Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2004, № 1403 "Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

Дар бораи тадбирҳои тақвият додани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани музди меҳнати ҳадди ақал, маоши амалкунандаи вазифавии кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, нафақа ва стипендия

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи моддии аҳоли, тақвият додани ҳавасмандии нақши музди меҳнат ва баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳоли фармон медиҳам:

1. Аз 1 январи соли 2005 ба хизматчиёни давлати пардохти иловапулиҳо барои рутбаҳои тахассусии бо моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" муқарраргардида татбиқ гардонида шавад.

2. Аз 1 январи соли 2005 музди меҳнати ҳадди ақал дар тамоми соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳури ва нафақаи ҳадди ақал ба андозаи 12 сомони дар як моҳ муқаррар карда шавад.

3. Аз 1 январи соли 2005 маоши вазифави ва ставкаҳои амалкунандаи тарифии кормандони муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки аз Буҷети давлати маблағгузори мешаванд, ба андозаҳои зерин зиёд карда шаванд:

- кормандони соҳаи илм - 100 фоиз;

- кормандони соҳаи тандурусти - 100 фоиз;

- кормандони соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳоли - 100 фоиз;

- мураббиёни муассисаҳои томактаби - 70 фоиз;

- муаллимони синфҳои ибтидоии (1-4) мактабҳои таҳсилоти умуми70 фоиз;

- муаллимони синфҳои 5-11 мактабҳои таҳсилоти умуми - 60 фоиз;

- дигар кормандони соҳаи маориф - 50 фоиз;

- кормандони соҳаи фарҳанг - 50 фоиз;

...

УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О мерах по усилению уровня социальной защищенности населения и увеличения минимальной заработной платы, действующих должностных окладов работников бюджетных учреждений и организаций, пенсий и стипендий

В целях улучшения материального положения населения, усиления стимулирующей роли заработной платы и повышения уровня социальной защищенности населения постановляю:

1. Осуществить с 1 января 2005 года выплату надбавок за классные чины государственным служащим, установленные статьей 27 Закона Республики Таджикистан от 13 ноября 1998 года "О государственной службе"

2. Установить с 1 января 2005 года минимальную заработную плату во всех отраслях экономики республики и минимальную пенсию в размере 12 сомони в месяц.

3. Увеличить с 1 января 2005 года действующие должностные оклады и тарифные ставки работников учреждений и организаций, финансируемых из Государственного бюджета в следующих размерах:

- работникам отрасли науки - 100 процентов;

- работникам отрасли здравоохранения - 100 процентов;

- работникам отрасли социальной защиты населения - 100 процентов;

- воспитателям дошкольных учреждений - 70 процентов;

- учителям начальных классов (1-4) общеобразовательных школ - 70 процентов:

- учителям 5-11 классов общеобразовательных школ - 60 процентов:

- другим работникам отрасли образования - 50 процентов.

- работникам отрасли культуры - 50 процентов.

- работникам других бюджетных отраслей (кроме государственных служащих органов государственной власти и управления местных исполнительных органов государственной власти, военнослужащих, лиц рядового и начальствующего состава органов внутренних дел сотрудников других правоохранительных органов) - 50 процентов:

...