ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи номгӯии маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон мумкин нест
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2002с. № 357, аз 02.08.2004с. № 328, аз 03.03.2007с. № 102)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 05.09.2002с. № 357, аз 02.08.2004с. № 328, аз 03.03.2007с. № 102)
Бо мақсади таъмини бехатари ва тартиботи ҷамъияти дар маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гурезаҳо" ва моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад
1. Номгӯи замимагардидаи маҳалҳои аҳолинишини Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он ҷойҳо муваққатан зист намудани шаҳрвандони паноҳоянда ва гурезагон мумкин нест, тасдиқ карда шавад.
2. Вазоратҳо, идораҳо ва мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) чорабиниҳои лозимаро оиди зисти муваққатию ҷо ба ҷо намудани шаҳрвандони паноҳҷӯянда ва гурезагон бо пешниҳоди Хадамоти давлатии муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи тартиботи муқарраршуда дида бароянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 26 июли соли 2000 № 325
ш. Душанбе
аз 26 июли соли 2000 № 325
ш. Душанбе
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 июли соли 2000 № 325
тасдиқ шудааст
...