Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996,
№ 70 тасдиқ карда шудааст
Бо Қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 21 феврали соли 1996,
№ 70 тасдиқ карда шудааст
Низомномаи мактаб-интернати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. ҚОИДАИ УМУМӢ
1. Мактаб-иннернат, Муассисаи махсуси таълимию тарбиявӣ буда, дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф" ва дигар қонунҳо, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
2. Мактаб-интернат бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҷамъиятии насли наврас, расонидани ёрӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароитҳои мусоид барои тарбияи кӯдакон ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо ташкил карда мешавад
3. Мактаб-интернат бо қарори вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти дахллори хуқумати маҳаллӣ дар сурати мавҷуд будани шароитҳои зарурӣ барои тарбия, таълим, зиндагонӣ ва хадамоти тиббии кӯдакон, инчунин синфхонаҳои даркорӣ барои таълим таъсис мегардад.
4. Вазоратҳо ва идораҳо, мақомоти дахлдори Ҳукумати маҳаллӣ мактаб-интернатҳои типи умумӣ, мактаб-интернатҳо барои бачагони болаёқат (боистеъдод) мактаб-интернатҳои санаторӣ барои бачагоне, ки ба табобати тӯлонӣ мӯҳтоҷанд; мактаб-интернатҳо ва парваришгоҳҳои (хонаи кӯдакон), барои бачагони ятим, ки аз сарпарастии волидайн маҳрум шудаанд; мактаб-интернатҳо ва хонаҳои кӯдакон барои бачагон ва наврасони ҷисман инкишофнаёфта ё ноқисулақл, ки имконияти таҳсил дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ надоранд; мактаб-интернатҳо барои бачагон ва наврасоне, ки ба шароити махсуси тарбия мӯҳтоҷанд; дигар мактаб-интернаҳо ва муассисаҳои типи интернатӣ таъсис медиҳад.
5. Принципи фаъолияти ҳар як намуди (типи) мактаб-интернатро Низомномаи махсуси ҳамон намуди мактаб-интернат муайян мекунад.
6. Мактаб-интернат метавонад дар ҳайати худ (дар дохили худ) мактаби ибтидоӣ ва асосӣ (зинаҳои I ва II), ё ин ки мактаби ибтидоӣ, асосӣ ва миёна (занаҳои I, II ва III) дошта бошад. Дар мактабҳои мазкур духтарон ва писарони аз 7-сола то 18-сола, ки тибқи нишондодҳои тиббӣ қабулашон ба муассисаҳои типи интернатӣ манъ нест, мехонанд ва тарбия мегиранд.
7. Дар мактаб-интернатҳо барои бачаҳои ятим ва бачагоне, ки аз сарпарастии волидайн маҳрум гаштаанд, барои бачагони дорои иллати ҷисмонӣ ва ақлӣ буда, дар сурати мавҷуд будани шароитҳои муносиб барои нигоҳубини онҳо, синфҳои тайёрӣ ё гурӯҳҳои томактабӣ таъсис дода мешавад.
...