Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст
Низомнома дар бораи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар тендерҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006 № 590, аз 2.12.2008 № 613 аз 30.03.2010 № 188, аз 31.12.2011 № 681, аз 5.12.2013 № 577, аз 31.03.2020 № 217)
Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоида ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатиро (ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ) дар тендерҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ муқаррар менамояд.
I. Истилоҳоти истифодашаванда
1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян мегардад, истилоҳот ва ибораҳои дар поён овардашуда, агар аз матн мазмуни дигаре пайдо нагардад, ба мазмуни зерин истифода бурда мешаванд:
- рӯзи бонкӣ - рӯзи расмии корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пардохти кафолатӣ (кафолатпулӣ) - таъмини пулии ӯҳдадориҳои иштироки бовиҷдононаи иштироккунанда дар тендер ва иҷро намудани вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда;
- тендери дудавра - тендере, ки ба он комиссия аризадиҳандагони аз интихоби квалификатсионӣ гузаштаро даъват менамояд;
- рӯзи гузаронидани тендер - рӯзи муайян гардидани ғолиб;
...