×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004, № 2 "Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга"

Санаи амалкуни: 28.12.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

(Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муқаррар намуда, талаботи асосӣ, ҳамчунин ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар ин соҳа ба миён меоянд, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур таъмин намудани амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳайё кардани шароит барои ба муомилоти хоҷагӣ ворид намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳамчун манбаи ашёи хоми иловагӣ, нигоҳдории захираҳои ашёи хом ва ҳифзи муҳити зист мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳои ҷамъоварии (хариди) пораҳои металлҳои қиматбаҳо дахл надорад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

металлҳои сиёҳ - металлҳо, консентратҳо, хокаю гард ва хӯлаи оҳан (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

металлҳои ранга - металлу хӯла ва хокаву гарди алюминий, висмут, волфрам, кадмий, кобалт, магний, мис, молибден, никел, қалъагӣ, сурб, титан, руҳ; консентрати волфрам, молибден, ниобий, рутилий, сирконий ва металлҳои нодири заминӣ (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга - партовҳои саноатии ҳамаи марҳилаҳои коркард, ки дар таркибашон металлҳои сиёҳ ва ранга доранд ё худ аз ҳамин металлҳо иборатанд ва ҳангоми гудозиш ва корҳои дигари металлургӣ ҳосил мешаванд ва ҳамчунин маснуот ва қисмҳое, ки дар рафти истеҳсолот бо нуқсон тавлид мешаванд;

оҳанпораҳои рӯзгор - пораи металлҳои сиёҳ ва рангае, ки ҳангоми ба мақсади шахсӣ истифода бурдани маснуоту қисмҳои металлҳои сиёҳу ранга аз тарафи шаҳрвандон ҳосил мегарданд;

оҳанпора - аз партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот иборат аст, ки аз маснуоти нодаркор ва ё хусусиятҳои истеъмолии худро гумкардаи саноатӣ ва таъиноти маишӣ, қисматҳои он, таҷҳизоту механизмҳо, конструксияҳо, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳарбӣ ва манбаъҳои дигар ҳосил шуда, танҳо барои коркарди дубора таъин гардидаанд;

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

(Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муқаррар намуда, талаботи асосӣ, ҳамчунин ҳуқуқу ӯҳдадорӣ ва масъулияти иштироккунандагони муносибатҳои ҳуқуқиеро, ки дар ин соҳа ба миён меоянд, муайян мекунад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур таъмин намудани амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳайё кардани шароит барои ба муомилоти хоҷагӣ ворид намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳамчун манбаи ашёи хоми иловагӣ, нигоҳдории захираҳои ашёи хом ва ҳифзи муҳити зист мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Амали Қонуни мазкур ба муносибатҳои ҷамъоварии (хариди) пораҳои металлҳои қиматбаҳо дахл надорад.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

металлҳои сиёҳ - металлҳо, консентратҳо, хокаю гард ва хӯлаи оҳан (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

металлҳои ранга - металлу хӯла ва хокаву гарди алюминий, висмут, волфрам, кадмий, кобалт, магний, мис, молибден, никел, қалъагӣ, сурб, титан, руҳ; консентрати волфрам, молибден, ниобий, рутилий, сирконий ва металлҳои нодири заминӣ (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга - партовҳои саноатии ҳамаи марҳилаҳои коркард, ки дар таркибашон металлҳои сиёҳ ва ранга доранд ё худ аз ҳамин металлҳо иборатанд ва ҳангоми гудозиш ва корҳои дигари металлургӣ ҳосил мешаванд ва ҳамчунин маснуот ва қисмҳое, ки дар рафти истеҳсолот бо нуқсон тавлид мешаванд;

оҳанпораҳои рӯзгор - пораи металлҳои сиёҳ ва рангае, ки ҳангоми ба мақсади шахсӣ истифода бурдани маснуоту қисмҳои металлҳои сиёҳу ранга аз тарафи шаҳрвандон ҳосил мегарданд;

оҳанпора - аз партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот иборат аст, ки аз маснуоти нодаркор ва ё хусусиятҳои истеъмолии худро гумкардаи саноатӣ ва таъиноти маишӣ, қисматҳои он, таҷҳизоту механизмҳо, конструксияҳо, воситаҳои нақлиёт, техникаи ҳарбӣ ва манбаъҳои дигар ҳосил шуда, танҳо барои коркарди дубора таъин гардидаанд;

