Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июли соли 2006 № 312
тасдиқ шудааст
Қоидаҳои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010
1. Ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷи ва шахсони бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Тоҷикистон истиқомат доранд, сарфи назар аз он, ки онҳо ҳангоми барӯйхатгири дар ҷумҳури ҳастанд ва ё муваққатан ба хориҷа рафтаанд ва инчунин шаҳрвандони хориҷи, ки муваққатан дар Тоҷикистон мебошанд, ба рӯйхат гирифта мешаванд.
2. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҳифзи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳое, ки контингенти махсус ва объектҳои пӯшида доранд, тайёрm дида, барӯйхатгирии хизматчиёни ҳарбm ва контингенти махсуси аҳолиро тибқи тартиб ва мӯҳлати муқаррарнамудаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмин менамоянд.
3. Барӯйхатгирии шахсонеро, ки барои табобат дар касалхонаҳо, барои истироҳат (ғайр аз як ё ду рӯз истиқоматкунандагон), модарону кӯдакони дар таваллудхонаҳо воқеъ буда, хонаҳои модарону кӯдакон, бачаҳои дар мактаб - интернатҳо ва сағирхонаҳо буда ва инчунин шахсони дар хонаҳои маъюбон ва пиронсолон, меҳмонхонаҳо ва муассисаҳои ба онҳо монанд истиқоматкунандаро, ҳисобчиёне, ки маъмурияти ин муассисаҳо ҷудо мекунанд, мегузаронанд.
4. Барӯйхатгирии аҳолии шаҳрҳо ва ноҳияҳое, ки алоқа бо онҳо дар моҳҳои январ - феврали соли 2010 душвор мегардад, дар мӯҳлатҳои мувофиқанамудаи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатm гузаронида мешавад. Давомнокm ва тартиби барӯйхатгирm барои ҳар як чунин ноҳия бо дарназардошти шароити маҳал аз тарафи Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
5. Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ" дар кори ба тартиб даровардани номи кӯчаҳо, рақами маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ ва манзилҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак расонда, иҷрои онро зери назорат мегирад.
6. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯмак намуда, ҷараёни дуруст ва пурра ба ҳисоб гирифтани аҳолиеро, ки дар маҳалҳои шаҳри зиндагӣ мекунад, зери назорат мегирад.
7. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии кайҳонӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Тоҷиккоинот, роҳбарии методиро дар тайёр намудани маводи нақшаю харитасозӣ ба мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ анҷом медиҳанд ва дар асоси дархостҳои онҳо нақшаҳои шаҳрҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳои калон, инчунин харитаҳои ноҳияҳоро барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ба миқдори зарурӣ нусхабардорӣ карда медиҳанд.
8. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инъикоси ҷараёни тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар воситаҳои ахбори умум мусоидат менамоянд.
9. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон", Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймони "Тоҷикистон" мунтазам қабул ва ба масъулон расонидани борҳоеро, ки барои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ фиристода мешаванд, таъмин менамоянд.
10. Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар навбати аввал ба масъулон расонидани муросилоти почтаю телеграфӣ, посилкаю бандеролҳоеро, ки бинобар тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва коркарди маводи он фиристода мешаванд, таъмин менамояд;
- дар давраи солҳои 2006-2012 гуфтугӯҳои телефонии байнишаҳрии вобаста ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва таҳияи маводи ҷамъбастии онро ба категорияи гуфтугӯҳои рамзӣ мансуб дониста, аз рӯи тарифи оддӣ ҳисоб мекунад.
