ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ СУДИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"
Моддаи 1. Ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 3 ноябри соли 1995 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1995, №21, моддаи 223; соли 1997, №9, моддаи 110; соли 1998, №10, моддахои 111 ва 115; соли 2000, №6, моддаи 349; соли 2001, № 4, моддаи 200) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар қисми дуюми моддаи 4 рақами "60" ба раками "65" иваз карда шавад.
2. Дар қисми якуми моддаи 5 рақами "5" ба рақами "10" иваз карда шавад.
3. Дар моддаи 14:
дар банди "а"-и қисми якум калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Оли" ба калимаҳои "санадҳои ҳуқуқии якҷояи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси милли, Маҷлиси намояндагон" иваз карда шаванд;
банди "г"-и қисми якум хориҷ карда, банди "д" мувофиқан банди "г" ҳисобида шавад.
4. Дар моддаи 15:
банди "а"-и қисми якум хориҷ карда шавад;
бандҳои "б", "в", "г", "д" мувофиқан бандҳои "а", "б", "в", "г" ҳисобида шаванд;
қисми сеюм хориҷ карда шавад.
5. Дар моддаи 16:
дар ном ва қисмҳои якум ва чорум калимаҳои "қарорҳои", "Қарорҳои" ба калимаҳои "санадҳои", "Санадҳои" иваз карда шаванд;
дар қисми дуюм калимаҳои "аз тарафи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта. мешавад" ба калимаҳои "аз тарафи Маҷлиси милли ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба асос гирифта мешавад" иваз карда шаванд;
...