ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997. № 9. мод. 112; с. 1998, № 23-24, мод. 340; с. 1999, № 5, мод. 69: с. 2002. № 4, қисми 1, мод. 185) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Кодекси мазкур калимаи "асноди" ба калимаи "санади", калимаҳои "асноди ҷузъии (локалии) меъёри" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии дохили (локали)", калимаҳои "санадҳои ҷузъии меъёрии" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии дохилии", калимаҳои "асноди меъёрии маҳдуд" ба калимаҳои "санадҳои меъёрии дохили", калимаи "корхона" ба калимаи "ташкилот" ва калимаи "байналхалқи" ба калимаи "байналмилали" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 15 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 15. Мафҳумҳои асоси
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
1) санадҳои меъёрии дохили (локали) - санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии мақомоти намояндагии кормандон қабулнамудае, ки муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, дар ҳудуди ташкилот амал мекунанд;
2) тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнати - корфармо ва корманди кироя;
3) корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлати, шахси ҳуқуқи, ҳамчунин намояндаги ва филиалҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузори дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнати мебошанд;
4) корманди кироя (корманд) - шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнати бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад:
5) намояндаи ваколатдори шахси корфармо - роҳбари (муовинони ӯ) ташкилот (воҳиди таркиби), усто, мутахассис ё корманди дигаре, ки қонунгузори ё корфармо ба ӯ ҳуқуқи қабули ҳамаи қарорҳо ё қарорҳои ҷудогонаро, ки аз муносибатҳои меҳнати ва муносибатҳои ба онҳо вобаста бармеоянд. додааст;
6) ташкилот - шахси ҳуқуқи, корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидори;
7) воҳидҳо - коргоҳ, қитъа, бригада, шӯъба, идора ва дигар бахшҳои таркибии ташкилот;
8) омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнати - андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти кори, рухсати ва дигар шартҳое, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин созишномаи тарафҳо муқаррар намудаанд;
9) омилҳои истеҳсолии меҳнати - шароитҳои техники, санитарию гигиени, истеҳсолию маиши ва дигар шароитҳое, ки қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи муайян намудаанд;
10) шароити меҳнат - маҷмӯи омилҳои иҷтимоию истеҳсоли дар ҷараёни фаъолияти меҳнати;
11) шартҳои муҳими кор - низом ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзҳо, низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти нопурраи кори, якҷоякунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгӯи вазифаҳо;
12) касб - навъи фаъолияти меҳнати, ки донишу малакаи тавассути омӯзиш ва таҷриба андӯхтаро тақозо менамояд;
13) дараҷаи тахассус - сатҳи омодагии умуми ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузори муқарраргардида (номаи камол, диплом, шаҳодатнома ва ғайра) тасдиқ мешавад;
14) ихтисос - маҷмӯи дониш, кордони ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кори андӯхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнати дар доираи касби мазкур зарур аст;
15) вазифа - мавқеи хизматии корманд буда, ба доираи ӯҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифави ва хусусиятҳои масъулияти ӯ вобастаги дорад;
16) кормандони мавсими - кормандоне, ки вобаста ба шароити табиию иқлими дар тамоми давраи соли тақвими корро иҷро карда наметавонанд ва фақат дар давоми давраи (мавсими) муайян корро иҷро мекунанд;
17) мутахассисони ҷавон - шахсоне, ки ба ташкилот баъд аз хатми мактабҳои оли ва миёнаи махсус аз рӯи роҳхати муассисаҳои мазкур ба кор қабул шудаанд;
18) брон (ҷудо карда мондан) - таъмини кор аз ҳисоби ҷойҳои холии кор барои гурӯҳи муайяни кормандон;
19) квота - ҳиссаи (қисми) ҷойҳои кориест, ки ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидори барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба ҳимояи иҷтимои эҳтиёҷ дорад, пешниҳод мекунад;
20) шахсоне, ки аъзо ё иштирокчии ташкилот мебошанд - ҳаммолик ва соҳибони амвол, ки бо ин ташкилот муносибатҳои меҳнати доранд;
21) мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат - такроран гунаҳкорона вайрон кардани ӯҳдадориҳои меҳнати дар давраи амали ҷазои интизомии ба ӯ додашуда;
22) дағалона вайрон кардани интизоми меҳнати - ба ҷои кор дар ҳолати масти, нашъаманди ё токсикомани ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар ҷои кор набудан (аз ҷумла. зиёда аз 3 соати рӯзи кори набудан), дар ҷои кор қасдан вайрон намудан ва дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатари, бехатари аз сӯхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла ҷароҳат, садама ё сӯхтор гаштааст;
23) иттифоқи касаба - ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфнатҳои умумиашон ҳам дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсоли ва ҳам ғайриистеҳсоли барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнати, иҷтимоию иқтисоди ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд;
24) иттиҳодияи корфармоён - ташкилоти ғайритиҷоратии ихтиёрона созмондодаи корфармоён баҳри намояндаги ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни он дар доираи шарикии иҷтимои".
3. Дар моддаи 28:
- қисми панҷум хориҷ карда шавад;
- ҷумлаи дуюми қисми якум қисми дуюм ҳисоб карда шавад:
- қисмҳои дуюм, сеюм ва чорум мувофиқан қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум ҳисоб карда шаванд.
4. Моддаи 28(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 28(1) Муқаррароти умуми оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан - тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнати аз тарафи корманд дар баробар ва дар давраи фориғи аз кори (мансаби) асоси иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии муздаш пардохтшаванда.
Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷои кори асоси талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ӯ ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 1 ва 3 қисми дуюми моддаи 32 ҳамин Кодекс муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломати зараровару хатарноки шароити меҳнати қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд ӯҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва характери шароити меҳнат дар ҷои кори асоси маълумот пешниҳод намояд.
Хусусиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омӯзгори, тиббию дорусози, фарҳанг) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд".
5. Моддаҳои 29(1) ва 29(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 29(1) Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан
Дар ташкилотҳои давлати дар ду вазифаи роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузори ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то 18-сола, занҳои ҳомила, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнатии зарарнок дошта, агар кори асоси низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ карда мешавад.
Дар ду (якчанд) ҷой дар ташкилотҳои давлати ҳамроҳ кор кардани хешовандоне, ки таҳти итоату назорати бевоситаи ҳамдигари қарор доранд, манъ аст (моддаи 29.2 ҳамин Кодекс).
Барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, ҳамчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнати ё пардохти ҷубронпули барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 29(2) Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик
Дар як ташкилоти давлати (воҳидҳои таркиби) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ӯ) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутабори ва қудои (волидон, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони волидон, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигари алоқаманд бошад, манъ карда мешавад.
Маҳдудиятҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбини шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк дар ташкилотҳои ғайридавлати низ муқаррар карда шаванд".
6. Ба қисми дуюми моддаи 67 сархати нав бо мазмуни зайл илова карда шавад:
" - ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - нисфи давомнокии мӯътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 60-67 ҳамин Кодекс муайян шудаанд".
7. Банди "е" қисми дуюми моддаи 75 хориҷ карда шуда, банди "ж" банди "е" ҳисоб, карда шавад.
8. Моддаи 84 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 84. Мафҳум ва намудҳои рухсатиҳо
Рухсати муддати вақти нисбатан тӯлониест, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузори бо шарти нигоҳдошташавии ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои меҳнати озод буда, аз он баҳри фароғат ва барқарор намудани қобилияти меҳнати, ҳамчунин қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳо истифода менамояд.
Дар зери мафҳуми кори пештара кори иҷрошудае, ки то давраи рухсати бо ҳамон корфармо, аз рӯи ҳамон ихтисос, вазифа, касб ва дар ҳамон ҷойи кори иҷро шудааст, фаҳмида мешавад.
Ба кормандон намудҳои зерини рухсатиҳо дода мешаванд:
1) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда:
а) рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин;
б) рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;
в) рухсатии иловагии ҳарсола;
2) рухсатиҳои иҷтимои:
а) рухсатии давраи ҳомиладори ва таваллуд:
б) рухсати барои нигоҳубини тифл:
в) рухсатии таълими;
г) рухсатии эҷоди:
3) рухсатиҳои бе музди меҳнат".
9. Моддаҳои 84(1), 84(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
" Моддаи 84(1) Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимои
Кормандон ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатиҳои иҷтимои (қисми дуюми моддаи 75 ҳамин Кодекс) бо мавҷуд будани асосҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳуқуқ доранд.
Иваз кардани рухсати ба ҷуброни пули мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад.
Моддаи 84(2) Ҳуқуқ ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
Кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз корфармоён ва намуди шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо онҳо басташуда. шакли ташкили ва музди меҳнат ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд".
10. Моддаи 85 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 85. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин
Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рӯзи тақвими дода мешавад.
Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи корфармоён ҳатми мебошад.
Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худи мӯҳлати давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтаринро аз 24 рӯзи тақвими бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи ё шартномаҳои (қарордоди) меҳнати зикр ёфтаанд, зиёд намояд.
Рӯзҳои иди ғайрикори, давраи корношоямии муваққати, инчунин рухсатии ҳомиладори ва таваллуд ба рухсатии асосии ҳарсола дохил намегарданд".
11. Моддаи 85(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 85(1) Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
Ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти хислат ва хусусияти функсияҳои меҳнати, синну сол, собиқаи кори, вазъи саломати ва дигар ҳолатҳо рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.
Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:
1) ба ходимони ташкилотҳои илми - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;
2) ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илми, муассисаҳои таълими ва китобхонаҳои ҷумҳуриявию вилояти - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;
3) ба кормандон - омӯзгорони муассисаҳои олии шакли таълимиашон рӯзонаю ғоибона. аз ҷумла доир ба тайёри, бозомӯзи ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва касби-техники - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;
4) ба кормандони мактаб ва муассисаҳои кӯдаконаи томактабию берун аз мактаби - аз 28 то 56 рӯзи тақвими;
5) ба кормандони муассисаҳои маданию равшаннамои - аз 28 то 42 рӯзи тақвими;
6) ба ҳамшираҳои тибби, ки ба тарбияи кӯдакони синни то сесола машғуланд, мураббияҳои гурӯҳҳои ширхораи муассисаҳои кӯдаконаи синни томактаби ва хонаи кӯдакон - 42 рӯзи тақвими;
7) ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал - 28 рӯзи тақвими;
8) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсоли (таълими истеҳсоли) қабул шудаанд - 30 рӯзи тақвими (моддаи 180 ҳамин Кодекс);
9) ба кормандони маъюби гурӯҳҳои якум ва дуюм - 42, гурӯҳи сеюм35 рӯзи тақвими;
10) ба заноне, ки дар соҳаи кишоварзи кор мекунанд - на камтар аз 28 рӯзи тақвими;
11) ба дигар гурӯҳҳои кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номгӯи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар зербандҳои 1) - 5) қисми дуюми моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд".
12. Ба моддаи 86 сархати чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"-ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда (моддаи 89.1 ҳамин Кодекс)";
- сархати чорум мувофиқан сархати панҷум ҳисоб карда шавад.
13. Ба моддаи 87 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Рухсатии иловагии мазкур танҳо бо яке аз асосҳои дар номгӯи пешбинигардида дода мешавад".
14. Ба қисми дуюми моддаи 89 баъд аз калимаи "Тоҷикистон" калимаҳои "инчунин шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи" илова карда шаванд.