ҷамъоварии оҳанпора - фаъолияти хоҷагӣ доир ба ҷамъоварӣ кардан, харидан, ҷудо карда гирифтан ва интиқол додани металлҳои сиёҳ ва ранга ба амбори муваққатӣ, коркард ва ё истифодаи ниҳоии онҳо дар корхонаи металлургӣ;

коркарди оҳанпора - фаъолияти хоҷагӣ доир ба ҷамъоварии пораи металлҳои сиёҳу ранга барои истифода бурдан ҳамчун ашёи хоми истеҳсолоти металлургӣ (ҷудо кардан ба хелҳо, буридан, реза кардан, прессонидан, брикет сохтан, гудохтан ва ғайра), ки дар натиҷа шакл ё ҳолати аввалаи онҳо тағйир меёбад;

фурӯхтани (ё додани) оҳанпора - фурӯхтан, бепардохт ё бопардохт ба шахси сеюм додани оҳанпораи ҷамъоварӣ ва ё коркардашуда;

ҷамъоварии (харидани) пораю партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга - фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои ҷамъоварии (харидани) пораву партовҳои металлҳои сиёҳу рангаи саноатию рӯзгор ва супоридани (фурӯхтани) онҳо равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

санади нобудсозӣ - ҳуҷҷати дорои шакли муқарраршудаи ҳисоботи қатъӣ, ки партов гардонидани амволи шахси ҳуқуқиро тасдиқ менамояд ва замимаи ҳатмии санади аз ҳисоб баровардани амволи металлдор ҳисобида мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

ҷамъоварандаи оҳанпора (пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга) - шахси ҳуқуқие, ки барои ҷамъоварӣ кардани (харидани) оҳанпора иҷозатнома дорад;

супорандаи оҳанпора (пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга) - шахси воқеӣ ва ҳуқуқии молики оҳанпорае, ки дар рафти истеҳсоли оҳанолот, дар рӯзгор ва ё ҳангоми харидани партови металл ё худ нобудсозии маснуоти (амволи) металлдор соҳиб шудааст (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

мутасаддии ҷамъоварӣ кардани оҳанпора - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз номи ва бо супориши корхонаҳои махсуси металлургӣ ё корхонаҳои истеҳсолию захиракунӣ оҳанпора ҷамъоварӣ мекунанд (мехаранд) (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

эъломияи супорандаи (фурӯшандаи) оҳанпора - аризаи шаклан муқарраршудаи шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқӣ ба номи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки он маълумотро оид ба манбаи пайдоиши оҳанпора дар бар мегирад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

корхонаи истеҳсолию ҷамъоварикунандаи оҳанпора - шахси ҳуқуқие, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ онро барои фаъолияти соҳаи истифодаи партову амволи металлдор, тайёр кардани (ҷамъоварӣ кардан ва харидани) оҳанпора, коркард ва фурӯши ашёи хоми дуюмдараҷаи металлдор ба корхонаҳои металлургӣ ваколатдор гардонидааст (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 4. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷамъоварии металлҳои сиёҳ ва ранга инҳоянд:

- таъмини бехатарии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъмини нигоҳдории амволи давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми ҷамъоварии металлҳои сиёҳ ва ранга (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- ба ҳам мувофиқ намудани манфиати иқтисодӣ ва экологии ҷамъият;

- оқилона бо ҳам мувофиқ намудани чораҳои иқтисодӣ ва маъмурии танзими ҷамъоварии металлҳои сиёҳ ва ранга;

- ба роҳ мондани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба ҷамъоварӣ ва фурӯши металлҳои сиёҳ ва ранга.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

(Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250)

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга чунин аст (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250):

- ҳимояи манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- тартиб додани лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стандартҳо, меъёру қоидаҳое, ки тартиби ҷамъоварӣ кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро муайян мекунанд;

- муайян кардани тартиби иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти ҷамъоварӣ намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- муайян кардани усулҳои умумии ташкил ва гузаронидани назорати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- ташкили баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи фаъолияти ҷамъоварӣ кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- муҳайё кардани шароит барои таъмини эҳтиёҷоти иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- муқаррар намудани тартиби аз ҳисоб баровардан ва нобудсозии амволи давлатии металлдор (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- муқаррар кардани вазифаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои онҳо дар соҳаи ҷамъоварӣ намудани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- андешидани тадбирҳо барои пешгирӣ намудани тасарруфи металлҳо, несту нобуд кардани таҷҳизот, воситаҳои сигналдиҳӣ ва алоқа, объектҳои энергетикӣ ва инфрасохтори нақлиёт (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- тасдиқ кардани рӯйхати намудҳои металлҳои сиёҳ ва рангае, ки дар рӯзгор пайдо мешаванд ва меъёрҳои супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки барояшон пешниҳоди эъломия зарур нест (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- муқаррар кардани тартиби содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки ҳамин Қонун ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.

