Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 6 июли соли 2001

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Девони Вазирони Украина, ки минбаъд "Тарафҳо" номида мешаванд,

ба мақсади рушди минбаъдаи муносибатҳои дустона миёни ду давлат,

майли ба тартиб даровардани низоми мусофиратҳои мутақобилаи шаҳрвандони ду давлатро дастури амал қарор дода, ба мувофиқати зерин расиданд:

Моддаи 1

Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, новобаста аз ҷои истиқомати доимиашон метавонанд бидуни раводид бо риоияти қоидаҳои иқомат ва қайди амалкунанда дар ин давлат бо ҳуҷҷатҳои зикршуда дар Замимаи ин Созишнома ба қаламрави давлати Тарафи дигар вориду хориҷ шаванд, ба таври транзити ҳаракат намоянд ва иқомат кунанд.

Моддаи 2

1. Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки ҳуҷҷатҳои дар замимаи ин Созишнома зикршударо дар қаламрави Тарафи дигар гум кардаанд, бояд фавран мақомоти салоҳиятдори давлати иқоматро, ки гувоҳномаи (справкаи) тасдиқкунандаи аризаи гум шудаи ҳуҷчатҳоро медиҳаид, огоҳ созад.

2. Ба шахсоии дар банди 1 ин Модда зикршуда, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии тарафи марбута барои бозгашт ба давлати шаҳрвандии хеш ҳучҷатҳои амалкунанда хоҳанд дод. Хориҷ шудани чунин ашхос аз қаламрави давлати иқомат метавонад бидуни сабти иловагии иҷозати сафар анҷом гирад.

Моддаи 3

Шаҳрвандони давлати яке аз Тарафҳо, ки амали ин Созишнома онҳоро дар бар мегирад, аз тариқи нуқтаҳои сарҳадии иҷозат, ки барои рафту омадҳои байналмилалӣ кушода шудаамд, ба қаламрави давлати Тарафи дигар ворид мешаванд, хориҷ, мегарданд ва ба таври транзит

Моддаи 4

Шаҳрвандони давлати як Тараф, ки ба қаламрави давлати Тарафи дигар ба мӯҳлати зиёда аз 90 (навад) шабонарӯз ё бо мақсади бо кор таъминшавӣ, ё барои иқомати доими ворид мегарданд, ӯҳдадоранд раводиди кишвари пазирандаро дошта бошанд.

Шаҳрвандони давлатӣ як Тараф, ки доимо дар қаламрави давлати Тарафи дигар зиндагӣ мекунанд, метавонанд аз қаламрави ин давлат хориҷ шаванд ва пас бидуни раводид ворид гарданд, ба шарте ки онҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи иқомати доимиро дошта бошанд.

Моддаи 5
...

Соглашение между Правительством Республики Таджикистан и Кабинетом Министров Украины о взаимных поездках граждан

Правительство Республики Таджикистан и Кабинет Министров Украины, в дальнейшем именуемые "Сторонами",

с целью дальнейшего развития дружественных отношений между двумя государствами, руководствуясь желанием упорядочить режим взаимных поездок граждан двух государств,

договорились о следующем:

Статья 1

Граждане государства одной Стороны, независимо от места постоянного проживания, могут въезжать, выезжать, следовать транзитом и пребывать на территории государства другой Стороны без виз с соблюдением правил пребывания и регистрации, действующих в этом государстве, по документам, указанным в Приложении к настоящему Соглашению.

Статья 2

1. Граждане государств одной Стороны, которые утратили документы, указанные в приложении к настоящему Соглашению, на территории государства другой Стороны, должны немедленно уведомить компетентные органы государства пребывания, которые выдают справку, подтверждающую заявление об утрате документов.

2. Лицам, указанным в пункте 1 настоящей Статьи, дипломатические представительства или консульские учреждения соответствующей Стороны будут выдавать действительный документ для возвращения в государство своего гражданства. Выезд таких лиц с территории государства пребывания может осуществляться без дополнительных разрешительных записей.

Статья 3

Граждане государства одной Стороны, на которых распространяется действие настоящего Соглашения, въезжают, выезжают, следуют транзитом по территории государства другой Стороны через пограничные пункты пропуска, открытие для международного сообщения.

Статья 4

Граждане государства одной Стороны, которые выезжают на территорию государства другой Стороны на срок более чем 90 (девяносто) суток или с целью трудоустройства, или на постоянное проживание обязаны иметь визу принимающего государства.

Граждане государства одной Стороны, постоянно проживающие на территории государства другой Стороны, могут выезжать с территории этого государства и въезжать обратно без виз, если они имеют документы, подтверждающие их постоянное проживание.

Статья 5
...