Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, № 190

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.12.2006 № 593 аз эътибор соқит дониста шуд

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2006 № 190

тасдиқ шудааст

Замима

бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 майи соли 2006 № 190

тасдиқ шудааст

Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Мукаррароти умумӣ

1. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳокимияти иҷроия буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ амалӣ менамояд. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ бевосита ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ мебошад.

2. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти худ мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур ва ҳамчунин созишномаҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамояд.

3. Ба манзумаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди созмонҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва минтақавӣ) (минбаъд - муассисаҳои хориҷӣ), мақомоти минтақавӣ - намояндагиҳои Вазорат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи он, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини фаъолияти Вазорат (минбаъд - ташкилотҳои тобеи Вазорат) созмон дода шудаанд, дохил мешаванд.

2. Вазифа ва функсияҳои асосии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Вазифаҳои асосии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:

- таҳияи стратегияи умумии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешкаш намудани пешниҳодҳои мувофиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №593

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 мая 2006 года №190

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

 от 3 мая 2006 года №190

Положение Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

1. Общее положение

1. Министерство иностранных дел Республики Таджикистан является органом исполнительной власти, осуществляющим государственное управление в области отношений Республики Таджикистан с иностранными государствами и международными организациями. В своей деятельности Министерство иностранных дел Республики Таджикистан непосредственно подчиняется Правительству Республики Таджикистан.

2. В своей деятельности Министерство иностранных дел Республики Таджикистан руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан, указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительства Республики Таджикистан, Концепцией внешней политики Республики Таджикистан, настоящим Положением, а также международными договорами Республики Таджикистан.

3. В систему Министерства иностранных дел Республики Таджикистан входят дипломатические представительства и консульские учреждения Республики Таджикистан, представительства Республики Таджикистан при международных (межгосударственных, межправительственных и региональных) организациях (далее именуемые - загранучреждения), территориальные органы - представительства Министерства на территории Республики Таджикистан, а также подведомственные ему предприятия, учреждения и организации на территории Республики Таджикистан, созданные для обеспечения деятельности Министерства (далее именуемые - организации, находящиеся в ведении Министерства).

2. Основные задачи и функции Министерства иностранных дел Республики Таджикистан

4. Основными задачами Министерства иностранных дел Республики Таджикистан являются:

- разработка общей стратегии внешней политики Республики Таджикистан и представление соответствующих предложений Президенту Республики Таджикистан;

- реализация внешнеполитического курса Республики Таджикистан, содействие осуществлению укреплению международного авторитета Республики Таджикистан;

...