Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2004 № 62 "Дар бораи қабул намуданИ Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавриди амал қарор додани он"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ҚАБУЛ НАМУДАНИ КОДЕКСИ ГУМРУКИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ ОН

Моддаи 1

1. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.

Моддаи 2

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи мавриди амал қарор додани Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1996. №15. мод.233) ва Кодекси гумруки Ҷумҳури Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. с. 1996. №15. мод. 232; с. 1997. №23-24, мод.333. фасли ХХ: с. 2001. №7. мод.496; с. 2002. №11. мод.744: с. 2003. №12. мод. 692) аз 1 январи соли 2005 беэътибор дониста шаванд.

Моддаи 3

Минбаъд, то мутобиқ намудани қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, конунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисмате, ки ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистои мухолиф намебошанд, татбиқ карда метаванд.

Моддаи 4

Шартҳои амали литсензияҳо ва иҷозатномаҳое, ки то 1 январи соли 2005 барои истифодаи низомҳои гумрукии "Коркарди мол дар қаламрави гумрукӣ", "Коркарди мол таҳти назорати гумрукӣ", "Коркарди мол берун аз қаламрави гумрукӣ", "Воридоти (содироти) муваққатӣ" дода шуда буданд, то ба охир расидани мӯҳлати амали чунин литсензияҳо ва иҷозатномаҳо дар ҳолати мухолифат накарданашон ба муқаррароти ин Кодекс нигоҳ дошта мешаванд. Қисман ё пурра озод намудан аз боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо ва мамнуъият ва маҳдудиятҳои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда нисбати молҳое, ки таҳти низомҳои мазкур қарор доранд, то мавриди амал қарор додани ин Кодекс, мутобиқи муқаррароти қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар рӯзи додани ин литсензияҳо ва иҷозатномаҳо амал мекарданд, татбиқ карда мешаванд.

Моддаи 5

Литсензияҳое, ки барои машғул шудан ба ҳайси миёнрави (брокери) гумрукӣ ва интиқолдиҳандаи гумрукӣ, барои таъсиси анбори нигоҳдории муваққати, анбори гумрукӣ, инчунин шаҳодатномаҳои ихтисосии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, ки то 1 январи соли 2005 дода шудаанд, то ба охир расидани мӯҳлати амали онҳо тибқи муқаррароти Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон амал менамоянд.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

3 декабри соли 2004 № 62