×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004, № 50 "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 26.07.2014

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 457; с. 2009, №7-8, мод. 494; с. 2011, №12, мод. 836; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1010)

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539, аз 26.12.2011 № 771, аз 28.12.2012 № 916, аз 26.07.2014 № 1102)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъсисёбӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Моддаи 1. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматӣ ва ҳарбиеро иҷро менамояд, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг захираи ҳарбии зудамали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- волоияти қонун (қонуният);

- садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент;

- башардӯстӣ;

- муқаддасии масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;

- идоракунии мутамарказ;

- яккасардорӣ;

- риояи интизоми ҳарбӣ;

- нигоҳдории сирри давлатӣ.

Моддаи 4. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

Сохтор ва ҳайати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 5. Ғайриҳизбӣ будани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои (гурӯҳҳои) ҷамъиятии характери сиёсӣ, динӣ ва парастиш дошта, инчунин ташкилотҳои ибтидоии онҳо манъ аст.

Моддаи 6. Нишон ва рамзҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Нишон ва Байрақи Ҷангӣ мебошад, ки дар онҳо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст. Низомномаҳои Нишон ва Байрақи Ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Рамзҳои фарқкунандаи қисмҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва намунаи либоси ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мӯҳр мебошад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст.

Моддаи 7. Вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539)

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зайлро амалӣ менамояд:

- амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда, инчунин биноҳо, иншоот ва ҳудуди (қитъаҳои замин) ҳамшафати онҳо ва акваторияҳо, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539);

- дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539);

- иҷрои вазифаҳои алоҳида оид ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз;

- ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539);

- тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, тахрибкорӣ, мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон,бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо (Қонуни ҶТ аз аз 28.12.2012 № 916);

- мувофиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар маросимҳои қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ (Қонуни ҶТ аз аз 28.12.2012 № 916);

- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.

Гвардияи миллӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бо худ доштаи шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онҳо пиёда (савора) мебароянд, воситаҳои нақлиёт ва ашёи дар нақлиёт бударо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ тафтиш намояд;

- шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар ҳудуди ё наздикии объектҳои ҳимояшаванда ҷиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

- шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда ғайриқонунӣ дохил шудаанд ё худ кӯшиши ба онҳо дохил шуданро кардаанд ва. ё ба амру дастурҳо ва талаботи қонунии кормандони Гвардияи миллӣ итоат накардаанд, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

- дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти алоқаи махсусро ба роҳ монад;

- дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва силоҳро истифода барад(Қонуни ҶТ аз аз 28.12.2012 № 916, аз 26.07.2014 № 1102);

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки амнияти объектҳои ҳимояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмиро ирсол намояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539).

Муқаррароти дигар оид ба таъинот, вазифаҳо ва фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.

Ҷалб намудани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти хоси он вобастагӣ надоранд, танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 8. Роҳбарии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад.

Роҳбарии мустақими Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарситоди Гвардияи миллӣ буда, ба он сардори СарситодМуовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷимкистон роҳбарӣ менамояд. Сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ дар набудани Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро иҷро менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539).

Моддаи 9. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;

- вазифаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;

- бо фармонҳои худ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Сардори СарситодМуовини аввал, муовинони Фармондеҳ, Муовини аввали Сардори Сарситод, сардорони раёсатҳо, сардори Маркази тайёрии кадрҳо, командири отряди алоҳидаи таъиноти махсус ва командирони бригадаҳои Гвардияи миллиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539, аз 26.12.2011 № 771);

- рӯйхати вазифаҳоеро, ки дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд, тасдиқ мекунад;

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони шӯъбаи алоҳидаи таъиноти махсус муассисаҳо ва дигар қисмҳои ҳарбие, ки тибқи рӯйхати вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, розигӣ медиҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тағйироти онҳоро муқаррар ва тасдиқ мекунад;

- нақшаи ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- нақшаи таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- бо фармонҳои худ даъвати навбатии шахрвандонро барои адои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба эҳтиёт рухсат намудани шахсонеро, ки мӯҳлати муайяншудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, эълон менамояд;

- бо пешниҳоди Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад;

- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ба амал мебарорад.

