Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 19 апрели соли 2000, № 172 "Дар бораи баъзе тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи бозоргирии молҳои дар анборҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ҷамъшуда"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон

ҚАРОР

Дар бораи баъзе тадбирҳои баланд бардоштани сатҳи бозоргирии молҳои дар анборҳои корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ҷамъшуда

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с.№ 47)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с.№ 47)

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бозоргирии молҳои дар анборҳои корхонаҳои саноатии кишвар ҷамъшуда, мӯътадил сохтани фаъолияти молиявию хоҷагии корхонаҳо ва фароҳам овардани шароит барои барқарор намудани робитаҳои мустақими пештараи хоҷагӣ бо корхонаҳои дигар кишварҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Ба таври истисно, ба корхонаҳои саноатӣ содироти маҳсулоти дар анборҳояшон ҷамъшуда тибқи номгӯи дар замимаи № 1 овардашуда ва воридоти ҷавобии ашёи хом, масолеҳ, қисмҳои эҳтиётӣ ва таҷҳизоте, ки бевосита дар ҷараёни истеҳсоли маҳсулоти асосии корхонаҳои анҷомдиҳандаи амалиёти зикргардида истифода мешавад, ба шарти пардохти андозу боҷҳои гумрукии ҷорӣ, иҷозат дода шавад.

2. Муқаррар карда шавад, ки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маҳсулоти мутобиқи банди 1 ҳамин қарор содиршаванда тибқи замимаи № 2 паспорти муомилот тартиб медиҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с.№ 47).

3. Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар мақомоти назорати асъор хоҳиш карда шавад, ки дар сурати аз ҷониби корхонаҳо дар мӯҳлатҳои муқаррарнамудаи Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон аз 13 июли соли 1999 № 1249 ба роҳ монда шудани таҳвилоти мутақобила маблағи маҳсулоти вориднамуда ва ҳаҷми маблағҳои асъории барои маҳсулоти содирнамуда ба ҳисобҳои асъории корхонаҳо воридшударо, дар сурати ба маблағи содирот баробар будан, ҳамчун баргашти маблағҳои асъорӣ ҳисоб кунанд.

Нисбати корхонаҳое, ки мӯҳлатҳо ва баробарии содироту воридотро вайрон мекунанд, табдирҳои таъсиррасонии тибқи қонун муқарраргардида андешида шаванд.

4. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро зери назорат қарор диҳад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с.№ 47):

- ҳачмҳои маҳсулоти содиршаванда мутобиқи номгӯи замимагардида;

- баробарарзиш будани маҳсулоти тибқи таҳвилоти мутақобила ворид ва содиршаванда мутобиқи нархҳои биржавии дар давлатҳои таҳвилгар ташаккулёфта. Ҳар моҳ Ҳукумати ҷумҳурӣ бо пешниҳод намудани маълумоти оморӣ аз камбудиҳои роҳдодашуда огоҳ карда шавад.

5. Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар семоҳа дар хусуси ӯҳдадориҳои худро дар назди буҷет аз рӯи пардохтҳои ҷорӣ иҷро намудани корхонаҳои содиркунандаи маҳсулоти дар ин қарор зикргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот пешниҳод кунанд (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 26.01.2008с.№ 47).

...

Утратил силу в редакции постановления Правительства РТ от 05.07.2014, № 463

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О некоторых мерах по повышению ликвидности товаров скопившихся на складах промышленных предприятий республики

(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.12.2000г.№505, 04.06.2004г.N249, от 26.01.2008г.№47)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 29.12.2000г.№505, 04.06.2004г.N249, от 26.01.2008г.№47)

В целях повышения ликвидности товаров, скопившихся на складах отечественных промышленных предприятий, стабилизации финансово-хозяйственной деятельности предприятий и создания условий для восстановления прежних прямых хозяйственных связей с предприятиями других стран, Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Разрешить, в порядке исключения, промышленным предприятиям экспорт собственной, скопившейся на складах продукции по перечню, приведённому в Приложении № 1, и встречный импорт, сырья, материалов, запасных частей и оборудования, непосредственно используемых в процессе производства основной продукции предприятий, осуществляющих указанные операции, при условии уплаты текущих налоговых и таможенных платежей.

2. Установить, что Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан на вывозимую продукцию, в соответствии с пунктом 1 настоящего постановления, оформляется паспорт сделки согласно приложению № 2(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.01.2008г.№47).

3. Просить Национальный Банк Таджикистана и другие органы валютного контроля при осуществлении взаимопоставок предприятиями в сроки, установленные Указом Президента Республики Таджикистан от 13 июля 1999 г. № 1249, засчитывать сумму импортированной продукции и объём валютных средств, поступивших на валютные счета предприятии за экспортированную продукцию, в случае эквивалентности сумме экспорта, как возврат валютных средств.

К предприятиям, нарушающим сроки и эквивалентность экспорта-импорта, применять установленные законодательством меры воздействия.

4. Таможенной службе при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить контроль(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.01.2008г.№47):

- за объёмами экспортируемой продукции в соответствии с прилагаемым перечнем;

- эквивалентности ввозимой и вывозимой по взаимопоставкам продукции согласно биржевых цен, сложившихся в государствах-поставщиках. Ежемесячно информировать Правительство республики о допущенных недостатках с представлением статистических данных.

5. Налоговому комитету при Правительстве Республики Таджикистан. Таможенной службе при Правительство Республики Таджикистан, Фонду социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан ежеквартально информировать Правительство Республики Таджикистан о выполнении обязательств перед бюджетом по текущим платежам предприятиями-экспортёрами, указанной в настоящем постановлении продукции(в редакции Постановления Правительства РТ от 26.01.2008г.№47).

...