Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз 1 сентябри соли 2005, № 342

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 2005 № 342

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 сентябри соли 2005 № 342

тасдиқ шудааст

Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ

1. Қоидаҳои умумӣ

1. Қоидаҳои ҷудо кардани қитъаҳои замин барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (минбаъд - қоидаҳо) тартиби пешниҳод ва баррасӣ кардани дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи ҷудо кардан ва мусодира намудани қитъаҳои замин аз ҳамаи намудҳои заминҳо ва заминистифодабарандагон, ба ғайр аз мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигарро пешбинӣ кардааст, муқаррар менамояд.

2. Додан ва мусодираи қитъаҳои замин бо тартиби ҷудо кардани он мутобиқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҷудо кардани қитъаҳои замин дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё қарори раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мувофиқи салоҳияташон амалӣ мегардад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия (шаҳр) барои интихоби қитъаи замин дар ҳайати зерин комиссия таъсис медиҳад:

- муовини раиси ноҳия, шаҳр, мутасаддии соҳаи кишоварзи (раиси комиссия);

- кумитаи заминсозии ноҳия (шаҳр)

- меъмори ноҳия (шаҳр);

- мақомоти назорати санитари ва хадамоти оташнишонӣ;

...

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "1" сентября 2005 года № 342

Утверждено

 постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от "1" сентября 2005 года № 342

Правила об отводе земельных участков для физических и юридических лиц

I. Общее положение

1. Настоящее Правило устанавливает порядок представления и рассмотрения ходатайство физических и юридических лиц о предоставлении и изъятии земельных участков из земель, независимо в чьем пользовании они находятся, кроме случаев, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

2. Предоставление и изъятие земельных участков производится в порядке отвода в соответствии с Земельным кодексом Республики Таджикистан. Отвод земельных участков, производится на основании постановления Правительства Республики Таджикистан, либо решением Председателя области, города и районов в соответствии компетенции.

Орган местной государственной власти района (города) для выбора земельного участка создает комиссию в составе:

- заместитель председателя района, города, курирующий сельское хозяйство (председатель комиссии);

- комитет по землеустройству района (города);

- архитектор района (города);

- орган санитарного и пожарного надзора;

- орган охраны окружающей среды и лесного хозяйства;

...