Низомномаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 марти соли 2004 № 70

Санаи амалкуни: 07.09.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 591 беэътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 70

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 марти соли 2004 № 70

тасдиқ шудааст

Низомномаи Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337, аз 02.06.2006с. № 221, аз 07.09.2006с. № 422)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337, аз 02.06.2006с. № 221, аз 07.09.2006с. № 422)

1. Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Кумитаи давлатӣ) мақоми идоракунии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи самараноки табиат, хоҷагии ҷангал ва обуҳавошиносӣ мебошад.

2. Кумитаи давлатӣ дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат", дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ва ин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Кумитаи давлатӣ салоҳиятҳои ба зиммааш гузоштаро мустақиман ва ба воситаи сохторҳои худ амалӣ месозад.

4. Вазифаҳои асосии Кумитаи давлатӣ:

пешбурди сиёсати ягонаи экологии давлатӣ дар соҳаи омӯзиш, азнавистеҳсолкунӣ, истифода ва ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ, хоҷагии ҷангал, обуҳавошиносӣ, таъсири фаъол ба ҷараён ва падидаҳои обуҳавошиносӣ ва таъмини бехатарии экологӣ;

назорати давлатии истифадаи самаранок ва ҳифзи олами ҳайвоноту наботот, ҷангалзор, захираҳои обӣ, ҳавои атмосферӣ, замин, қаъри замин, муомилот бо партовҳо, риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №591

Утверждено

Постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 1 марта 2004 года № 70

Утверждено

Постановлением Правительства

 Республики Таджикистан

от 1 марта 2004 года № 70

Положение о Государственном комитете охраны окружающей среды и лесного хозяйства Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337, от 2.06.2006г.№221, 7.09.2006г. №422)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337, от 2.06.2006г.№221, 7.09.2006г. №422)

1. Государственный комитет охраны окружающей среды и лесного хозяйства Республики Таджикистан (далее - Госкомитет) является органом государственного управления в области охраны окружающей среды, рационального природопользования, лесного хозяйства, и гидрометеорологии.

2. Госкомитет в своей деятельности руководствуется Конституцией Республики Таджикистан, Законом Республики Таджикистан "Об охране природы", другими законодательными и нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, а также международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан и настоящим Положением.

3. Госкомитет осуществляет возложенные на него полномочия как непосредственно, так и через свои структурные подразделения.

4. Основными задачами Госкомитета являются:

проведение единой государственной экологической политики в сфере изучения, воспроизводства, использования и охраны окружающей среды и природных ресурсов, лесного хозяйства, гидрометеорологии, активных воздействий на гидрометеорологические процессы и явлений, обеспечения экологической безопасности;

государственный контроль за рациональным использованием и охраной растительного и животного мира, лесов, водных ресурсов, атмосферного воздуха, земель, недр, обращением с отходами, соблюдением норм экологической безопасности;

...