г) хостагирӣ ва ҷобаҷогузории кадрҳои дастгоҳи марказии Идораи кулли ба амал мебарорад ва номзадҳои коркунони роҳбарикунандаи муассисаҳои тобеъро барои тасдиқ ба ҳайати мушовара пешниҳод мекунад.
9. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи салоҳияти худ дар асос ва бо мақсади иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фарнонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарору фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳо ва дастуруламалҳо мебарорад, нишондодҳои барои тарафи муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи Идораи кулли бойгонӣ ва иҷрои онҳоро тафтиш мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ бо роҳборони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фармонҳои якҷоя мебарорад.
10. Дар Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳайати Сардор (раис), ҷонишини он аз рӯи вазифа), инчунин коркунони роҳбарикунандаи Идораи кулли бойгонӣ ҳайати мушовара ташкил карда мешавад. Шумора ва аъзоёни ҳайати мушовараи Идоракунии бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Ҳайати мушовара дар маҷлисҳои мунтазам гузаронидашавандаи худ масъалаҳои муҳимтарини илмию методӣ ва амалии тараққиёти кори бойгониро дар ҷумҳурӣ, ташкили фаъолияти бойгониҳои давлатӣ маблағҳои соҳавии давлатӣ ва дигар бойгониҳои идоравиро дида мебарояд, масъалаҳои тафтиши иҷро, хостагирӣ, ҷобаҷогузорӣ ва истифодаи кадрҳо, лоиҳаҳои фармонҳо ва дастуруламалҳои муҳимтарин, намунаи маҷмӯаҳои санадҳо ва маълумотномаҳоро муҳокима мекунад, ҳисоботи роҳбарони сохторҳои тобеии Идораи кулли бойгони ва муассисаю ташкилотҳои тобеи он, маърӯзаҳо ва ахбороти намояндагони вазорату идораҳо, роҳбарони бойгониҳои идоравиро мешунавад.
Қарорҳои ҳайати мушовара, чун қоида бо фармонҳои Сардори Идораи кулл бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёт татбиқ мешаванд. Дар мавриди мухолифати байни Сардор ва аъзоёни ҳайати мушовара Сардор қарори худро дар ҳаёт татбиқ мекунад ва дар бораи мухолифати бавуҷудомадае бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арз менамояд, аъзоёни ҳайати мушовара бошанд, дар навбати худ, метавонанд, фикрашонро ба Ҳукумати ҷумҳурӣ хабар диҳанд.
11. Дар назди Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо амал мекунанд:
шӯрои илмӣ барои дида баромадани масъалаҳои илмию методӣ кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
ҳайати муттаҳидаи марказии муоинавию тафтишотӣ ва илмию методӣ барои дида баромадани масъалаҳое, ки бо муайян кардани ҳайати Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муоинаи арзиши санадҳо ва интихоби санадҳо барои нигоҳдории давлатӣ дар доираи салоҳияти он алоқаманд мебошанд.
Низомномаи мақомоти мазкур ва ҳайати онҳоро Сардори Идораи кулли бойгонӣ тасдиқ мекунад.
12. Сохтор ва шумораи коркунони дастгоҳи марказии Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ меномояд.
Рӯйхати бастҳои дастгоҳи марказии Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Сардори идораи кулли бойгонӣ тасдиқ мекунад.
13. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳр дорад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номаш бо забонтоҷикӣ ва русӣ тасвир ёфтааст.