Б.2 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004 № 497 беэътибор дониста шуд
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.05.2006с. № 209, аз 26.01.2008с. № 47)
(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 03.05.2006с. № 209, аз 26.01.2008с. № 47)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистан қарор мекунад:
1. Тартиби замимагардидаи фурӯш ва истифодаи тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот тасдиқ карда шавад.
2. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Хӯрокворӣ" барои пурра ба ҳисоб гарифтани истеҳсол ва интиқоли маҳсулоти тамоку ва машрубот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил намояд Б.2 бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 31. 12.2004 № 497 беэътибор дониста шуд.
3. Корпоратсияи саноати озуқа ва боғу токпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Хӯрокворӣ" оид ба фқрӯш ва бақияи тамғаҳои аксизии дар давраи то 1 январи соли 2004 амалкунанда дар мӯҳлати як моҳ ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намояд.
4. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои Тартиби тасдиқшударо таъмин намоянд.
5. Беэътибор дониста шавад:
банди 4 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июли соли 1997 № 253 "Дар бораи ҷорӣ намудани тамғаҳои аксизӣ барои маҳсулоти тамоку ва машрубот";
...