ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ МАЪЮБОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1.
Дар банди 2 моддаи 38 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 1991 "Дар бораи ҳимояи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, №3, мод. 32; соли 1994, №2, мод. 50; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, мод. 261; соли 2004, №2, мод. 40) калимаҳои "ба миқдори 36 рӯзи корӣ" ва "ба миқдори 24 рӯзи корӣ" мутобиқан ба калимаҳои "бо давомнокии 42 рӯзи тақвимӣ" ва "бо давомнокии 35 рӯзи тақвимӣ" иваз карда шаванд.
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
1 марти соли 2005 № 92
ш. Душанбе
1 марти соли 2005 № 92
...