11. Пурра намудани сафи кадрҳое, ки барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб мешаванд, аз рӯи тартиби зерин иҷро карда мешавад:
- меъёри миёнаи сарбории бақайдгирандагон барои тартиб додани рӯйхати манзилҳо дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳаҳои калон - 45 манзил дар як шабонарӯз;
- меъёри миёнаи сарбории ҳисобчиён дар маҳалҳои шаҳрҳо ва деҳаҳои калони иморатҳояшон зич ба рӯйхат гирифтани 350 нафар дар деҳот мувофиқаи - 450 нафар дар тамоми давраи барӯйхатгирӣ. Ғайр аз ин, 30 фоиз ҳисобчиёни эҳтиётие, ки музд намегиранд ва 5 фоиз ҳисобчиёне, ки музд мегиранд, дар назар дошта шудааст;
- дастурдиҳанда - назоратчии барӯйхатгирӣ дар маҳалҳои шаҳрҳо ба кори 4 - 5 ҳисобчӣ ва дар деҳот ба кори 4 ҳисобчӣ роҳбарӣ мекунад;
- ба шӯъбаҳои барӯйхатгирии маҳалҳои шаҳрҳо ба ҳисоби миёна 9 қитъаи дастурдиҳӣ ва дар деҳот 7 қитъаи дастурдиҳӣ дохил карда мешаванд;
- барои таҳияи маводи барӯйхатгирӣ ба коркарди автоматиконӣ ба ҳисоби миёна 50 нафар ба 1 млн. аҳолии барӯйхатгирифташуда сафарбар карда мешавад.
12. Шахсоне, ки ба тайёр ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда мешаванд, аз кори асосиашон дар корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо ба мӯҳлатҳои зерин озод карда мешаванд:
- бақайдгирандагон барои тартиб додани рӯйхатҳои хонаҳо дар маҳалҳои шаҳрҳо ва деҳаҳои калон - 12 рӯз;
- ҳисобчиён - 20 рӯз;
- дастурдиҳандаҳо - назоратчиён дар маҳалҳои шаҳрҳо - 29 рӯз, дар деҳот - 31 рӯз;
- мудирони шӯъбаи барӯйхатгирӣ ва ёрдамчиёни онҳо - 58 рӯз;
- муовинони сардорони шӯъбаҳои омори шаҳрҳо (ноҳияҳо) оид ба барӯйихаттирии аҳолӣ - 3,5 моҳ;
- ба кормандоне, ки барои таҳияи маводи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷиҳати коркарди автоматиконӣ ва барои коркарди автоматиконидаи маводи барӯйхатгири ҷалб карда мешаванд - аз моҳи март то моҳи август соли 2010.
Мӯҳлати тақвимиеро, ки дар он давра кормандон ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ҷалб ва аз ҷои кори асосиашон озод карда мешаванд, мақомоти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр (ноҳия) муқаррар менамояд.
13. Музди миёнаи меҳнати кормандоне, ки ба тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда мешаванд (аз ҷумла, мукофотпулиҳое, ки ба фонди музди меҳнат ва фонди ҳавасмандгардонии модди дохил мешаванд) дар ҷои кори асосиашон нигоҳ дошта мешавад. Ба бекороне, ки ба чорабиниҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб мешаванд, музди меҳнаташон мутобиқи тартиби пешбининамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2005 № 93 "Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои ташкил, шартҳои гузаронидан ва номгӯи корҳои ҷамъиятӣ" пардохт карда мешавад.
14. Музди меҳнати кормандон, донишҷӯён, шаҳрвандони машғули кор набуда ва бекорони дар хадамоти шуғли аҳолӣ ба қайд гирифташуда, ки ба барӯйхатгирии аҳолӣ ҷалб карда мешаванд, бо дарназардошти ҳаҷм ва сифати корҳои иҷронамуда ва вақти ба кори анҷомдодаашон сарфшуда, мутобиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июли соли 2006 № 312
тасдиқ шудааст
Ҳайати Комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010
Раиси Комиссия - Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси Комиссия - раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиби комиссия - Муовини раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директории Агентии сохтмон ва меъмории назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи оид ба корҳои занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармондеҳи Гвардияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон
Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр"
Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар"-и назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии "Хоҷагии манзилию коммуналӣ"
Директори Институти демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сардори Корхонаи воҳиди давлатии "Роҳи оҳани Тоҷикистон"
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раиси вилояти Суғд
Раиси вилояти Хатлон
Муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе