Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996, № 69
тасдиқ шудааст
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996, № 69
тасдиқ шудааст
Низомномаи Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (Бойгонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон) мақоми ҷумҳуриявии идоракунии давлатӣ буда, дар фаъолияти худ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.
Идораи кулли бойгонин назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идоракунии соҳавӣ ва байнисоҳавии кори бойгониро ба амал мебарорад, ба сенадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, ихтиёрдорӣ мекунад ва барои вазъият, инкишофи минбаъда, такмили кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
2. Вазифаҳои асосии идораи кулли бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
таъмини нигоҳдории санадҳои Хазинаи миллии бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравӣ ва дигар санадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз мебошанд, ташкили кори такмилкунии бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ ва истифодаи санадҳои дар онҳо маҳфузбуда;
идоракунии давлатӣ дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи ёдгориҳои санадии таърих ва фарҳанг;
муайян кардани пешомадҳо ва самтҳои бартариятноки такмили кори бойгонӣ дар ҷумҳурӣ, пешгӯии илмии инкишофи он; таъмини базаи манбаъҳо барои инкишофи илмҳои ҷамъиятӣ;
роҳбарии ташкилию методӣ ва назорат ба фаъолияти бойгониҳои идоравӣ ва байниидоравӣ, ташкили санадҳо дар коргузории вазорату идораҳо, муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо;
якҷоя бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ кардан ва минбаъд ҳам тараққи додани "Дастуруламали намунавии коргузорӣ дар вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо, мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо дигар муассисаҳо ва ташкилоту корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои давлатӣ дар соҳаи коргузорӣ ва кори бойгонӣ;
...