Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2004, № 280

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.05.2023 № 208 аз эътибор соқит дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2004 № 280

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 июни соли 2004 № 280

тасдиқ шудааст

Тартиби баҳисобгирии давлатии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон

1. Баҳисобгирии давлатии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияти он, аз рӯи системаи ягона, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.

2. Вазифаи асосии баҳисобгирии давлатии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирӣ ва баруйхатгирии техникии фонди манзил, дастрас намудани маълумот дар бораи ҷойгиршавии он, ҳайати миқдорӣ ва сифатӣ, ҳолати техникӣ, сатҳи ободонӣ, арзиши иншоот, мансубият, шумораи шаҳрвандони дар он истиқоматкунанда ва тағйирёбии ин нишондиҳандаҳо мебошад.

3. Баҳисобгирии давлатии фонди манзил дар асоси бақайдгирӣ ва барӯйхатгирии техникии биноҳои истиқоматӣ, ки барои зиндагонии шаҳрвандон коршояманд, аз он ҷумла хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо, биноҳои истиқоматаи хизматӣ, хонаҳои истиқоматии махсусгардонидашуда (хобгоҳҳо, хона-интернатҳо барои маъюбон, собиқадорон, кӯҳансолони яккамонда, инчунин кӯдакон), хонаҳои истиқоматии хизматии таъиноти махсус сарфи назар аз шакли моликият ва мансубияти он ба амал бароварда мешавад.

4. Ба фонди манзил ворид намудан ва аз он баровардани бино ва хонаҳои истиқоматӣ мутобиқи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

5. Ба фонди манзил бино ва хонаҳои истиқоматӣ, аз он ҷумла ҳуҷраҳо, биноҳои истиқоматии хизматӣ, хонаҳои истиқоматии махсусгардонидашуда (хобгоҳҳо, хона-интернатҳо барои маъюбон, собиқадорон, кӯҳансолони яккамонда, инчунин кӯдакон) ва хонаҳои истиқоматии хизматии таъиноти махсус дохил мешаванд.

6. Ба фонди манзил дохил намешаванд:

- хонаҳои ғайриманзилии дар биноҳои истиқоматӣ воқеъгардида, ки барои зарурати савдо, маишӣ ва дигар эҳтиёҷоти ғайрисаноати пешбинӣ шудаанд;

- хонаҳои истиқоматие, ки дар қитъаҳои замини барои сохтмон ҷудо кардашуда, ки барои истиқомати мавсимӣ ва муваққатӣ таъин шудаанд, сарфи назар аз мӯҳлати дар онҳо истиқомат кардани шаҳрвандон бино карда шудаанд;

...

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 30 июня 2004 года № 280

Утверждено

постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 30 июня 2004 года № 280

Порядок государственного учёта жилищного фонда Республики Таджикистан

1. Государственный учет жилищного фонда Республики Таджикистан осуществляется не зависимо от их форм собственности и принадлежности, по единой системе, в порядке установленный Правительством Республики Таджикистан.

2. Основной задачей государственного учёта жилищного фонда Республики Таджикистан является регистрация и техническая инвентаризация жилищного фонда, получение информации о его расположении, количественном и качественном составе, техническом состоянии, уровне благоустройства, стоимости объекта, принадлежности, численности проживающих в них граждан и об изменении этих показателей.

3. Государственный учёт жилищного фонда осуществляется на основании регистрации и технической инвентаризации жилых зданий, пригодных для проживания граждан, в том числе жилые помещения, квартиры, служебные жилые помещения, специализированные жилые дома (общежития, дома-интернаты для инвалидов, ветеранов, одиноких престарелых, а также детские дома), служебные жилые помещения специального назначения независимо от их форм собственности и принадлежности.

4. Включение в жилищный фонд и исключение из него жилых домов и жилых помещений производится в соответствии Жилищного Кодекса Республики Таджикистан.

5. В жилищный фонд включается жилые дома и жилые помещения в том числе, квартиры, служебные жилые помещения, специализированные жилые дома (общежития, дома-интернаты для инвалидов, ветеранов, одиноких престарелых, а также детские дома) и служебные жилые помещения специального назначения.

6. В жилищный фонд не включается:

- находящиеся в жилых домах нежилые помещения, предназначенные для торговых, бытовых и иных нужд не промышленного назначения;

- возведенные на земельных участках отведенных под строительство жилые помещения предназначенные для сезонного и временного проживания, независимо от длительности проживания в них граждан;

- непригодные для проживания жилые дома и жилые помещения.

...