Моддаи 10. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори бевоситаи тамоми ҳайати шахсӣ буда, барои дар ҳолати омодагии доимии ҷангӣ ва тайёрии сафарбарӣ нигоҳ доштани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг нигоҳ медорад ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи олии омодагии ҷангӣ оварда, нақшаҳои истифода ва сафарбарии онро дар амал татбиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо таъмин менамояд;

- бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шӯъбаи алоҳидаи таъиноти махсус, қисмҳои ҳарбӣ ва муассисаҳоеро, ки аз рӯи нақшаи вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- дар мавридҳои зарурӣ мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори оммав ва аҳли ҷомеаро аз фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф месозад;

- тарбияи ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, халқ ва Президент, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ташкил менамояд;

- афсарони Гвардияи миллиро бо рутбаҳои ҳарбии то подполковник сарфароз мегардонад;

- хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои махсус ва шоиста ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, мутобиқи рӯйхати вазифавӣ, барои сарфароз намудан бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар доираи ваколатҳояш фармонҳо, дастурҳо, амрҳо ва фармоишҳо инштишор дода, иҷрои онҳоро ташкил ва назорат мекунад, дастурамалҳо низомномаҳои Сарситод, раёсатҳо, шӯъбаҳо, хадамоту муассисаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539);

- дар хусуси ҳаҷми маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ва пешниҳод менамояд;

- таъминоти молиявӣ, ҳарбӣ, техникӣ ва ақибгоҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;

- ба фаъолияти ҳамарӯза ва ҷангии қисмҳои ҳарбӣ дар замони осоишта ва ҷанг, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, инкишофи заминаи таълимию моддӣ, инчунин фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимоию маишии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- оид ба такмили сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маоши онҳо таклифҳо таҳия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- штат, табели штатӣ ва шумораи қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- нақшаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбарии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- банақшагирии пуррагардонии ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват дар вазифаҳои сарбоз ва сержантҳо роҳбарӣ намуда, онҳоро дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат медиҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои адои хизмати ҳарбии афсарон ва прапоршикҳоро ҳал мекунад;

- бо пешниҳоди сардорони дахлдор ва дар доираи ваколатҳои худ афсарон, прапоршикҳо, сарбоз ва сержантҳо, инчунин кормандони ғайринизомиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи ҳарбӣ ва дигар амволи ҳарбии корношоям, инчунин ашёҳои арзишнокро аз эътибор соқит менамояд;

- ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда ҳамкориро бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ташкил мекунад;

- иҷрои вазифаҳои дигареро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин менамояд.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи лимити барои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда теъдоди ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 10 фоиз тағйир диҳад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони бевоситаи тамоми ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои иҷрои вазифаҳое, ки Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд.

Моддаи 11. Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539)

Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539):

- мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

- нақшаҳои асосии ташкили фаъолияти хизматию ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;

- бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ҳамкорӣ менамояд;

- омодагии сафарбарӣ ва сафкашии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуррагардонии онро бо ҳайати шахсӣ ташкил мекунад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- дар хусуси муайян намудани шумораи қисмҳҳои ҳарбӣ, теъдоди штатӣ, ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо таҳия намуда, ба Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771);

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотро дар хусуси таъмингардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо силоҳу лавозимоти ҷангӣ, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддию техникӣ анҷом медиҳад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1102);

- нигоҳдории сирри давлатиро таъмин менамояд;

- дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, иҷро мекунад.

Моддаи 12. Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомӣ иборат аст.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рутбаҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва либоси ҳарбии муқарраргардида мебошанд.

Муносибатҳои меҳнатии кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад.

Моддаи 13. Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорнок буда, баъди рутбаи ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи ,гвардия, илова карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд, бояд дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз рӯи вазъи саломатӣ, инчунин сифатҳои ахлоқию касбӣ барои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошанд. Шаҳрвандоне, ки номувофиқатии онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазъи саломатӣ ва сифатҳои ахлоқию касбиашон ҳангоми ба Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон овардани онҳо ошкор шудааст, бо тартиби муқарраргардида ба комиссияҳои марбутаи даъват баргардонида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539).

Интихоби хизматчиёни ҳарбии даъватшуда барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллӣ афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539).

Шаҳрвандоне, ки барои хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, дар хусуси садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд. Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбиро дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана ёд мекунанд.

