Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июли соли 2000 № 324
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июли соли 2000 № 324
тасдиқ шудааст
Низомномаи шаҳодатномаи гуреза
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 102)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.03.2007с. № 102)
1. Шаҳодатномаи гуреза (минбаъд - шаҳодатнома) ҳуҷҷати ҳисоботи қатъӣ мебошад, ки шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандро (минбаъд шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ), ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ,Дар бораи гурезаҳо, ҳолати ҳуқуқии гурезаро соҳиб шудааст, тасдиқ менамояд. Шаҳодатнома бо дархости хаттии Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират ва ё мақомоти маҳаллии он ба шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандие, ки бо тартиби муқарраршуда гуреза эътироф карда шудааст, барои аз мақоми корҳои дохилӣ гирифтани иҷозати зист дар мӯҳлати эътибор доштани шаҳодатнома асос мебошад
2. Шаҳодатнома ба шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандие, ки гуреза дониста шуда синнаш ба 16 расидааст дода мешавад. Маълумот дар бораи аъзои оилаи шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандии гуреза донисташудае, ки синнашон ба 16 солагӣ нарасидааст, ба шаҳодатномаи яке аз волидайн, дар сурати набудани падару модар ба шаҳодатномаи намояндаи конунии онҳо ё ба шаҳодатномаи яке аз аъзои оилаи онҳо, ки ба сини то 18 расида ихтиёран масъулияти рафтору тарбия ва нигоҳубини аъзои оилаи синнашон ба 16 нарасидаро ба зиммаи худ гирифтаанд, дохил карда мешавад.
3. Шаҳодатнома аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар асоси қарор оид ба гуреза дониста шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ ба расмият дароварда шуда, ба гуреза супурда мешавад
4. Шаҳодатнома бар ивази гувоҳномаи муваққатии қайди илтимоснома дода мешавад.
5. Барои супоридан (инчунин такроран дода шудан) ва иваз намудани шаҳодатномаи гуреза дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи боҷи давлатӣ" боҷи давлатӣ бо тартиби муқарраргардида рӯёнида мешавад.
6. Мӯҳлати амали шаҳодатнома баробари муддати гуреза дониста шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ муқарраргардида аз тарафи Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират мувофиқи тамдиди мӯҳлати гуреза дониста шудани шахси хориҷӣ ва ё шахси бешаҳрвандӣ дароз карда мешавад
7. Шаҳодатнома дар ҳолатҳои зерин иваз карда мешавад:
...