Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004, № 457 "Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 02.12.2005с. № 470 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи ба тартиб даровардани гузаронидани ҳаҷ

Бо мақсади ба тартиб даровардан ва беҳтар намудани сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Тартиби ягонаи сафари шаҳрвандон ба ҳаҷ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ҳар сол гурӯҳи кориро ба Мамлакати Арабистони Сауди барои бастани шартнома оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ фиристонад;

- қаблан шумораи ҳаҷравандагонро мутобиқи миқдори аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо дар ҳаҷми квотаи муқаррарнамудаи Мамлакати Арабистони Сауди, ба маълумоти Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонад.

3. Ташкил ва гузаронидани ҳаҷи умра низ танҳо ба салоҳияти Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл дошта, он дар давоми сол баробари ворид гаштани аризаи шаҳрвандон барои анҷоми он дар асоси муқаррароти дохилии Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

4. Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарту тартиби адои маносики ҳаҷро бо истифодаи воситаҳои ахбори умум фаҳмонда диҳад.

5. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи ҳуҷҷатҳои заруриро барои муташаккилона гузаронидани ҳаҷ таъмин намуда, барои фиристодани гурӯҳҳои кори ба Мамлакати Арабистони Сауди мусоидат намояд.

6. Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии "Тоҷикистон" танҳо бо мувофиқаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии ҳоҷиёнро таъмин намояд.

7. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои ҳоҷиёнро ҳамчун мусофирати хусуси ба сафари хориҷа дар навбати аввал анҷом диҳад.

8. Ҳамаи хароҷот оид ба ташкил ва гузаронидани ҳаҷ нисбати шаҳрвандоне, ки хоҳиши ҳаҷ карданро доранд, аз ҳисоби онҳо ба воситаи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

...

           Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 02.12.2005г. №470

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об упорядочении проведения хаджа

В целях упорядочения и улучшения поездки граждан в хадж Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить единый порядок поездки граждан в хадж (прилагается).

2. Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан:

-ежегодно направлять рабочую группу в Королевство Саудовской Аравии для заключения договора об организации и проведении хаджа;

-определять количество паломников пропорционально численности населения Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов в пределах установленной квоты, определяемой Королевством Саудовской Аравии и доводить до сведения председателей Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов и Министерства внутренних дел Республики Таджикистан.

3. Организация и проведение хадж-умра в течение года также входит исключительно в компетенцию Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан и регулируются внутренними предписаниями Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан по мере поступления заявлений граждан для его совершения.

4. Комитету по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Комитетом по телевидению и радиовещанию при Правительстве Республики Таджикистан разъяснять условия и порядок совершения хаджа через средства массовой информации.

5. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан по представлению Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить своевременную подготовку документов, необходимых для организованного проведения хаджа и оказывать содействие отправке рабочих групп в Королевство Саудовской Аравии.

6. Государственному унитарному авиапредприятию "Точикистон" исключительно по согласованию с Комитетом по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить обслуживания паломников.

7. Министерству внутренних дел Республики Таджикистан по представлению Комитета по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан осуществлять первоочередное оформление выездных документов паломников, как совершающих частные зарубежные поездки.

8. Все расходы по организации и проведению хаджа в отношении граждан, желающих совершить хадж, осуществляются за их счет, и оплачиваются через Комитет по делам религии при Правительстве Республики Таджикистан.

...