Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали солди 1998, № 69 "Дар бораи ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 27.02.2010

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 25.01.2017 № 43 аз эътибор соқит дониста шуд.  

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи ҷорӣ кардани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 104)

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 27.02.2010 № 104)

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се навъи шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад: дипломатӣ, хидматӣ ва умумишаҳрвандӣ.

2. Намунаҳои замимашудаи ин шиносномаҳо тавсиф, таснифоти техникӣ ва ҳимояи технологии онҳо тасдиқ ва истифодаи онҳо аз 1 апрели соли 1998 ҷорӣ карда шавад.

Додани шиносномаҳо бо рамзи ИҶШС аз лаҳзаи ҷорӣ намудани шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ мегардад.

3. Шиносномҳои дипломатӣ хидматӣ ва умумишаҳрвандии бо рамзи ИҶШС додашуда то 31 декабри соли 1998 дорои эътибор дониста шаванд.

4. Ҳамаи навъҳои шиносномаҳои хориҷӣ, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд ва дар хориҷа қарор дорад то бозгашти онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои эътибор дониста шаванд,

5. Низомномаи замимашудаи шиносномаҳои хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.

6. Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ лоиҳаи дастуруламал дар бораи тартиби додани шиносномаҳои хориҷиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

7. Бо мақсади пушонидани хароҷоти истеҳсоли шиносномаҳои хориҷӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хароҷотро давра ба давра, вобаста ба Фурӯши шиносномаҳо пардохт кунад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 25 января 2017 года, № 43

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"О ВВОДЕ ЗАГРАНИЧНЫХ ПАСПОРТОВ ГРАЖДАН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

(в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2010г.№104)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 27.02.2010г.№104)

Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Установить в Республике Таджикистан три вида заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан: дипломатический, служебный и общегражданский.

2. Утвердить прилагаемые образцы трех видов заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, их описание, техническую спецификацию и технологическую защиту и ввести их в действие с 1 апреля 1998 года.

Со дня ввода заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан выдача паспортов с символикой СССР прекращается.

3. Считать действительными выданные дипломатические, служебные и общегражданские паспорта с символикой СССР до 31 декабря 1998 года.

4. Все виды заграничных паспортов, выданных гражданам Республики Таджикистан, находящимся за границей, считать действительными до их возвращения в Республику Таджикистан.

5. Утвердить Положение о заграничных паспортах граждан Республики Таджикистан (прилагается).

6. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан и Министерству внутренних дел Республики Таджикистан в месячный срок представить на утверждение Правительства Республики Таджикистан проект инструкции о порядке выдачи заграничных паспортов.

7. В целях покрытия расходов, связанных с изготовлением заграничных паспортов граждан Республики Таджикистан, Министерству иностранных дел Республики Таджикистан производить поэтапную оплату изготовителю по мере их реализации.

...