Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 19 сентябри соли 2005 № 354
тасдиқ шудааст
Оинномаи муассисаи давлатии "Маркази татбиқи лоиҳаи бақайдгирӣ ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзӣ"
1. Муқаррароти умумӣ
1. Муассисаи давлатии "Маркази татбиқи Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи" (минбаъд - Марказ) сохтори мустақили махсусгардонидашуда буда, ҳамоҳангсози ва идораи маблағҳои Лоиҳаро, ки тибқи Созишномаи гранти, ки байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиасияи рушди байналмиллали ба имзо расидааст ва аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳони ҷиҳати бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи пешниҳод шудааст, анҷом медиҳад.
2. Марказ фаъолияти худро мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, созишномаҳои байналмилалии баимзорасида, тавсияҳои Бонки Умумиҷаҳони ва ҳамин Оиннома амали менамояд.
3. Марказ шахси мустақили ҳуқуқи ва ташкилоти ғайритиҷорати буда, мутобиқи қонунгузори дорои амволи ҷудогона, баланси мустақил, дар муассисаҳои бонки ҳисобҳои пардохт, мӯҳр, штамп ва варақаҳо бо сабти номи худ дорад.
4. Марказ фаъолияти худро дар давраи татбиқи Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи анҷом медиҳад.
5. Маҳали ҷойгиршавии Марказ: 734067, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, шаҳраки Гипрозем-15.
II. Мақсад ва мазмуни фаъолияти марказ
6. Мақсадҳои асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:
- таҳияи ҳуҷҷатҳои зарури, аз ҷумла техникию иқтисоди, фароҳамоварии шароит барои татбиқи самарабахши Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи;
- таъмини истифодаи мақсаднок ва самарабахши гранти Бонки Умумиҷаҳони, ки барои Лоиҳаи бақайдгири ва системаи кадастри замин баҳри тараққиёти устувори соҳаи кишоварзи ҷудо гардидааст;
- фароҳам овардани хизматрасонии кишоварзи тавассути таҷдиди корхонаҳои кишоварзи, гузаронидани корҳои бақайдгири ва кадастри замин, дастраси ба техникаю технологияи замонави, гузаронидани корҳои ташвиқоти дар байни аҳоли оид ба таҷдиди корхонаҳои кишоварзи, гузаронидани корҳо оид ба барқарорсозии шабакаҳои обёрикунии дохили хоҷаги, гузаронидани маҷмӯи тадбирҳо оид ба мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзи, ташкили сохторҳои минтақави барои бақайдгирии заминистифодабарандагон бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоатии аҳоли дар минтақаҳои татбиқи Лоиҳа.
7. Мазмуни асосии фаъолияти Марказ аз инҳо иборатанд:
- ба роҳ мондани ҳамоҳангсози ва таъмини шароити кори барои коршиносон-машваратчиён ҷиҳати татбиқи Лоиҳа;
- гузаронидани тендерҳо, арзёбии пешниҳодоти манзургардида ва бастани қарордодҳо;
- хариди молу хизматрасони тибқи қонунгузори ва расмиёти Бонки Умумиҷаҳони, таҳияи барномаҳои кори ва буҷети Лоиҳа;
- анҷом додани мониторинг ва назорати сифати корҳои иҷрошаванда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррароти Бонки Умумиҷаҳони;
- анҷом додани фаъолияти хориҷии иқтисоди ва робитаҳои байналмилалие, ки барои иҷрои вазифаҳои татбиқи Лоиҳа нигаронида шудаанд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори иҷрои дигар фаъолияте, ки барои ҳалли масъалаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда заруранд.
III. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Марказ
8. Марказ ҳуқуқ дорад:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонун амволи таҳти ҳуқуқи пурраи идоракунии оперативии ба он таалуқдоштаро соҳиби, истифодабари ва ихтиёрдори кунад;
- тендерҳо доир намояд ва арзёбии пешниҳодоти манзургардидаро ба анҷом расонад, машваратчиён ва мутахассисони байналмилали ва маҳаллиро ба кироя гирад, шартномаҳо (қарордодҳо) баста, дигар амалҳои ҳуқуқиро анҷом диҳад, ҳуқуқҳои амволи ва ғайриамволиро ба даст орад, дар суд ба сифати даъвогар ва ҷавобгар иштирок кунад;
- мустақилона фаъолияти ҷори ва дурнамои Марказро ташкил намояд:
- дар муассисаҳои бонкии ҷумҳури ҳисобҳои пардохт ва асъори кушояд;
- Лоиҳаи мазкурро маблағгузори намояд, мониторинг ва арзёбии ҷараёни иҷрои корҳоро таъмин намояд;
- барои эҳтиёҷоти татбиқи Лоиҳа харидории молу таҷҳизоти заруриро анҷом диҳад.
