ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ БУҶЕТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2005"
Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2004 "Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2005" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 702) қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Дар соли 2005 воридоти молҳо барои ташаккул додан ва пур кардани Фонди захиравии моддии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҳисоби Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мегарданд, тибқи номгӯй ва ҳаҷми муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси хулосаи мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои ташаккул ва хизматрасонии Фонди мазкур, аз андоз аз арзиши иловашуда, андози аксизӣ ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд".
Моддаи 2. Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
25 июни соли 2005 № 96