Замимаи 8
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 209
Замимаи 8
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 6 июни соли 2005 № 209
Қоидаҳои хизматрасониҳои хӯроки умумӣ
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.08.2007с. № 419)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 36 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон" тартиб дода шуда, муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва иҷрокунандагонро дар соҳаи хизматрасониҳои хӯроки умуми танзим менамояд.
2. Таҳти унвони истеъмолкунанда шахси воқеи ё ҳуқуқие, ки ният дорад мол (иҷрои кор, хизматрасони)-ро фармоиш диҳад ё харидори намояд ё худ онҳоро танҳо барои эҳтиёҷоти шахси, оилави, рӯзгор ва ғайра, ки бо анҷом додани фаъолияти соҳибкори алоқаманд намебошанд, истифода намояд.
Таҳти унвони иҷрокунанда ташкилоте, ки новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии он, инчунин соҳибкори инфиродие, ки ба истеъмолкунандаи хӯроки умуми хизмат мерасонад, дониста мешавад.
3. Хизматрасониҳои хӯроки умуми (минбаъд - хизматрасоинҳо) дар тарабхонаҳо, кафе, барҳо, ошхонаҳо, маҳалли харид ва ҷойҳои дигари хӯроки умуми, ки навъу табақаашон (дараҷаашон) мутобиқ ба талаботҳои муайян кардаи Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар талаботҳо мебошад, анҷом мегиранд
4. Низоми кории иҷрокунандаи - ташкилоти давлати бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати муқаррар мегардад.
Низоми кории иҷрокунанда - ташкилоти дорои шакли дигари ташкилию ҳуқуқи, инчунин соҳибкори инфироди ба таври мустақилона аз ҷониби худашон бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлати муқаррар мегардад.
...