Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июли соли 2005 № 97 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст, (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 9, мод 68, мод. 69; № 22, мод. 306; соли 1999, № 12, мод. 316; соли 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; соли 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; соли 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; соли 2004, № 5, мод. 346; № 7, мод. 453; соли 2005, № 3, мод. 126) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Моддаи 259(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 259(1). Истеҳсол ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда

1. Истеҳсол, ба даст овардан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани мол ва маҳсулоти тамғаношуда ки ҳатман бояд бо маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқатии аз сохтакори муҳофизатшаванда тамға карда шаванд, агар он ба миқдори калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор агар:

а) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ ва ё гурӯҳи муташаккил;

б) ба миқдори махсусан калон содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

2. Дар эзоҳи моддаи 260 баъд аз рақами "259" рақами "259(1)" илова карда шавад.

3. Моддаи 340(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"Моддаи 340(1). Сохтакорона тайёр кардан, ба муомилот баровардани маркаҳои боҷи аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқат ва ё истифодаи онҳо

1. Сохтакорона тайёр кардан бо мақсади муомилот ё ба муомилот баровардани маркаҳои аксизӣ, маркаҳои махсус ё аломатҳои мутобиқати муҳофизатшаванда ва ё истифодаи онҳо,

бо ҷарима ба андозаи аз панҷсад то як ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.

2. Ҳамин кирдор, агар бо маслиҳати пешакӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос ва ё гурӯҳи муташаккил содир шуда бошад,

бо ҷарима ба андозаи аз як то ду ҳазор маоши ҳадди ақал бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озоди ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

25 июли соли 2005 № 97