Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1996 № 414
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 сентябри соли 1996 № 414 "Дар бораи ҷорӣ намудани Паспорти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дарбанди 2:
дар сархати аввал калимаҳои "панҷсол" бо калимахои "ҳафт сол" ва калимаҳои "1 сентябри соли 2001" бо калимаҳои "31 декабри соли 2003" иваз карда шаванд;
дар сархати дуюм калимаҳои "то 1 сентябри соли 2001" бо калимаҳои "то 31 декабри соли 2003" иваз карда шаванд;
2. Дар банди 6 баъд аз калимаҳои "аз 8 феврали соли 1994 баимзорасида" калимаҳои "ва инчунин ҷадвали пардохти ҳар сол тасдиқшаванда" илова карда шаванд.
3. Дар банди 7 калимаи "Азимов А.Р." ба калимаи "Зуҳуров С." иваз карда шавад.
4. Банди 8 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"8. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарраршуда давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи қабули қарори мазкур огоҳ намояд".
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
...