Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 марти соли 2004 № 98
тасдиқ шудааст
Низомномаи тартиби фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ дар музоядаҳо
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577, аз 31.03.2020 № 217)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.03.2010 № 188, аз 5.12.2013 № 577, аз 31.03.2020 № 217)
Низомнома мутобиқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" таҳия шуда, тартиб, қоидаҳо ва шартҳои фурӯши объектҳои моликияти давлатӣ (ҷумхуриявӣ ва коммунали)-ро дар музояда муқаррар мекунад .
1. Истилоҳоти истифодашаванда
1. Дар Низомнома, чи тавре ки минбаъд муайян шудааст, истилоҳоти дар поён овардашуда, агар матн мазмуни дигарро талаб накунад, маънои зайлро ифода мекунанд:
- тарзи англисии савдо (музоядаи англисӣ) - чунин тарзи музояда, ки ҳангоми он нархи эълоншудаи лот назар ба нархи ибтидоӣ бо қадами эълоншудаи пешакӣ то лаҳзаи мондани як нафар иштирокчии нархи аз ҳама баландро пешниҳоднамуда баланд карда мешавад;
- музояда - намуди фурӯши объектҳои хусусигардонӣ, ки аз харидор иҷрои ягон шартро нисбати объекти харидашаванда баъди хусусигардонии он талаб намекунад;
- музоядачӣ - шахси воқеӣ, ки аз тарафи фурӯшанда ё ташкилотчӣ барои гузаронидани музоядаи фурӯши объектҳо таъин ё киро карда мешавад;
- супориши музоядавӣ - қарори фурӯшанда дар бораи гузоштани объектҳо дар музояда;
...