Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ
Мутобиқи моддаи 5 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бинобар таъсиси ноҳияҳои нав, таҷдиди сохтори хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дар замннаи онҳо таъсис додани хоҷагиҳои деҳқонӣ, инчунии тағйирёбии саршумори чорвои ҷамъиятию шахсӣ, бо мақсади дар оянда самаранок ва оқилона истифода бурдани чарогоҳҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Тақисимоти чарогоҳҳои мавсимӣ байни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мутобиқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо чарогоҳҳои мавсимиро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар заминистифодабарандагон вобаста намоянд.
3. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи роҳҳои чорвогузар, майдонҳои хӯрокдиҳии чорворо мувофиқи таъинот таъмин намояд.
4. Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон заминҳои истифодаи дарозмӯҳлати дар Фонди давлатии ҷангал бударо, ки ба корхонаҳои хоҷагии ҷангал вобаста карда мешаванд, дар асоси шартномаҳо бо хоҷагиҳои кишоварзӣ истифода барад, ба таъмини пардохти андози заминҳо мусоидат намояд.
5. Қарорҳои зерин аз эътибор соқит дониста шаванд:
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 1993 № 223 "Дар бораи аз нав тақсимкунии чарогоҳҳои мавсимӣ байни вилоятҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ";
қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 1994 № 168 "Дар бораи қисман тағйир додани тақсимоти чарогоҳҳои мавсимӣ байни ноҳияҳои Ҳисор ва Ленини ҷумҳурӣ".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 6 июни соли 2003 № 249
ш. Душанбе