Аҳднома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ва шарикӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки минбаъд Тарафҳои Аҳдкунанда номида мешаванд, анъанаҳои амиқи дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷавории байни халқҳои Тарафҳои Аҳдкунандаро ба асос гирифта,
Аҳдномаро дар бораи асосҳои муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки 12 июли соли 1996 ба имзо расидааст, дастури амал қарор дода,
бо саъю кӯшиш ба он ки ба ҳамкории гуногунҷабҳаи байнидавлатии Тарафҳои Аҳдкунанда сифати нав бахшанд,
бо бовари ба он ки таҳкими муносибатҳои ҳусни ҳамҷавори дар асоси эҳтироми мутақобила, боварӣ, ризоият ва баробарҳуқуқи заминаи зарурии инкишофи минбаъдаи ҳамкории дуҷонибаи гуногунҷабҳа ва ҷавобгӯи манфиатҳои аслии халқҳои Тарафҳои Аҳдкунанда мебошад,
дар ягонаги ба он ақида, ки таъсиси муносибатҳои шарики дар самтҳои ҳамкории мутақобилан мувофиқатшуда имконияти муттаҳид кардани ҷидду ҷаҳдро баҳри инкишофи иҷтимои ва иқтисодии Тарафҳои Аҳдкунанда медиҳад,
аз зарурати таъмиқи ҳамкории Тарафҳои Аҳдкунанда дар масъалаҳои таъмини амният ва суботи минтақави, истодагари алайҳи таҳдидҳо ва хатарҳои муосири амният бар омада,
садоқати худро ба меъёрҳо ва усулҳои эътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилали бори дигар таъкид намуда, дар хусуси зайл ба мувофиқат расиданд:
Моддаи 1
1. Тарафҳои Аҳдкунанда дар асоси усулҳои ҳусни ҳамҷавори, шарики ва фоидаи мутақобила бо мақсадҳои пешрафти минбаъда, фаъолнок гардонидан ва такмили шакл ва механизмҳои ҳамкории бисёрҷониба дар соҳаҳои сиёси, иқтисоди, ҳарби, иҷтимои, илми, технологи, фарҳанги, гуманитари ва ғайра муносибатҳои гуногунҷабҳаи худро инкишоф медиҳанд.
2. Тарафҳои Аҳдкунанда бо таҳкими ҳамдигарфаҳми ва дӯстии байни халқҳои ҳар ду давлат мусоидат мекунанд.
Моддаи 2
1. Ҳамкории байни Тарафҳои Аҳдкунанда дар асоси усулҳои риояи баробарии ҳуқуқии давлатҳо, истиқлолият, дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар, фоидаи мутақобила, ихтиёри ва иҷрои софдилонаи ӯҳдадориҳои ба зиммашон гирифта сурат мегирад.
2. Тарафҳои Аҳдкунанда баҳри таъмини амнияти байналмилали, пешгирии низоъҳо ва риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали дар муносибатҳои байни давлатҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.
Моддаи 3
Тарафҳои Аҳдкунанда дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилали, ки онҳо аъзояшон мебошанд, пеш аз ҳама дар Созмони Милали Муттаҳид, ҳангоми зарурат, бо мақсади ҳарчи бештар наздик кардани мавқеъҳои худ ва таъмини татбиқи ҳарчи самараноктари тадбирҳои дар чорчӯбаи ин созмонҳо андешидашаванда ба ҳамдигар машварат мекунанд.
Моддаи 4
Тарафҳои Аҳдкунанда аз рӯи масъалаҳо ва проблемаҳои асосии байналмилали, ки мавриди эҳтимоми тарафайн қарор гирифтаанд, ҳамкори карда, машваратҳои дахлдор мегузаронанд.
Моддаи 5
Тарафҳои Аҳдкунанда ӯҳдадор мешаванд, ки ба истифодаи қаламрави худ аз ҷониби давлатҳои дигар ва ё гурӯҳҳои шахсони алоҳида бо мақсади таҷовузи мусаллаҳона ва дигар фаъолияти душманона, ки бар зидди Тарафи Аҳдкунандаи дигар равона гардидааст, роҳ надиҳанд.
Моддаи 6
Дар сурати ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба ақидаи яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда хатари таҳдид ба сулҳ ё вайрон кардани онро дар бар мегирад ё манфиатҳои асосии амнияти онро халалдор менамояд, ин Тарафи Аҳдкунанда бо мақсади муқаррар намудани мавқеи умуми нисбати механизмҳои танзими ҳолати мазкур метавонад ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар бо илтимоси таъҷилан гузаронидани машваратҳо муроҷиат намояд.
Моддаи 7
Тарафҳои Аҳдкунанда оид ба масъалаҳои таҳкими субот, ороми ва татбиқи тадбирҳои бовари дар минтақаи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон зич ҳамкори менамоянд.
Моддаи 8
Тарафҳои Аҳдкунанда тибқи шартномаҳои байналмилалие, ки онҳо аъзояшон мебошанд, дар соҳаи ҳарби зич ҳамкори менамоянд.
Моддаи 9
Тарафҳои Аҳдкунанда дар мубориза бар зидди терроризми байналмилали, экстремизм, ҷинояткории муташаккил, гардиши ғайриқонунии маводи нашъа, муҳоҷирати ғайриқонуни ва дигар таҳдидҳо ва хатарҳои муосири амнияти милли зич ҳамкори менамоянд.