15. Моддаҳои 89(1), 89(2), 90(1) ва 91(1) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 89(1) Рухсатии иловагии кормандон бо рӯзи кории ба меъёр гирифтанашуда
Ба кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории мӯътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловаги на камтар аз 10 рӯзи тақвими дода мешавад.
Давомнокии мушаххаси чунин рухсати барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлати фаъолиятдошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони ташкилотҳои ғайридавлати дар шартномаи (созишномаи) коллективи ва дар сурати мавҷуд набудани он тибқи созиши тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнати муқаррар карда мешавад.
Номгӯи кормандони рӯзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлати аз ҷоннби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони зайли ташкилотҳои дар асоси воситаҳои худи фаъолиятдошта бо шартномаи коллективи ё дигар санади меъёрии дохилии ташкилот муқаррар карда мешавад.
Моддаи 89(2) Рухсатии иловаги барои собиқаи кории давомнок
Ба кормандоне, ки дар соҳаҳои алоҳида машғул буда, дорои собиқаи кории давомнок дар як ташкилот мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рӯзи тақвими дода мешавад.
Номгӯи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо, шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои давомнокии собиқаи кор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 90(1) Соли кори
Соли корие, ки барои он рухсатии меҳнати дода мешавад, фосилаи вақтест, ки баробар бо давомнокии соли тақвими буда, барои ҳар як корманди алоҳида аз рӯзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 91(1) Ҳуқуқи корфармо оиди тағйир додани соли кори
Агар маҷмӯи давраҳое, ки тибқи моддаи 91 ҳамин Кодекс ба соли кори дохил мешаванд, аз дувоздаҳ моҳи пурраи тақвими кам бошанд, соли кории корманд ба вақти нарасидаи он тағйир дода мешавад".
16. Моддаи 92 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 92. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнати барои соли аввали кори
Рухсатии меҳнати (асоси ва иловаги) барои соли аввали кори на барвақттар аз ёздаҳ моҳи кори аз ҷониби корфармо дода мешавад.
То ба итмом расидани ёздаҳ моҳи кори корфармо вазифадор аст бо хоҳиши корманд ба ӯ дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнати пешниҳод намояд:
1) ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладори ва таваллуд ё баъди он;
2) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;
3) ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;
4) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тибби барои табобат дар истироҳатгоҳу санатория роҳхат доранд;
5) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асоси дар давраи то ёздаҳ моҳи кори аз рӯи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;
6) ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълими, касбию техники, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус;
7) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;
8) ба заноне, ки соҳиби ду ва зиёда кӯдаки синни то чордаҳсола ё кӯдаки маъюби синни то ҳаждаҳсола мебошанд;
9) ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (басти), муассисаҳои таълимии касбию техники, шӯъбаҳои шабонаю ғоибонаи муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус ва аспирантураҳо таълим мегиранд;
10) дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи (созишномаи) коллективи ё шартномаи (қарордоди) меҳнати муайяншуда.
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнати баъди гузаштани се моҳ дода мешавад.
Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарби бо хоҳишаш рухсатии меҳнати дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ӯ дода мешавад.
Ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 1-9 қисми дуюм, қисмҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда нишондодашуда рухсати мутаносибан ба рӯзҳои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рӯзи тақвими дода мешавад".
17. Моддаи 92(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 92(1) Шартҳои додани рухсатии меҳнати барои солҳои дуюм ва баъдинаи кори
Рухсатии меҳнати (асоси ва иловаги) барои солҳои дуюм ва баъдинаи кори ҳар вақти соли кори мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнати дода мешавад, агар дар ҳамин Кодекс ҳолатҳои дигар пешбини нашуда бошанд".
18. Моддаи 94 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 94. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнати
Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнати бо тартиби пешбининамудаи шартномаи (созишномаи) коллективи ва ё шартномаи (қарордоди) меҳнати, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнати, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё байни корфармо ва корманд мувофиқа гардидааст, муайян карда мешаванд.
Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳати барои соли тақвими тибқи мӯҳлатҳои муқарраргаштаи шартномаи (созишномаи) коллективи тартиб дода мешавад, ки он бо корфармою иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсати, ҳуқуқҳои кормандоне, ки барои гирифтани рухсати имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:
дар давраи тобистон ва дигар вақти муносиб:
1) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;
2) ба омӯзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълимии касбию техники, ҳайати профессорию омӯзгории муассисаҳои таълимии оли ва миёнаи махсус;
3) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани;
4) ба заноне, ки ду ва зиёда кӯдаки синнашон то ҳаждаҳсола доранд;
5) ба кормандоне, ки бемории нурҳои радиоактивиро аз сар гузаронидаанд;
6) ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил иштирок кардаанд;
7) дар дигар ҳолатҳое, ки дар шартномаи (созишномаи) коллективи ё шартномаи (қарордоди) меҳнати пешниҳод гаштааст;
дар давраи муайян:
1) ба кормандоне, ки аз истеҳолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (басти), муассисаҳои таълимии касбию техники, миёнаи махсус ва оли, аспирантураҳо - қабл аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргашта, иҷрои корҳои лаборатори ё таълими, супурдани имтиҳонот ё санҷишҳо ба омӯзиш машғуланд;
2) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асоси.
Оиди вақти пешниҳоди рухсати ба корманд бояд 15 рӯз пеш аз саршавии рухсати хабар дода шавад.
Ба мардони корманд мувофиқи хоҳишашон дар давраи рухсатии ҳамсарашон барои ҳомиладори ва таваллуд рухсатии ҳарсолаи меҳнати пешниҳод карда мешавад".
19. Моддаи 94(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 94(1) Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он
Корфармо ӯҳдадор аст, ки ба корманд, чун қоида, дар давоми ҳар як соли кори (ҳар сол) рухсатии меҳнати пешниҳод намояд.