9. Марказ ӯҳдадор аст:
- барои кормандон шароити бехатари меҳнатро фароҳам оварад, риояи кафолати ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки давлат муқаррар намудааст таъмин намояд ва тибқи тартиби муқаррарнамуда барои зиёне, ки ба саломати ва қобилияти меҳнатии онҳо расонида шудааст, масъулиятро ба зимма дошта бошад;
- баҳисобгирии фаврию муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагиро анҷом диҳад, ҳуҷҷатҳои оморию муҳосибавиро пеш барад;
- оид ба воридшави, азхудкунии маблағҳо ва ҷараёни татбиқи Лоиҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони ҳисоботи ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солонаро пешниҳод намояд.
IV. Манбаъҳои ташаккули маблағҳои амвол
10. Маблағҳои Марказ аз манбаъҳои зайл ташаккул меёбанд:
- саҳмҳои молияви ва моддие, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи Лоиҳа ҷудо менамояд;
- гранти Бонки Умумиҷаҳони, ки барои татбиқи Лоиҳа пешниҳод шудааст;
- грантҳое, ки давлатҳои хориҷи ва созмонҳои байналмилали барои татбиқи Лоиҳа ҷудо менамоянд;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
11. Маблағҳои молиявии Марказ бояд мутобиқи шартҳои дар созишномаи гранти пешбинигардида истифода бурда шаванд.
12. Марказ дар ихтиёри худ иморат, биноҳои ёрирасон ва дигар иншоот, таҷҳизот, асбобу анҷом ва дигар амвол бо ҳуқуқи ихтиёрдории оперативи, ки барои таъмини фаъолияти пешбининамудаи ҳамин Оиннома зарур мебошанд, дорад.
V. Идораи фаъолияти Марказ
13. Шахси мансабдори олии Марказ Директор мебошад, ки бо пешниҳоди Раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки Умумиҷаҳони аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
14. Ба салоҳияти Директори Марказ инҳо мансубанд:
- ташкили роҳбарии умуми дар тамоми давраи фаъолияти Марказ;
- намояндагии манфиатҳои Марказ дар ташкилотҳои давлати, ғайридавлати ва байналмилали;
- тасдиқи ҷадвали штати, сохтор, сметаи хароҷоти Марказ, андозаи музди меҳнати кормандон бо мувофиқаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони;
- бастани шартномаҳо (қарордодҳо) ва анҷом додани амалҳои дигар дар доираи татбиқи Лоиҳа;
- ихтиёрдории амвол ва воситаҳои Марказ, додани ваколатномаҳо, имзо намудани ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷаги мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муқаррариёти Бонки Умумиҷаҳони;
- пешниҳоди ҳисоботҳои Марказ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони;
- дар доираи салоҳияти худ баровардани фармону супоришҳо, ки иҷрои онҳо аз ҷониби кормандони Марказ ҳатми мебошанд;
- кушодани ҳисобҳои пардохт ва дигар ҳисобҳои Марказ дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои Марказ ва бахшҳои он;
- таъин ва аз вазифа озод намудани кормандони дастгоҳи маркази ва бахшҳои он;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати Марказ анҷом додани дигар амал.
15. Директори Марказ фаъолияти хешро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Оиннома анҷом медиҳад. ӯ дар фаъолияти худ дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони ҳисоботдиҳанда мебошад.
16. Директори Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъуляти шахси дошта, дараҷаи масъулияти кормандони Марказро мутобиқи ҳамин Оиннома ва ӯҳдадориҳои вазифавии ҳар як корманд муқаррар менамояд.
VI. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ
17. Баҳисобгирии муҳосибави ва ҳисоботдиҳии Марказ мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мутобиқи стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибави, дастурҳо ва муқаррариёти Бонки Умумиҷаҳони пеш бурда мешавад.
18. Натиҷаҳои фаъолияти Марказ дар ҳисоботҳои ҳармоҳа, семоҳа, нимсола ва солона, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҳамоҳангсозии кӯмаки берунаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳони пешниҳод карда мешаванд, инъикос мегарданд.
19. Аудитҳои молияви ва техникии Марказ аз ҷониби аудиторҳои мустақил, ки тибқи расмиёти муқаррарнамудаи Бонки Умумиҷаҳони интихоб шудаанд, анҷом дода мешаванд.
20. Соли молияви аз 1 январ оғоз гардида, 31 декабр хотима меёбад.
VII. Тартиби ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Оинномаи Марказ
21. Ба Оинномаи Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда мешаванд.
VIII. Қатъи фаъолияти Марказ
22. Азнавташкилдиҳи (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ва барҳамдиҳии Марказ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.