Матни Савганди ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

Шароит, тартиб ва мӯҳлати адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби умумии сарфароз гардонидан бо рутбаҳои ҳарбӣ, ба вазифаи дигар гузаштан, аттестатсия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия), аз хизмати ҳарбӣ рухсат кардан ва таъминоти нафақаи онҳо, кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 14. Пуррагардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он

Даъват барои пуррагардонии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо кормандони ғайринизомӣ пурра карда мешавад. Номгӯи вазифаҳое, ки кормандони ғайринизомӣ ишғол менамояд, аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тайёр намудани кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили ихтисоси онҳо дар муассисаҳо ва академияҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҳарбии муасссисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар давлатҳо сурат мегирад. Тайёр намудани прапоршикҳо, сержантҳо ва мутахассисони хурд дар Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Маҳалли ҷойгиршавии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иваз кардани он мутобиқи нақшаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Ҷойивазкунии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ҳудуди барои истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардашуда Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи раисони вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои дахлдор ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Ҷойгиркунонии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Моддаи 15. Таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биноҳои хизматӣ ва истиқоматии Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар иншоотҳои қисмҳои ҳарбӣ ва объектҳои таълимӣ, базаи таълимию моддӣ, инчунин амволи табелӣ, воситаҳои алоқа, техникаи ҷангӣ ва дигар техникаи ҳарбӣ, силоҳу лавозимоти ҷангӣ ва дигар амволи ҳарбие, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ дар истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, моликияти давлатӣ мебошанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771, аз 26.07.2014 № 1102).

Маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, бо сатри алоҳида нишон дода мешаванд, инчунин аз ҳисоби маблағҳои тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти хоҷагидорӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ воридшаванда сурат мегирад.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

Тартиб ва меъёри таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъиноти вазифавии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 771).

Санҷиши истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 16. Таъминоти амнияти давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъминоти амнияти давлатиро дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад (Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539).

Моддаи 17. Назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ӯ амалӣ мегардонанд.

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №23-24, моддаи 364; соли 2000, №11, моддаҳои 517, 547) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

аз 15 июли соли 2004 № 50

ш. Душанбе

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қонуни ҶТ аз 5.08.2009 № 539)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии таъсисёбӣ, вазифа ва принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Моддаи 1. Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воҳиди мустақили ҳарбии таъиноти махсус ва бевосита тобеи Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, вазифаҳои хизматӣ ва ҳарбиеро иҷро менамояд, ки ҳамин Қонун муқаррар намудааст.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони ҷанг захираи ҳарбии зудамали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, зимни иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда дар муҳофизати истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз дар ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

Моддаи 3. Принсипҳои фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

- волоияти қонун (қонуният);

- садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон ва Президент;

- башардӯстӣ;

- муқаддасии масъулияти шаҳрвандӣ барои ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, тамомияти арзӣ, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

- омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарӣ;

- идоракунии мутамарказ;

- яккасардорӣ;

- риояи интизоми ҳарбӣ;

- нигоҳдории сирри давлатӣ.

Моддаи 4. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис, аз нав ташкил ва барҳам дода мешавад.

Сохтор ва ҳайати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 5. Ғайриҳизбӣ будани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, дигар иттиҳодияҳои (гурӯҳҳои) ҷамъиятии характери сиёсӣ, динӣ ва парастиш дошта, инчунин ташкилотҳои ибтидоии онҳо манъ аст.

Моддаи 6. Нишон ва рамзҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Нишон ва Байрақи Ҷангӣ мебошад, ки дар онҳо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи он ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст. Низомномаҳои Нишон ва Байрақи Ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

Рамзҳои фарқкунандаи қисму воҳидҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва намунаи либоси ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои мӯҳр мебошад, ки дар он тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ҷой дода шудааст.

Моддаи 7. Вазифаҳои асосӣ ва ҳуқуқҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз 5.08.2009 №539)

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои асосии зайлро амалӣ менамояд:

- амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, ҳифз ва мудофиаи объектҳои ҳимояшаванда, инчунин биноҳо, иншоот ва ҳудуди (қитъаҳои замин) ҳамшафати онҳо ва акваторияҳо, ки номгӯи онҳоро Президенти Ҷумҳурии ТоҷикистонСарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд (Конун аз 5.08.2009 №539);

- дар якҷоягӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз 5.08.2009 №539);

- иҷрои вазифаҳои алоҳида оид ба ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷовуз;

- ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз 5.08.2009 №539);

- тибқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар чорабиниҳои вобаста ба мубориза бар зидди терроризм, мудофиаи гражданӣ ва ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон,бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо;

- мувофиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намудан дар маросимҳои қабул ва гусели сардорони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- мутобиқи супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- иҷрои вазифаҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.