Дар ҳолатҳои истиснои, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнати ба корманд дар соли ҷори ба ҷараёни мӯътадили кори ташкилот, соҳибкори инфироди таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд як қисми рухсатии ӯро ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
Қисми боқимондаи рухсатии меҳнати набояд аз даҳ рӯзи тақвими кам бошад ва он то охири соли кори ба корманд дода мешавад.
Қисми рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи кори ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсати мавриди истифода қарор мегирад.
Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳсола нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнини зараровари меҳнати кор мекунанд, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнати иҷозат дода намешавад.
Дар давоми ду сол пай дар пай надодани рухсатии меҳнати манъ аст".
20. Моддаи 95 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
",Моддаи 95. Ҳуқуқи корманд оиди ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани мӯҳлати рухсатии меҳнати дар давоми соли кори
Рухсатии меҳнати метавонад ба дигар вақт гузаронида ё дароз карда шавад:
1) ҳангоми корношоямии муваққатии корманд;
2) ҳангоми фаро расидани мӯҳлати рухсати барои ҳомиладори ва таваллуд;
3) ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнати бо рухсати барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнати ва ё дар вақти рухсатии меҳнати ва баъд аз даъвати муассисаи таълими ба расмият дароварда бошад);
4) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлати ё ҷамъияти, агар қонунҳо ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбини карда бошанд;
5) ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар мӯҳлати муқаррарнамуда барои рухсати;
6) бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузори ва шартномаҳои коллективи пешбини намудаанд.
Дар ҳолатҳое, ки ин гуна сабабҳо дар давраи рухсати ба миён омада бошанд, рухсати ба муддати он рӯзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мӯҳлати дигари соли равони кори гузаронида мешавад.
Агар сабабҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнати ба вуҷуд омада бошанд, рухсати бо хоҳиши корманд ба вақти дигари соли кори бо розигии байни корманду корфармо гузаронида мешавад.
Корманд ӯҳдадор аст корфарморо аз сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсати дар мӯҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсати монеъ мешаванд, огоҳ созад".
21. Моддаи 95(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 95(1) Оқибати бе асоси қонуни ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнати аз ҷониби корманд
Агар рухсатии меҳнати бо риояи тартиботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар мӯҳлати муайяншудаи он то охири соли кори бе асоси қонуни рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пули ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи 100 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд".
22. Дар моддаи 96:
- дар қисми якум рақами "12" ба рақами "14" иваз карда шавад;
- дар қисми сеюм рақами "92" ба рақами "94(1)" иваз карда шуда, баъд аз калимаи "гардад" калимаҳои "агар ҳолатҳои дигар дар шартномаи коллективи пешбини нашуда бошанд" илова карда шаванд:
- дар қисми чорум баъди калимаи "зараровар" калимаи "ё хавфнок" ва баъд аз калимаҳои "корашон характери махсус дорад" калимаҳои ", ҳамчунин дигар ашхос дар ҳолатҳои дар қонунгузори пешбинишуда" илова карда шаванд.
23. Моддаи 97(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 97(1) Воситаҳои пардохти рухсатиҳо
Пардохти рухсатиҳои меҳнати ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатии ҳомиладори ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс) ва нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 165,166 ҳамин Кодекс) аз ҳисоби воситаҳои худи корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, аз ҳисоби воситаҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбини гардидаанд, амали карда мешавад.
Пардохти рухсати аз рӯи ҳомиладори ва таваллуд, рухсатии нигоҳубини кӯдак аз ҳисоби воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимои амали карда мешавад".
24. Моддаи 98 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 98. Рухсатии иҷтимои
Рухсатии иҷтимои ба кормандон барои фаъолияти эҷоди (моддаи 98(1) ҳамин Кодекс), давраи ҳомиладори ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс), нигоҳубини кӯдак (моддаҳои 165, 166 ҳамин Кодекс) ва таҳсил бе ҷудошави аз истеҳсолот (моддаҳои 186,187,188 ҳамин Кодекс) дода мешавад.
Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимои аз давомноки, ҷой ва намуди кор, номгӯи ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.
Дар вақти рухсатии иҷтимои ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё шартномаи коллективи (созишнома) пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
Рухсатии иҷтимои илова ба рухсатии меҳнати дода мешавад.
Рухсатии иҷтимои барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.
Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимои дар соли ҷории тақвими он ба соли дигари кори гузаронида намешавад ва бо маблағи пули ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан".
25. Моддаи 98(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 98(1) Рухсатии эҷоди
Рухсатии эҷоди бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолави, навиштани китобҳои дарси ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузори муайян намудааст, дода мешавад.
Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро қонун муқаррар мекунад".
26. Моддаи 99 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 99. Рухсатии бемузди меҳнат
Ба корманд, бинобар вазъи оилави ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бе музди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии онро мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад.
Рухсатии бе музди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатми ба инҳо дода мешавад:
1) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахӯрони коркунанда - ҳар сол то 14 рӯзи тақвими;
2) ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд - ҳар сол то 14 рӯзи тақвими;
3) ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моҳ дар як сол;
4) ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кӯдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон - то 7 рӯзи тақвими;
5) ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнати ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) - то 14 рӯзи тақвими;
6) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тибби барои табобат роҳхати санаторию истироҳати доранд, ки мӯҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнати зиёд аст - ба мӯҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи мӯҳлати рухсатии меҳнати истифода шуда бошад, ба мӯҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);
7) ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳоноти дохилшави ба муассисаҳои оли, миёнаи махсуси таълими иҷозат дода шудаандмутобиқан 15 ва 10 рӯзи тақвими, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълими;
8) ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва дар онҳо бе ҷудошави аз истеҳсолот таҳсилкунанда - барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳони дохилшави, номзади ва кори рисолави;
9) дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои коллективи пешбини намудаанд.
Рухсатиҳои дар бандҳои 1-3-юми қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар даврае дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст. Узрнок будани сабабҳои дода шудани рухсатии меҳнатии иҷтимоиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективи тартиби дигар муқаррар нашуда бошад".
