Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 марти соли 2000, № 93 "Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба вазн ва ҳаҷми воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналхалқиро дар роҳҳои автомобилгарди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом медиҳанд"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи тасдиқи Созишнома оид ба вазн ва ҳаҷми воситаҳои нақлиёт, ки ҳамлу нақли байналхалқиро дар роҳҳои автомобилгарди кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил анҷом медиҳанд

Ҷиҳати мусоидат барои нигоҳ доштани ягонагии технологии роҳҳои мошингард ва фароҳам овардани шароит барои муомилоти озоди молу хизматрасони, инчунин бо дарки муҳимияти таъмини нигаҳдарии роҳҳои мошингард ва таъмини амнияти ҳаракати нақлиёт байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Созишнома дар бараи вазн вз ҳаҷми воситаҳои нақлиёти аннҷомдиҳандаи ҳамлу нақли байналхалқи дар роҳҳои автомобилгарди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 4 июни соли 1999 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, тасдиқ карда шавад.

2. Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазорату идораҳои манфиатдор барои иҷрои Созишнома тадбирҳо андешида, ҳангоми мавҷуд будани масъалаҳое, ки қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақозо мекунанд, пешниҳод манзур намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон депозитарийҳои Созишномаро дар хусуси аз ҷоииби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардидани расмиёти дохилидавлати, ки барои эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур зарур мебошанд, огоҳ намояд.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Э. Раҳмонов

аз 11 марти соли 2000 № 93

ш. Душанбе

аз 11 марти соли 2000 № 93

ш. Душанбе

...

ПРАВИТЕЛЬСТВО РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

"ОБ УТВЕРЖДЕНИИ СОГЛАШЕНИЯ О МАССАХ И ГАБАРИТАХ ТРАНСПОРТНЫХ СРЕДСТВ, ОСУЩЕСТВЛЯЮЩИХ МЕЖДУНАРОДНЫЕ ПЕРЕВОЗКИ ПО АВТОМОБИЛЬНЫМ ДОРОГАМ ГОСУДАРСТВ-УЧАСТНИКОВ СНГ"

Способствуя сохранению технологического единства автомобильных дорог и созданию условий для свободного перемещения товаров и услуг автомобильным транспортом, а также осознавая важность обеспечения сохранности автомобильных дорог и обеспечения безопасности дорожного движения между странами Содружества Независимых Государств, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Утвердить Соглашение о массах и габаритах транспортных средств, осуществляющих международные перевозки по автомобильным дорогам государств-участников СНГ, подписанное 4 июня 1999 года в городе Минске.

2. Министерству транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан совместно с заинтересованными министерствами и ведомствами принять меры к выполнению Соглашения, а при наличии вопросов, требующих решения Правительства, представить предложения.

3. Министерству иностранных дел Республики Таджикистан уведомить депозитарий Соглашения о выполнении Республикой Таджикистан внутригосударственных процедур, необходимых для вступления указанного Соглашения в силу.

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Э.РАХМОНОВ

Председатель

Правительства Республики Таджикистан     Э.РАХМОНОВ

от 11 марта 2000 года № 93

г.Душанбе

от 11 марта 2000 года № 93

г.Душанбе

Утверждено

постановлением Правительства Республики Таджикистан

 от 11 марта 2000 года № 93

Утверждено

...