Гвардияи миллӣ барои амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда ҳуқуқ дорад:

- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, худи шахс, ашёи бо худ доштаи шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда пиёда (савора) медароянд ва аз онҳо пиёда (савора) мебароянд, воситаҳои нақлиёт ва ашёи дар нақлиёт бударо, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои техникӣ тафтиш намояд;

- шахсонеро, ки дар содир кардани ҷиноят гумонбар дониста шудаанд ва ё дар ҳудуди ё наздикии объектҳои ҳимояшаванда ҷиноят содир кардаанд, боздошт намуда, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

- шахсонеро, ки ба объектҳои ҳимояшаванда ғайриқонунӣ дохил шудаанд ё худ кӯшиши ба онҳо дохил шуданро кардаанд ва. ё ба амру дастурҳо ва талаботи қонунии кормандони Гвардияи миллӣ итоат накардаанд, ба мақомоти амнияти миллӣ ё корҳои дохилӣ оварда расонад;

- дар доираи ваколатҳои худ фаъолияти алоқаи махсусро ба роҳ монад;

- дар ҳолатҳои зарурӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи ҷисмонӣ, воситаҳои махсус ва яроқро ба кор барад;

- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, дар бораи бартараф кардани сабаб ва шароитҳое, ки амнияти объектҳои ҳимояшавандаро зери хатар мегузоранд, пешниҳодҳои иҷрояшон ҳатмиро ирсол намояд (Конун аз 5.08.2009 №539).

Муқаррароти дигар оид ба таъинот, вазифаҳо ва фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Низомномаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян карда мешавад.

Ҷалб намудани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои вазифаҳое, ки ба таъиноти хоси он вобастагӣ надоранд, танҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 8. Роҳбарии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад.

Роҳбарии мустақими Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад.

Мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарситоди Гвардияи миллӣ буда, ба он сардори СарситодМуовини аввали Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷимкистон роҳбарӣ менамояд. Сардори Сарситоди Гвардияи миллӣ дар набудани Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ӯро иҷро менамояд (Конун аз 5.08.2009 №539).

Моддаи 9. Ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондехи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳбарии умумии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;

- вазифаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;

- бо фармонҳои худ Фармондеҳи Гвардияи миллӣ, Сардори СарситодМуовини аввал, муовинони Фармондеҳ, сардорони раёсатҳо ва командирони бригадаҳои зудамали Гвардияи миллиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад (Конун аз 5.08.2009 №539);

- рӯйхати вазифаҳоеро, ки дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковникҳо ва генералҳо ишғол менамоянд, тасдиқ мекунад;

- барои ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани сардорони шӯъбаҳо, хадамот, муассисаҳо ва дигар қисму воҳидҳои ҳарбие, ки тибқи рӯйхати вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, розигӣ медиҳад;

- сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон, инчунин тағйироти онҳоро муқаррар ва тасдиқ мекунад;

- нақшаи ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- нақшаи таъминоти ақибгоҳ ва сохтмони асосии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- бо фармонҳои худ даъвати навбатии шахрвандонро барои адои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба эҳтиёт рухсат намудани шахсонеро, ки мӯҳлати муайяншудаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд, эълон менамояд;

- бо пешниҳоди Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз мегардонад;

- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, ба амал мебарорад.

Моддаи 10. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори бевоситаи тамоми ҳайати шахсӣ буда, барои дар ҳолати омодагии доимии ҷангӣ ва тайёрии сафарбарӣ нигоҳ доштани Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин иҷрои бомуваффақияти вазифаҳои гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад.

Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- роҳбарии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба амал мебарорад;

- омодагии доимии ҷангӣ ва сафарбарии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар замони осоишта ва ҳолати ҷанг нигоҳ медорад ва бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи олии омодагии ҷангӣ оварда, нақшаҳои истифода ва сафарбарии онро дар амал татбиқ менамояд;

- иҷрои ҳатмӣ ва бечунучарои фармону супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташударо таъмин менамояд;

- бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони шӯъбаҳо, хадамот, қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва муассисаҳоеро, ки аз рӯи нақшаи вазифавӣ ин вазифаҳоро полковникҳо ишғол менамоянд, ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- дар мавридҳои зарурӣ мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори оммав ва аҳли ҷомеаро аз фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқиф месозад;