27. Моддаи 99(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 99(1) Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок
Бо сар задани зарурати муваққатан боздоштани кор ё ҳангоми кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо, бо мақсади пешгири намудани озодкунии кормандон аз рӯи ихтисори шумора ё штат, ҳуқуқ дорад бо ризоияти корманд (кормандон) ба ӯ (онҳо) рухсатии бе нигоҳдори ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективи тартиби дигар пешбини нашуда бошад.
Андозаи музди меҳнати пардохтшаванда дар ин сурат аз рӯи мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи маоши корманд кам буда наметавонад".
28. Моддаи 100 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 100. Амали кардани ҳуқуқи рухсати ҳангоми аз кор озод намудан
Ҳангоми аз кор озод намудан новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпули дода мешавад.
Бо хоҳиши корманд ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнати бо ташаббуси ӯ рухсатиҳои истифоданашуда бо шарти пас аз ба итмом расидани рухсати аз кор озод кардан дода шуда метавонанд. Дар ин ҳолат таърихи аз кор озод шудан рӯзи охирини рухсати ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнати рухсати бо шарти баъди рухсати аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, ки агар мӯҳлати рухсати пурра ё қисман аз мӯҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнати бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи (қарордоди) меҳнати то ба охир расидани рухсати дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.
Ҷубронпули барои рухсатии пурраи меҳнати дар сурате пардохта мешавад, ки агар корманд то рӯзи аз кор озод шудан дар тамоми соли кори кор карда бошад. Агар то рӯзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли кори меҳнат карда бошад, ҷубронпули мутаносибан ба вақти кор кардашуда пардохта мешавад.
Ҷубронпули барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рӯзи озодкуни пардохта мешавад".
29. Моддаи 100(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 100(1) Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсати
Корфармо бо назардошти фикри коллективи меҳнати метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркуни ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо муносиб рухсати диҳад.
Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад) ва дар мувофиқа бо шартномаи (созишномаи) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати корфармо ҳуқуқ дорад:
1) барои кор аз рӯи ҷадвали ҳафтаи кории муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбасти) ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвими рухсатии иловаги муқаррар намояд;
2) барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнати, иҷрои корҳои махсусан вазнин ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 7 рӯзи тақвими рухсатии иловаги муқаррар намояд;
3) андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимои, пеш аз ҳама рухсатиҳои бо давраи ҳомиладори ва таваллуд, нигоҳубини кӯдак, фаъолияти эҷоди ва таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;
4) кормандонеро, ки рухсатии худро дар санаторияҳо, пансионатҳо, хонаву базаҳои истироҳати, дар санаторияҳои профилактики ва дигар муассисаҳои табобатии истироҳати гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро мустаҳкам мекунанд, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то истироҳатгоҳ ҳавасманд гардонад".
30. Моддаи 101 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 101. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон
Музди меҳнати кормандон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасони) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифи ва коэффитсиентҳои байнидараҷави, мувофиқи комёбии сатҳи техники, технологи ва ташкили истеҳсолот, дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити мӯътадили кор муқаррар мекунад.
Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат (моддаи 103 ҳамин Кодекс) буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.
Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифи, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:
1) барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд - қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи;
2) барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузори аз буҷети давлати ва аз фаъолияти соҳибкори) - қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқи, инчунин, шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо;
3) барои кормандони дигар ташкилотҳо - шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо, шартномаҳои (қарордоди) меҳнати.
Корфармо ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандони ташкилот низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд".
31. Моддаҳои 102(1), 102(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 102(1) Кафолати давлати оиди пардохти музди меҳнати кормандон
Низоми кафолати давлати инҳоро дар бар мегирад:
1) низоми тарифи, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад: меъёрҳои тарифи (маошҳо), ҷадвали тарифи, коэффитсиентҳои тарифи. Мушкилоти иҷроиши кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифи аз рӯи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён сурат мегирад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
2) андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат - меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифи (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурӯҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;
5) миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёри фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рӯзҳои истироҳатию идҳо, зиёда аз вақти муқаррари кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлими доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;
6) чораҳо барои нигоҳдории сатҳи ҳақиқии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбанди аз даромад;
8) назорати давлатии пардохти саривақтии музди меҳнат ва амали намудани кафолатҳои давлати оиди қисмати андозаи он;
9) ҷавобгарии корфармоён барои вайрон кардани шартҳои шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи оиди музди меҳнат.
Кафолати давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки дар муносибатҳои меҳнати ва шартҳои кироя бо корфармоёни ҳама гуна шакли моликият мебошанд, тааллуқ доранд.
Моддаи 102.2 Музди меҳнат
Музди меҳнат - маҷмӯи подошҳои бо воҳиди пули ё дар шакли асли ҳисобкардашудае мебошад, ки корфармо бояд онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти кори дохил мешавад, пардохт намояд.
Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доими ва тағйирёбанда иборат мебошад.
Ҳнссаи доимии музд аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифи (маош) иборат аст.
Ҳиссаи тағйирёбандаи музд ба натиҷаҳои кор вобастагии зич дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи кори, аз рӯи натиҷаҳои кори солона, унвони илми ва ғайра) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд баровардани маҳсулот) дар бар мегирад".
32. Моддаи 103 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 103. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат
Ҳадди ақали музди меҳнат - миқдори давлатии ҳатмии ҳадди ақали пардохти пулие мебошад. ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити мӯътадил, бо риояи давомнокии вақти корие, ки Кодекси мазкур муайян намудааст ва барои иҷрои вазифаҳои муайян ба корманд пардохт менамояд.
Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.
Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловаги, изофапули, пардохти ҳавасмандсози, инчунин пардохти барзиёдати, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан (моддаҳои 105, 106 ҳамин Кодекс) дода мешаванд, дохил намегарданд.
Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳияви, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкӯҳ муқаррар гардидаанд (моддаи 104 ҳамин Кодекс), андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.
Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи (ғайри онҳое, ки як тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбини карда шавад".
33. Моддаҳои 104(1), 104(2), 104(3), 104(4), 104(5), 104(6), 104(7) ва 104(8) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 104(1) Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат
Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рӯи вазифа иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.
Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои тафриқаи музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.
Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рӯи коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба барои тафриқаи ҳадди ақали музди меҳнати гурӯҳҳои кормандони касбию тахассуси муқарраршуда муайян карда мешаванд.
Тарифҳои давлати дар соҳаи музди меҳнат, ҳамчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рӯзбайъ ва ғайраҳо, ки бо дарназардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.
Тарифҳои давлати дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд.
Моддаи 104(2) Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон
Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифи пардохта мешавад, кн онҳоро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда бошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Ба дараҷаи мушаххаси тарифи (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рӯи тартибе сурат мегирад, ки онро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.
Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассуси дар навбати аввал дода мешавад.
Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бомуваффақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ӯ дараҷаи баландтари тахассуси диҳад.
Моддаи 104(3) Музди меҳнате, ки дар шароитҳои махсус истифода карда мешавад.
Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароитҳои меҳнатии зарарнок ва махсусан зарарнок аз рӯи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори он, ҳамчунин аз рӯи шартномаҳои (созишномаҳои) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.
Моддаи 104(4) Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат
Шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандкуни ва ҷуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи (созишномаи) коллективи ва шартномаи (қарордоди) меҳнати муқаррар карда мешаванд.
Шаклҳо ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлати ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо қонун муқаррар мекунад.
Шаклҳо ва низоми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Тафриқабандии андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккаби ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад.
Моддаи 104(5) Тағйир додани шартҳои музди меҳнат
Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд, тағйир дода мешаванд.
Тағйири шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ӯ роҳ дода намешавад. Дар ҳолати зерини истиснои чунин тағйирот мумкин аст:
- ҳангоми тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат, ки шартҳои музди меҳнати пешинаро нигоҳ доштан имкон надорад.
Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ пеш огоҳ карда шавад.
Моддаи 104(6) Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун
Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, ҳамчунин хизматчиён аз рӯи кори дараҷаи баландтари тахассуси дода мешавад.
Ба кормандони корбайъ аз рӯи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.
Дар ҷое, ки аз рӯи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттарбуда супорида мешавад, таносуби байнидараҷави пардохта мешавад.
Моддаи 104(7) Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани вазифаи кормандони ба кор ҳозирнабуда
Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи (қарордоди) меҳнати тасдиқшудаи худ аз рӯи ихтисос, дараҷа ва вазифа дар муддати бо қонунгузори муқарраркардаи давомнокии рӯзи кори (басти кори) бе озодшави аз кори асоси корҳои иловагиро аз рӯи дигар ихтисос иҷро мекунанд, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапули дода мешавад.
Андозаи иловапули барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасони (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаи кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлати маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапули бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад.
Моддаи 104(8) Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан
Дар вақти муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷет маблағгузори мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии бо ҷадвали штати (бе илова ва зиёдшави) пешниҳодшуда пардохта мешавад.
Корманди ивазкунанда аз рӯи шарт ва ба андозаи барои вазифаи корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.
Шарт ва тартиби музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи дигар корманд дар дигар ташкилотҳо кор кардан аз тарафи корфармо муқаррар гашта, дар шартномаи (созишномаи) коллективи пешбини мешавад".
34. Моддаи 105 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 105. Пардохти изофакори, кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид
Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррари чунин пардохта мешавад:
1) ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;
2) ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифави мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.
Мувофиқи аҳд бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррари кор кардааст, рӯзи дигари истироҳат додан мумкин аст.
Барои дар рӯзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 ҳамин Кодекс) ва дар рӯзҳои истироҳат (моддаи 81 ҳамин Кодекс) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти кори кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рӯзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рӯзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад.
Барои кори зиёда аз вақти муқаррари, дар рӯзҳои ид ва истироҳат мукофот аз рӯи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рӯи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.
Дар шартномаи (созишномаи) коллективи, шартномаи (қарордоди) меҳнати дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррари низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои якум, сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбини шудаанд".
35. Моддаи 105(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 105(1) Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд
Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рӯи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнати пардохта мешавад.
Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёри, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеи пардохта мешавад.
Ба шахсони .дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳияви ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо дарназардошти ҳамин иловапулиҳо пардохта мешавад".
36. Моддаи 107 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 107. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористи, ҳамчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав
Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ва аз кор бозистодан, ки бо айби корманд сар назадааст, музди миёнаи моҳонаи ӯ пардохта мешавад.
Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рӯи кори иҷрошудаи воқеи пардохта мешавад.
Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористи, ки бо айби корманд сар задааст , музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъди маслиҳат ва мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муайян мекунад, пардохта мешавад.
Нуқси маснуот, дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳони дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъди қабули маснуот аз ҷониби мақомотн назорати техники маълум гардидааст, баробар бо маснуоти коршоям пардохта мешавад.
Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи коллективи, қарордоди меҳнати муайян карда мешавад".
37. Ба моддаи 108 қисми чорум бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Музди меҳнате, ки коргар то рӯзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ӯ ё шахсе дода мешавад. ки хароҷоти дафнро тибқи андозаи талабот ба зимма гирифтаанд";
қисмҳои чорум ва панҷум мувофиқан қисмҳои панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.
38. Моддаҳои 108(1), 108(2), 108(3) ва 108(4) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 108(1) Шаклҳои пардохти музди меҳнат
Музди меҳнат танҳо дар шакли воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Бо розигии корманд ба ивази пардохти пули қисман ба пардохти асли (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ӯ зиёд буда наметавонад. Пардохти асли ба ҷойи пардохти пули бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахси мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ӯ фоиданок бошад.
Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгӯи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.
Пардохти музди меҳнат дар шакли ӯҳдадориҳои қарзи, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.
Моддаи 108(2) Ҷойи пардохти музди меҳнат
Музди меҳнат ба корманд чун қоида бевосита дар ҷойи иҷрошудаи кор (дар ташкилот) пардохта мешавад.
Агар корманд дар рӯзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизмати, дар курсҳои такмили ихтисос ва ғайра), он гоҳ бо хоҳиши корманд, корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ӯ музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро ба ашхоси бовариноки корманд супорад.
Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ӯ гузгаронида мешавад.
Моддаи 108(3) Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат
Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи принсипн ҳисоби хоҷаги фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба даст омада буда, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад.
Моддаи 108(4) Фонди захиравии музди меҳнат
Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисоби мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузори, шартномаҳои коллективи ва меҳнати пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхурии ташкилот, қатъ гаштани фаъолияти соҳибкори инфироди ва дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузори пешбинишуда корфармо вазифадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнат таъсис диҳад.
Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад".
39. Моддаи 109 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 109. Нигоҳдоштани маблағ аз музди меҳнат
Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати кормандон барои ҷуброни қарзҳояшон дар назди корфармо бо супориши корфармо амали карда мешавад:
1) барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;
2) барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисобу китоби нодуруст зиёдати дода шудааст;
3) барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва саривақт барнагардонидае, ки барои сафари хизмати ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷои дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидори дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозиги баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рӯзи охирини мӯҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рӯзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;
4) ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнати гирифтааст, барои рӯзҳои корнакардаи рухсати. Агар корманд бо асосҳои дар бандҳои 1, 2 ва 5 қисми якуми моддаи 46 ва банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикршуда аз кор озод шуда бошад. инчунин ҳангоми фиристонидан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолатҳое, ки дар рӯзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад, маблағ барои ин рӯзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад;
5) ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (банди 1 моддаи 135 ҳамин Кодекс).
Музди меҳнате, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонун, ба истиснои ҳолатҳои ҳисобу китоби нодуруст, аз корманд руёнидан мумкин нест.
Корфармо ӯҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ӯ бо тартиби ҳисоби ғайринақди нигоҳ дорад.
Барои ҳама гуна музди меҳнат андозаи умумии маблағе, ки нигоҳ дошта мешавад, аз 20 фоизи он бештар буда наметавонад ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун 50 фоизи музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад.
Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷроия бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.
Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда муқаррар шудаанд, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкуни ва руёниданн алимент барои кӯдакони ноболиғ, ҷуброни зарари ба саломати расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда ҷори намегарданд. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳ дошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.
Ба нигоҳ доштани маблағ аз кӯмакпулиҳои яквақта, ҷубронпули ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон руёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад".
40. Ба Кодекс боби 7.1 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"БОБИ 7.1 МЕЪЁРҲОИ МЕҲНАТ ВА НАРХНОМАИ КОРБАЙЪ
Моддаи 109(1) Меъёрҳои меҳнат
Меьёрҳои меҳнат - меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасони, шумора, супоришҳои ба меъёр гирифташуда барои кормандон мутобиқи дастовардҳои сатҳи техники, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурӯҳи алоҳидаи кормандон бошад, бо дарназардошти омилҳои физиологи, синну сол ва ҷинсият муайян карда мешаванд.
Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат метавонанд меъёрҳои калонтар ва комплексии меҳнат истифода шаванд.
Моддаи 109(2) Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат
Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки иттифоқҳои касаба сурат мегирад,
Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав барраси намудани меъёрҳои меҳнат кормандон бояд на дертар аз як моҳ пештар хабардор карда шаванд.
Моддаи 109(3) Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ
Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифи (маош) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.
Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрӯза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрӯзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рӯз, муайян карда мешавад.
Моддаи 109(4) Таъмини шароити мӯътадил барои иҷрои меъёри меҳнат
Корфармо ӯҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнати шароити мӯътадил фароҳам намояд.
Ба шароити мӯътадил дохил мешаванд:
1)таъмини фармоишоту ҳаҷми корҳо;
2)ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;
3)таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техники;
4)сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;
5)таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳои истифодаи барқи:
6)шароити бехатар ва солими меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатари, равшании зарури, гарми, шамолдиҳи, бартараф кардани оқибати садоҳои зараровар, нурафкани, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии корманд таъсири манфи мерасонанд)".
41. Моддаи 110(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Моддаи 110(1) Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии мӯҳлатнок
Кормандоне, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарби аз кор озод карда мешаванд (банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс), баъди ба анҷом расидани мӯҳлати хизмат бо ҷои кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд".
42. Ба моддаи 111 баъди калимаҳои "қарордоди коллективи" калимаҳои "ё корфармо тибқи мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон" илова карда шаванд.
43. Моддаҳои 117(1), 117(2) ва 117(3) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 117(1) Сафари хизмати
Сафари хизмати сафари корманд тибқи супориши корфармо ба мӯҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои вазифаҳои хизмати берун аз ҷои кори доими ҳисоб мешавад.
Сафари корманде, ки кораш ба таври доими дар роҳ мегузарад ё характери ҳаракаткунандаю сайёр дорад, ҳамчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизмати ҳисобида намешавад.
Моддаи 117(2) Роҳхат, барасмиятдарори, низоми вақти кори ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизмати
Фиристонидани корманд ба сафари хизмати бо фармон (амр)-и корфармо ва додани шаҳодатномаи сафарии хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.
