×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декабри соли 2004, № 73 "Дар бораи тибби халқӣ"

Санаи амалкуни: 31.12.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Кодекси тандурустии ҶТ аз 30.05.2017 № 1413 аэ эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

"Дар бораи тибби халқӣ"

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 269 аз 31.12.2008 № 475)

(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 269 аз 31.12.2008 № 475)

БОБИ I. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи тибби халқӣ муайян намуда, ҳуқуқу ӯҳдадориҳоро ҳангоми амалӣ намудани ин фаъолият танзим менамояд.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби халқӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тибби халқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат аст.

Моддаи 3. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

тибби халқӣ - бахши соҳаи тандурустӣ, ки усулҳои солимгардонии аҳолӣ, пешгирии касалиҳо, ташхис ва табобати аз дониш, малака ва таҷрибаи давраҳои қадим ба даст омада ва бо анъанаҳои халқӣ муқарраргардидаро истифода мебарад;

табиби халқӣ - шахсе, ки шаҳодатномаи табиби халқӣ дошта, солимгардонии аҳолӣ, пешгирӣ, ташхис ва табобатро бо усулҳо ва маводҳои дорувории тибби халқӣ амалӣ мегардонад (Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 269);

маводҳои дорувории тибби халқӣ - маводи аз наботот, ҳайвонот, маъданҳо ва дигар маводи барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва солимгардонӣ истифодашаванда, ки ба фасли махсуси Феҳристи давлатии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;

...

Утратил силу в редакции Кодекса РТ от 30 мая 2017 года, №1413

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О народной медицине

(в редакции Закона РТ от 12.05.2007г.№269, от 31.12.2008г.№475)

(в редакции Закона РТ от 12.05.2007г.№269, от 31.12.2008г.№475)

Глава I. Общие положения

Статья 1. Цель настоящего Закона

Настоящий Закон, определяя правовые основы деятельности в области народной медицины, регулирует права и обязанности при осуществлении данной деятельности.

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о народной медицине

Законодательство Республики Таджикистан о народной медицине основывается на Конституции Республики Таджикистан и состоит из настоящего Закона, других нормативных правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

Статья 3. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

народная медицина - раздел сферы здравоохранения, который использует методы оздоровления населения, профилактики, диагностики и лечения, основанные на знаниях, навыках и опыте приобретенных с древних времен и установленные в народных традициях;

народный целитель - лицо, имеющее свидетельство народного целителя и осуществляющее, оздоровление населения, профилактику, диагностику и лечение с помощью методов и средств народной медицины(в редакции Закона РТ от 12.05.2007г..№269);

лечебные средства народной медицины - растительные, животные, минеральные и другие средства, используемые для профилактики, диагностики, лечения и оздоровления, которые занесены в специальный раздел Государственного лекарственного реестра Республики Таджикистан;

...