- тарбияи ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, халқ ва Президент, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлолияти Тоҷикистон ташкил менамояд;

- афсарони Гвардияи миллиро бо рутбаҳои ҳарбии то подполковник сарфароз мегардонад;

- хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои махсус ва шоиста ба мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад;

- афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, мутобиқи рӯйхати вазифавӣ, барои сарфароз намудан бо рутбаи ҳарбии полковник ва рутбаҳои олии ҳарбӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- дар доираи ваколатҳояш фармонҳо, дастурҳо, амрҳо ва фармоишҳо инштишор дода, иҷрои онҳоро ташкил ва назорат мекунад, дастурамалҳо низомномаҳои Сарситод, раёсатҳо, шӯъбаҳо, хадамоту муассисаҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд (Конун аз 05.08.2009 №539);

- дар хусуси ҳаҷми маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷети ҷумҳуриявӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо ва пешниҳод менамояд;

- таъминоти молиявӣ, ҳарбӣ, техникӣ ва ақибгоҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил мекунад ва ба амал мебарорад;

- ба фаъолияти ҳамарӯза ва ҷангии қисму воҳидҳои ҳарбӣ дар замони осоишта ва ҷанг, ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадам, инкишофи заминаи таълимию моддӣ, инчунин фароҳам овардани шароитҳои зарурии иҷтимоию маишии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад;

- оид ба такмили сохтор ва теъдоди умумии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин маоши онҳо таклифҳо таҳия намуда, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- штат, табели штатӣ ва шумораи қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;

- нақшаҳои омодагии ҷангӣ ва сафарбарии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;

- банақшагирии пуррагардонии ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват дар вазифаҳои аскар ва сержантҳо роҳбарӣ намуда, онҳоро дар асоси фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳтиёт рухсат медиҳад;

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои адои хизмати ҳарбии афсарон ва прапоршикҳоро ҳал мекунад;

- бо пешниҳоди сардорони дахлдор ва дар доираи ваколатҳои худ афсарон, прапоршикҳо, аскар ва сержантҳо, инчунин кормандони ғайринизомиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон техникаи ҳарбӣ ва дигар амволи ҳарбии корношоям, инчунин ашёҳои арзишнокро аз эътибор соқит менамояд;

- ҷиҳати иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошташуда ҳамкориро бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ташкил мекунад;

- иҷрои вазифаҳои дигареро, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон -Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, таъмин менамояд.

Бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар доираи лимити барои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудошуда теъдоди ҳайати шахсии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро то 10 фоиз тағйир диҳад.

Муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сардорони бевоситаи тамоми ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои иҷрои вазифаҳое, ки Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузоштааст, масъул мебошанд.

Моддаи 11. Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонун аз 5.08.2009 №539)

Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конун аз 5.08.2009 №539):

- мақоми асосии идоракунии фаврии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

- нақшаҳои асосии ташкили фаъолияти хизматию ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад;

- бо мақомоти дахлдори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дигари ҳарбӣ ҳамкорӣ менамояд;

- омодагии сафарбарӣ ва сафкашии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуррагардонии онро бо ҳайати шахсӣ ташкил мекунад;

- дар хусуси муайян намудани шумораи қисму воҳидҳои ҳарбӣ, теъдоди штатӣ, ҷойгиршавӣ ва азнавҷойгиркунонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо таҳия намуда, ба Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;

- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумотро дар хусуси таъмингардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои дигари моддию техникӣ анҷом медиҳад;

- нигоҳдории сирри давлатиро таъмин менамояд;

- дигар вазифаҳоеро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, иҷро мекунад.

Моддаи 12. Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомӣ иборат аст.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда метавонанд.

Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои рутбаҳои ҳарбӣ, аломатҳои фарқкунанда ва либоси ҳарбии муқарраргардида мебошанд.

Муносибатҳои меҳнатии кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад.

Моддаи 13. Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.

Хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати ифтихорнок буда, баъди рутбаи ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи ,гвардия, илова карда мешавад.

