×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2004 № 31 "Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот"

Санаи амалкуни: 05.01.2008

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУҲОФИЗАТ ВА ИСТИФОДАИ ОЛАМИ НАБОТОТ

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 329, аз 5.01.2008 № 353, аз 20.06.2024 № 2058)

(Қонуни ҶТ аз 30.07.2007 № 329, аз 5.01.2008 № 353, аз 20.06.2024 № 2058)

Қонуни мазкур принсипҳои сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муҳофизат ва истифодаи оқилонаи олами наботот таҳким бахшида, асосҳои ҳуқуқи, иқтисоди ва иҷтимоии ин соҳаро муайян намуда. ба ҳифз ва барқарор кардани захираҳои олами наботот нигаронида шудааст.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

растаниҳо (чун объектҳои олами наботот)-организмҳое, ки ба воситаи ҷанин, ҳосилаҳо, тухмиҳо ва қисмҳои вегетативи (аз ҷумла занбурӯғҳо, обсабзҳо, ушнаҳо, гулсангҳо, фарншаклҳо) афзуда, қобиланд ба тавассути нуру гармии офтоб, аз пайвастагиҳои ғайриорганики моддаҳои органикиро синтез намоянд;

объектҳои олами наботот ё захираҳои табиии наботот - ҳамаи намудҳои растаниҳои худрӯй: қисмҳои рӯизаминӣ ва зеризаминии онҳо, аз ҷумла решаву тухмӣ, гул, алафзор, гиёҳҳои доруворӣ ва техникӣ, меваю ҳосили буттаҳои худрӯй, растаниҳои нодир ва таҳти хатари нестшавӣ қарордошта, дарахтон, гурӯҳи дарахтон, буттаҳо, ниҳолҳои дарахтон ва буттаҳои найшакар, қамишзор, инчунин обсабзҳо, набототи ушнамонанд, занбуруғҳо, гулсангҳо ва ғайра мебошанд.

Объектҳои олами наботот тақсим мешаванд:

- аз рӯи таъинот: ба растаниҳои озуқавӣ, хӯроки чорво, доруворӣ ва техникӣ;

- аз рӯи паҳншавӣ: зиёдпаҳншуда, маҳдудан паҳншуда, нодир, таҳти хатари нестшави қарордошта:

олами наботот (растаниҳо)-гурӯҳи навъҳои табиии аз ҷиҳати таркиб, сохт, мавқеъ ва аҳамияташон гуногуни наботот ё гурӯҳи растаниҳо аст, ки ба таркиби гуногуни фитосеногенез (ҷараёни ташаккулу инкишофи растанӣ) ва замони пайдоиш муттаҳид гардида, замин ё ҳудудҳои алоҳидаи онро пӯшонда, ба миқдор ва вобасташавии гурӯҳҳои гуногуни растаниҳо, масоҳат, сохт ва ҷараёни инкишофи онҳо, инчунин маҷмӯи шаклҳои фаъолияти организми растаниҳо муайян карда мешаванд;

гурӯҳи растаниҳо-маҷмӯи навъҳои растаниҳое мебошанд, ки дар ҳудуди якхела рӯида, намуди таркиби ва сохти онҳо ба муносибатҳои мураккаби байни ҳамдигар, бо ҳайвонот ва муҳити зист сахт вобастагӣ дорад;

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКА ТАДЖИКИСТАН

ОБ ОХРАНЕ И ИСПОЛЬЗОВАНИИ РАСТИТЕЛЬНОГО МИРА

(в редакции Закона РТ от 30.07.2007г.№329, от 5.01.2008г.№353, от 20.06.2024 №2058)

(в редакции Закона РТ от 30.07.2007г.№329, от 5.01.2008г.№353, от 20.06.2024 №2058)

(в редакции Закона РТ от 20.06.2024 №2058)

(в редакции Закона РТ от 20.06.2024 №2058)

Настоящий Закон закрепляет принципы государственной политики Республики Таджикистан в области охраны и рационального использования растительного мира, определяет правовые, экономические и социальные основы в этой сфере и направлен на сохранение и воспроизводство ресурсов растительного мира.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

Статья 1.Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

растения (как объекты растительного мира) - размножающиеся спорами, семенами и вегетативными частями организмы (включая грибы, водоросли, мхи, лишайники, папоротникообразные), способные синтезировать из неорганических соединений органические вещества с использованием энергии солнца;

объекты растительного мира или природные растительные ресурсывсе виды дикорастущих растений: наземная и подземная части, в том числе корни, семена, цветы, травяной растительный покров, лекарственное и техническое растение, дикорастущие ягоды, плоды, редкие и исчезающие растения, деревья, группы деревьев, кустарники, древесные и кустарниковые насаждения, тростник, камыш, а также мохообразные, водоросли, грибы, лишайники и т.п.

Объекты растительного мира делятся:

-по назначению: на пищевые, кормовые, лекарственные и технические растения;

-по распространенности: на массовые, ограниченно распространенные, редкие, находящиеся под угрозой исчезновения;

...