Ба кормандоне, ки дар сафари хизмати мебошанд, низоми вақти кори ва истироҳати дар маҳалли сафари хизмати муқарраргардида ҷорй мешавад, аммо музди миёнаи меҳнат дар ҳама рӯзҳои кории хафта аз рӯи ҷадвали ҷои кори доими нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 117(3) Мӯҳлати дар сафари хизмати будан
Мӯҳлати воқеии дар сафари хизмати будан аз рӯи қайд дар шаҳодатномаи сафарии хизмати бо рӯзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.
Ба мӯҳлати зиёда аз 30 рӯзи тақвими ба сафари хизмати фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Рӯзи рафтан ба сафари хизмати рӯзи ба роҳ баромадани (омадани) қатора, тайёра, автобус ё дигар воситаи нақлиёт аз ҷои кори доимии ба сафари хизмати фиристодашаванда ҳисобида шуда, рӯзи бозгашт - рӯзи омадани нақлиёт ба ҷои кори доими ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадани нақлиёт то соати 24 рӯзи рафтан ба шабонарӯзи ҷорй ҳисоб карда шуда, аз соати 00 ва дертар ба шабонарӯзи оянда дохил мешавад.
Вақти тамомшавии кор дар рӯзи рафтан тибқи шартнома бо розигии корфармо муайян карда мешавад. Дар ҳолати омадан то анҷоми рӯзи кори масъалаи вақти ҳозир шудан ба кор дар худи ҳамин рӯз бо ҳамин тартиб ҳал карда мешавад".
44. Моддаи 118 дар таҳрири зайл баён карда шавад.
"Моддаи 118. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизмати
Ҳангоми сафари хизмати хароҷоти зерин ҷуброн карда мешавад:
1) хароҷоти зисти дур аз маҳалли зисти доими (рӯзмарра);
2) хароҷоти роҳкиро;
3) хароҷоти кирои манзили истиқомати;
4) хароҷоти дигаре, ки корманд бо иҷозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.
Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.
Ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизмати рафта дар давоми тамоми вақти сафари хизмати нигоҳ дошта мешавад".
45. Моддаи 118(1) бо мазмуни зайл илова карда шавад.
"Моддаи 118(1) Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтави (навбатдори)
Барои кормандоне, ки ба сохтмон, энергетика, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобили, роҳи оҳан, кофтукови, иктишофи геологи, корҳои топографию геодези, экспедитсияҳои илми, ҳамчунин ҳамлу нақли нафту газ ва нигоҳдории шоҳроҳҳо машғул мебошанд, барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтави (навбатдори), корҳои доими дар роҳ, корҳо берун аз ҷойи истиқомати доими иловапули (ҳақмузди ризоятии саҳрои) дода мешавад.
Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз рӯи корҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбини шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад".
46. Моддаи 119 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Моддаи 119. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан
Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешаки, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:
1) арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кӯдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарор дошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд) ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизмати фиристода мешавад;
2) хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобили ё роҳи оҳан (истифодаи умуми) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шавад);
3) хароҷоти шабонарӯзи барои ҳар як рӯзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизмати пешбини шудааст;
4) ёрдампулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил ба андозаи музди моҳонаи тарифи дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила ба андозаи чоряки ҳиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.
Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифи дар ҷойи нави кор, барои рӯзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, ҳамчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рӯз дода мешавад.
Агар андозаи аниқи ҷубронеро, ки ба корманд ҳисоби мешавад, пеш аз мӯҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.
Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, ҳамчунин ёрдампулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисоби карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рӯзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд".
47. Моддаҳои 119(1), 119(2) бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"Моддаи 119(1) Ҷубронпули барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешаки ба маҳалли дигар
Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешаки бо корфармо ба маҳалли дигар ба вай тибқи муқаррароти моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷубронпули дода мешавад, ба истиснои ёрдампулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохта мешавад.
Агар корманд ба мӯҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ӯ наоянд, он гоҳ тибқи розигии тарафҳо ба ӯ хароҷоти зисти муваққати дар ҷойи нав метавонад пардохта шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарузи зиёд набошад.
Андозаи аниқи ҷубронпули бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, аммо он наметавонад аз андозаи муқарраргаштаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлати маблағгузори мешаванд, кам бошад.
Моддаи 119(2) Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан
Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 119 ва 119(1) ҳамин Кодекс пешбини шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки ба ӯ корманд гузаронида мешавад. равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.
Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузори кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:
1) ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шурӯъ накунад;
2) то тамомшавии мӯҳлати кор, ки қонунгузори дар бораи меҳнат, шартномаи (қарордоди) меҳнати пешбини намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбини кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани мӯҳлати муайян бошад - то пурра шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳкорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузори барои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнати асос шудаанд.
Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркаши намудан корманд вазифадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро, баргардонад".
48. Дар моддаи 152:
- дар қисми сеюм калимаҳои "ба андозаи 36 рӯзи кори" ба калимаҳои "бо давомнокии 42 рӯзи тақвими" ва калимаҳои "ба андозаи 24 рӯзи кори" ба калимаҳои "бо давомнокии 35 рӯзи тақвими" иваз карда шаванд;
- ҷумлаҳои дуюм ва сеюми қисми сеюм, чун қисмҳои чорум ва панҷум ҳисоб карда шаванд.
49. Ба моддаи 184 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда танҳо дар ҷойи кори асоси дода мешаванд".
50. Дар моддаи 187:
- дар қисми дуюм калимаҳои "сию шаш рӯзи кори" ба калимаҳои "42 рӯзи тақвими" иваз карда шаванд;
- ба қисми чорум баъд аз калимаҳои "Ҷумҳурии Тоҷикистон" калимаҳои "бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсати" илова карда шаванд.
51. Қисми якуми моддаи 225 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Назорати давлатии риояи қонунҳои меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи мақоми давлатии махсус ваколатдоршуда ва инспексияҳои дар фаъолияти худ ба корфармо тобеънабуда ба амал бароварда мешавад".
Моддаи 2.
Қонуни мазкур пас аз интишори расми мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
17 майи соли 2004 № 26