Шаҳрвандоне, ки барои гузаштани хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват карда шудаанд, бояд дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва аз рӯи вазъи саломатӣ, инчунин сифатҳои ахлоқию касбӣ барои хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ бошанд. Шаҳрвандоне, ки номувофиқатии онҳо ба хизмати ҳарбӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи вазъи саломатӣ ва сифатҳои ахлоқию касбиашон ҳангоми ба Гвардияи миллии Ҷумхурии Тоҷикистон овардани онҳо ошкор шудааст, бо тартиби муқарраргардида ба комиссияҳои марбутаи даъват баргардонида мешаванд (Конун аз 5.08.2009 №539) .

Интихоби хизматчиёни ҳарбии даъватшуда барои хизмат дар сафҳои Гвардияи миллӣ афзалиятнок буда, он аз тарафи Сарситоди Гвардияи миллӣ дар ҳамкории зич бо намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо, Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати маориф, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад (Конун аз 5.08.2009 №539).

Шаҳрвандоне, ки барои хизмати ҳарбӣ ба Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мегарданд, дар хусуси садоқат ба Ватан, халқи Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбӣ ёд мекунанд. Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Савганди ҳарбиро дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ботантана ёд мекунанд.

Матни Савганди ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон амали оинномаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад.

Шароит, тартиб ва мӯҳлати адои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақом, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои онҳо, тартиби умумии сарфароз гардонидан бо рутбаҳои ҳарбӣ, ба вазифаи дигар гузаштан, аттестатсия, бозомӯзӣ ва такмили ихтисос, ҷойивазкунии кадрҳо (ротатсия), аз хизмати ҳарбӣ рухсат кардан ва таъминоти нафақаи онҳо, кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешаванд.

Моддаи 14. Пуррагардонии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати шахсӣ ва маҳалли ҷойгиршавии он

Даъват барои пуррагардонии ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хизматчиёни ҳарбӣ тибқи тартиби муқарраргардида аз ҷониби Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархостҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин бо кормандони ғайринизомӣ пурра карда мешавад. Номгӯи вазифаҳое, ки кормандони ғайринизомӣ ишғол менамояд, аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тайёр намудани кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва такмили ихтисоси онҳо дар муассисаҳо ва академияҳои таълимии ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кафедраҳои ҳарбии муасссисаҳои олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар давлатҳо сурат мегирад. Тайёр намудани прапоршикҳо, сержантҳо ва мутахассисони хурд дар Маркази таълимии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Маҳалли ҷойгиршавии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иваз кардани он мутобиқи нақшаҳое, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, муайян карда мешавад.

Ҷойивазкунии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар доираи ҳудуди барои истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо кардашуда Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи раисони вилоят, шаҳр, ноҳия ва ҷамоатҳои дахлдор ба амал мебарорад.

Ҷойгиркунонии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Моддаи 15. Таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Биноҳои хизматӣ ва истиқоматии Раёсати Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар иншоотҳои қисму воҳидҳои ҳарбӣ ва объектҳои таълимӣ, базаи таълимию моддӣ, инчунин амволи табелӣ, воситаҳои алоқа, техникаи ҷангӣ ва дигар техникаи ҳарбӣ, яроқу аслиҳа ва дигар амволи ҳарбие, ки ҷиҳати иҷрои вазифаҳои таълимию ҷангӣ дар истифодаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, моликияти давлатӣ мебошанд.

Маблағгузории Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби воситаҳои буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли дахлдор, бо сатри алоҳида нишон дода мешаванд, инчунин аз ҳисоби маблағҳои тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти хоҷагидорӣ, иҷрои кор ва хизматрасонӣ воридшаванда сурат мегирад.

Ҷиҳати амалӣ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ, беҳтар сохтани ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва дигар ташкилотҳои ҳисоби хоҷагиро дорад. Фаъолияти мазкур набояд ба омодагии ҷангӣ ва қобилияти ҷангии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири манфӣ расонад.

Тартиб ва меъёри таъминоти молиявӣ, моддию техникӣ ва ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таъиноти вазифавии қисму воҳидҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Санҷиши истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ ва фаъолияти молиявию хоҷагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Моддаи 16. Таъминоти амнияти давлатӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъминоти амнияти давлатиро дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал мебарорад (Конун аз 5.08.2009 №539).

Моддаи 17. Назорати иҷрои қонунҳо дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои ҳарбии тобеи ӯ амалӣ мегардонанд.

Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 19. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи Гвардияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №23-24, моддаи 364; соли 2000, №11, моддаҳои 517, 547) аз эътибор соқит дониста шавад.

Моддаи 20. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

15 июли соли 2004 № 50