Низомномаи тартиби барасмиятдарорӣ ва додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин аз 3 декабри соли 2004, № 478

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.07.2009с. № 374 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2004 № 478

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 3 декабри соли 2004 № 478

тасдиқ шудааст

Низомномаи тартиби барасмиятдарорӣ ва додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин

Ин Низомнома ҷиҳати иҷрои моддаҳои 6 ва 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади барасмиятдарори ва додани (иваз намудани) Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин таҳия карда шудааст.

1. Мутобиқи моддаи 17 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи истифодаи замин Сертификат ҳуқуқи истифодаи замин ба шумор рафта, миқдори саҳми заминро Шаҳодатномаи саҳми замин муайян мекунад.

2. Мутобиқи моддаи 6 Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин аз тарафи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он дар маҳалҳо дода мешавад.

3. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ва Шаҳодатномаи саҳми замин бо забони давлати дар як нусха тартиб дода шуда, ба истифодабарандаи замин дода мешавад. Бланкаи Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар қоғази дорои Нишони давлати ва Шаҳодатномаи саҳми замин бошад, дар қоғази оддии ҳаҷми 150 х 210 мм. тайер карда мешавад.

Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин муқоваи картонии чармини сунъии ранги кабуд, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва матни "Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин" дорад.

4. То супоридани Сертификат ҳуқуқи истифодаи замин, ҳуҷҷатҳои дар ихтиёри истифодабарандагони замин мавҷудбудаи ҳуқуқи истифодаи замин (Санади давлатии ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлат, мӯҳлатнок ё истифодаи меросии якумра) ба мӯҳлати муайян эътибор доранд.

5. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати Сертификати ҳуқуқи истифодаи замни аз ҷониби Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда мешавад.

6. Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин дар асоси лоиҳаҳои танзими замини байнихоҷаги (маводҳои танзими замин доир ба додани қитъаҳои замин бо мақсадҳои маьлум), ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати тасдиқ карда шудаанд, таҷдид мегарданд ва асоси пур намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таҳияи нақшаи ҳудуди заминистифодабари ба ҳисоб меравад.

...

Утратило силу в редакции Пстановления Правительства РТ от 2.07.2009г. №374

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 декабря 2004 года № 478

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

 от 3 декабря 2004 года № 478

ПОЛОЖЕНИЕ О ПОРЯДКЕ ОФОРМЛЕНИЯ И ВЫДАЧИ СЕРТИФИКАТА НА ПРАВО ПОЛЬЗОВАНИЯ ЗЕМЛЕЙ И СВИДЕТЕЛЬСТВО НА ЗЕМЕЛЬНЫЙ ПАЙ

Настоящее положение разработано с целью выполнения статей 6 и 17 Земельного кодекса Республики Таджикистан для установления порядка оформления и выдачи (замены) Сертификата на право пользования землей и Свидетельства на земельный пай.

1. В соответствии со статьей 17 Земельного кодекса Республики Таджикистан документом, удостоверяющий права пользования землей, являются Сертификат на право пользования землей, а количество земельного пая определяется Свидетельством на земельный пай.

Единая форма Сертификата на право пользования землей и Свидетельств на земельный пай для Республики Таджикистан утверждена постановлением Правительства Республики Таджикистан от 27 июля 1998 года №244.

2. В соответствии со статей 6 Земельного кодекса Республики Таджикистан Сертификат на право пользования землей выдаётся Государственным комитетом Республики Таджикистан по землеустройству, и его органами на местах.

3. Сертификат на право пользования землей и Свидетельство на земельный пай составляется в единственном экземпляре на государственном языке и предоставляется землепользователю. Бланк Сертификата на право пользования землей изготавливается на гербовой бумаге.

Свидетельство на земельный пай на обычной бумаге, (размером150х210 мм). Сертификат на право пользования землей выдаваемый землепользователю имеет картонную покрытию ледерином синего цвета обложку с тиснением Государственного герба Республики Таджикистан и текста "Сертификат на право пользования землей".

4. До выдачи землепользователю Сертификата на право пользования землей, имеющийся у него документ на право пользования землей (Государственный акт на право бессрочного, срочного или пожизненно-наследуемого пользования), на определенный срок является действительным.

5. На основании Постановления Правительства Республики Таджикистан и решения местного исполнительного органа государственной власти, Государственным комитетом Республики Таджикистан по землеустройству оформляется Сертификат на праве пользования землей.

...