ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2005"
Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2004 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, № 12, қисми 1, моддаи 702; соли 2005, № 6, моддаи 356, моддаи 357) қисми панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мазути камсулфур ба миқдори 25000 тонна, ки Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи "Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе" ворид менамояд, аз андози аксизи ва андоз аз арзиши иловашуда озод карда шавад.".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 апрели соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
14 ноябри соли 2005 № 111