Барои ин мақсадҳо Тарафҳои Аҳдкунанда ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи худро ба роҳ мемонанд.
Моддаи 10
Тарафҳои Аҳдкунанда аҳамияти ҳифзи муҳити зистро дарк намуда, дар ин соҳа зич ҳамкори менамоянд ва ӯҳдадор мешаванд, ки ба тавсеаи амалҳои муштарак дар сатҳҳои байналмилали ва минтақави мусоидат намоянд.
Моддаи 11
Тарафҳои Аҳдкунанда барои таъмиқи ҳамгироии иқтисодии мутақобила шароит фароҳам меоранд.
Моддаи 12
1. Тарафҳои Аҳдкунанда дар соҳаи истифодаи оқилона ва мутақобилан муфиди объектҳои оби, захираҳои обию барқи ва иншоотҳои хоҷагии об мутобиқи шартномаҳои байналмилали, ки онҳо аъзояшон мебошанд, амалҳои мувофиқатшударо анҷом медиҳанд.
2. Тарафҳои Аҳдкунанда ҷиҳати наздик кардани мавқеи худ оид ба масъалаҳои обу барқ дар минтақа, бо назардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилали, қонунгузории милли ва манфиатҳои Тарафҳои Аҳдкунанда машваратҳо ва гуфтушунидҳои дуҷониба доир мекунанд.
Моддаи 13
1. Тарафҳои Аҳдкунанда ҳамкориро дар соҳаи маориф, фарҳанг, илм ва техника инкишоф ва амиқ гардонида, ба тайёр кардани кадрҳо аҳамияти махсус медиҳанд.
2. Тарафҳои Аҳдкунанда ба таҳияи мунтазами барномаҳои муштарак дар соҳаи маориф, фарҳанг, илм ва техника, ки дар онҳо бо иштироки мақомоти дахлдори Тарафҳои Аҳдкунанда шартҳои амали гардонидани ҳамкориашон муайян карда мешаванд, мусоидат менамоянд.
3. Тарафҳои Аҳдкунанда робитаҳои мустақими байни таълимгоҳҳои оли, марказҳои тадқиқоти ва муассисаҳои фарҳангии ду давлатро ҳавасманд мегардонанд.
Моддаи 14
Тарафҳои Аҳдкунанда ба ҳамкории байни мақомоти судии ҳарду давлат, аз ҷумла оид ба расонидани ёрии ҳуқуқи аз рӯи парвандаҳои шаҳрванди, оилави ва ҷинояти мусоидат менамоянд.
Моддаи 15
Тарафҳои Аҳдкунанда ба таъмиқ ва тавсеаи ҳамкории парламентҳои ҳар ду давлат мусоидат менамоянд.
Моддаи 16
Ин Аҳднома ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Тарафҳои Аҳдкунандаро, ки аз дигар шартномаи байналмилали бармеоянду онҳо аъзояшон мебошанд, халалдор намекунад ва бар зидди ягон давлати сеюм равона намегардад.
Моддаи 17
Тарафҳои Аҳдкунанда бо мақсади татбиқи муқаррароти ин Аҳднома шартномаҳои дигарро ба имзо мерасонанд.
Моддаи 18
Баҳсҳо ҷиҳати тафсир ва татбиқи муқаррароти ин Аҳднома бояд бо роҳи гузаронидани машваратҳо ва гуфтушунидҳои байни Тарафҳои Аҳдкунанда ҳаллу фасл гарданд.
Моддаи 19
Бо розигии мутақобилаи Тарафҳои Аҳдкунанда ба ин Аҳднома мумкин аст тағйироту иловаҳо, ки бо Протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, ҷузъи ҷудонопазири ин Аҳднома ба ҳисоб рафта, бо тартиби дар моддаи 21 ин Аҳднома пешбинишуда эътибор пайдо мекунанд, ворид карда шаванд.
Моддаи 20
Мутобиқи моддаи 102 Оинномаи СММ ин Аҳднома дар Котиботи СММ бояд ба қайд гирифта шавад.
Моддаи 21
Ин Аҳднома бояд тасдиқ гардад ва аз рӯзи гирифтани огоҳиномаи хаттии охирин дар бораи тасдиқи он аз ҷониби Тарафҳои Аҳдкунанда эътибор пайдо мекунад.
Ин Аҳднома ба мӯҳлати номуайян баста мешавад ва то лаҳзаи гузаштани дувоздаҳ моҳ аз рӯзе, ки яке аз Тарафҳои Аҳдкунанда ба Тарафи Аҳдкунандаи дигар огоҳиномаи хатти дар бораи нияти худ ҷиҳати қатъ гардонидани амали он равон кардааст, амал мекунад.
Аҳднома дар шаҳри Душанбе 26 майи соли 2004 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом ба забонҳои тоҷикӣ, қирғизи ва русӣ ба имзо расид.
Дар мавриди ба миён омадани ихтилофот ҳангоми тафсири муқаррароти ин Аҳднома Тарафҳои Аҳдкунанда ба матни забони русӣ муроҷиат мекунанд.
Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Имзо) |
Аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон