ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Нақшаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004-2009
Бо мақсади паст кардани сатҳи камбизоати ва баланд бардоштани ҳавасмандии моддии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Нақшаи замимагардидаи татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф барои солҳои 2004 - 2009 тасдиқ карда шавад.
2. Аз 1 сентябри соли 2004 меъёри сарбории таълимию омӯзгори барои муаллимони синфҳои 1 - 4 18 соат дар як ҳафта ва синфҳои 5 - 11 16 соат дар як ҳафта муқаррар карда шавад.
3. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 сентябри соли 2004 ба нақшаи таълимии муассисаҳои таҳсилоти умуми, бо дарназардошти кам кардани соатҳои омӯзиш, тағйирот ворид намояд.
4. Аз 1 сентябри соли 2004 вобаста ба тағйирот дар нақшаи таълими ва зиёд шудани сарбории таълимии амалкунанда музди меҳнати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умуми ба андозаи 25% баланд бардошта шавад.
5. Шумораи умумии кормандони соҳаи маориф 5% ихтисор карда шавад.
6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷояги бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои банди 4 қарори мазкурро дар доираи фонди музди меҳнати муассисаҳои тахсилоти умуми аз ҳисоби маблағҳои сарфашудае, ки бо дарназардошти кам кардани соатҳои омӯзиш ва зиёд шудани сарбории таълимию омӯзгори ба вуҷуд омадааст, таъмин намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 30 июни соли 2004 № 291
ш. Душанбе
аз 30 июни соли 2004 № 291
...