Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Масъалаҳои лицейҳои Тоҷикистону Туркия
Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Фаъолияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ташкили лицейҳои муштараки Тоҷикистону Туркия маъқул дониста шавад.
2. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими аснод ва бақайдгирии лицейҳои муштараки дар солҳои 1992-1993 ташкилёфта ва дар оянда ташкилшавандаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассоциацияи "Озал Шалола" ,и Ҷумҳурии Туркияро анҷом диҳад.
3. Кумитаи иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Дар мавриди амалӣ намудани қарордоду шартномаҳои бо ассоциацияи "Озал Шалола" ба имзо расида чораҳо андешанд;
тадбирҳои ташкилӣ ва амалиро андешанд, ки то оғози соли таҳсили 1994-1995 дар шаҳрҳои Кӯрғонтеппаю Кӯлоб ва то шурӯи соли 1995-1996 дар шаҳрҳои Хоруғу Хуҷанд яктоӣ лицей Тоҷикистону Туркия сохта шавад, масъалаҳои ҷудо кардани биноҳои заруриро ҷиҳати ташкил намудани лицейҳо, ҷиҳозонидан, муҳайё сохтани шароити таълиму тарбия ва бо ҷои хоб таъмин кардани хонандагонро сари вақт ҳаллу фасл намоянд;
ҷараёни таҳсилро дар лицейҳо мутобиқи нақшаи таълимии тартибдодаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳое, ки мувофиқи талаботи меъёрҳои Байналхалқи ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" омода шудаанд, ташкил намоянд;
ҳайати лицейҳоро дар якҷоягӣ бо Ассоциацияи "Озал Шалола" дар асоси ҳаҷми барномаи мактабҳои миёнаи маълумоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули тест муайян кардани сатҳи дониши ҷавонони лаёқатнок такмил намоянд.
4. Концяернщои "Хизмат", "Тоҷикистон", "Саноати маҳаллӣ"якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду моҳ навъи либоси хонандагони лицейро бо рамзи Тоҷикистон муайян карда, мутобиқи дархости Ассоциацияи "Озал Шалола" ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дӯхти онро таъмин намоянд.
"Тоҷиклегпромсырьё" мутобиқи дархости Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин мақсад маҳсулоти зарурӣ диҳад.
5. кумитаи иҷроияи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз шаҳру ноҳияҳо пеш аз ҳама масъалаи бо хӯроки гарм, таҷҳизот ва асбобу анҷом таъмин намудани лицейҳоро таъмин намоянд.
...