ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 апрели соли 2000 "Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000, №4, моддаи 108) та(йиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Ба моддаи 1 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент, Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи худ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд"
2. Моддаи 3 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Мӯҳлати ваколати Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон 5 сол аст. Ваколати Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар рӯзи о(ози фаъолияти Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони даъвати нав қатъ мегардад.
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон метавонанд пеш аз мӯҳлат дар ҷаласаи якҷояи худ бо тарафдории на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Маҷлиси милли ва вакилони Маҷлиси намояндагон ихтиёран пароканда шаванд.
Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар давраи вазъияти фавқулодда ва ҳолати ҷанги пароканда намешаванд".
3. Ба моддаи 4 қисми дуюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мақомоти ҳамоҳангсозандаи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон дар алоҳидаги ҷаласа мегузаронанд";
қисмҳои дуюм ва сеюм қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
4. Қисми дуюми моддаи 5 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Дар ин иҷлосияҳо танҳо он масъалаҳое барраси мешаванд, ки боиси даъвати ин иҷлосияҳо гаштаанд".
5. Қисми панҷуми моддаи 7 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
...