БОБИ II. ТАЛАБОТИ УМУМӢ НИСБАТИ ҶАМЪОВАРИИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА

Моддаи 6. Чораҳои муҳофизатии танзими ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муваққатан (то як сол) чораҳои муҳофизатие татбиқ шуда метавонанд, ки ҷамъоварии оҳанпораро маҳдуд мекунанд. Мақомоти ваколатдор метавонанд ҳангоми додани иҷозатнома барои фурӯхтани ҳиссаи муайяни ҷамъоварии баъзе навъҳои оҳанпора озмун гузаронанд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи оҳанпораҳоеро, ки аз шахсони воқеӣ (супорандагони оҳанпора) харида гирифтанашон манъ аст, муқаррар мекунад. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқи тартиботи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои аз шахсони воқеӣ қабул карда гирифтани баъзе намудҳои оҳанпора метавонад маҳдудиятҳои иловагӣ муқаррар намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 7. Тартиби танзими ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз тарафи мақомоти ваколатдор

Мақомоти ваколатдори давлатӣ, истифодаи амволу партовҳои истеҳсолии металлдор, фаъолияти супоранда ва ҷамъоварандаи оҳанпораро бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ба давлат расонидани зиёни иқтисодӣ ва экологӣ таҳти назорат мегирад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Мӯҳлати пешниҳоди иттилоотро доир ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (аз ҷониби супоранда ва ҷамъоварандаи оҳанпора) мақомоти давлатии омор муқаррар менамоянд.

Мақомоти ваколатдори давлатӣ, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низоми анборҳои давлатии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ба роҳ мемонанд, барои ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз корхонаҳои (ташкилотҳои) давлатӣ ва барои минтақаҳое, ки муассисаҳои хариду фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга надоранд, корхонаҳои давлатӣ барпо менамоянд, ҳуҷҷатҳои меъёрие тартиб дода, дар амал ҷорӣ мекунанд, ки барои ташкили чунин корхонаҳо ва фаъолияти онҳо мусоидат намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки барои ташкили доду гирифти (бозори) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муайян шудаанд, дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сиёсати давлатиро дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 8. Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга инҳо мебошанд:

1) ҷамъоварандагони оҳанпора (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250):

- шахсони ҳуқуқие (корхонаю муассиса, ташкилотҳое), ки дар асоси иҷозатномаи гирифтаашон ва бо тартиби муқарраргардида пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ҷамъоварӣ ва қабул мекунанд (мехаранд);

- шахсони воқеӣ, ки ҳамчун соҳибкорони барои ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳу ранга иҷозатномадошта ба қайд гирифта шудаанд;

2) супорандагони оҳанпора (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250):

- шахсони ҳуқуқие (корхонаю муассиса, ташкилотҳое), ки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи дар рафти фаъолияти истеҳсолӣ ва дигар фаъолияти корхона ҳосилшударо ҷамъоварӣ мекунанд ва месупоранд (мефурӯшанд) ва ҳуҷҷатҳое доранд, ки ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳуқуқи моликият доштани онҳо ва ё манбаи пайдоиши оҳанпораро тасдиқ менамоянд;

- шахсони воқеие, ки партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи дар рӯзгор ва аз истифодаи таҷҳизоту мошинҳои хусусиашон ҳосилшавандаро мефурӯшанд;

- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ҳамчун соҳибкорони ба ин ё он намуди фаъолият иҷозатномадошта пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ҷамъоварӣ мекунанд (мефурӯшанд) (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 9. Иҷозатдиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

(Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250)

Иҷозатдиҳии фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 10. Шартҳои ҳатмӣ оид ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Шартҳои ҳатмии ҷамъоварӣ (тайёр) кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга инҳоянд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250):

- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, меъёру қоидаҳои экологӣ, санитарию эпидемиологӣ, гигиенӣ ва зидди сӯхтор;

- мавҷудияти (бо ҳуқуқи моликият ё иҷора) бино (майдонча), таҷҳизоте, ки пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро дар он ҷо тайёр мекунанд ва мавриди коркард қарор медиҳанд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- мувофиқати таҷҳизоти истифодашаванда ба меъёру талаботи техникӣ;

- аз назорати радиатсионӣ ва пиротехникӣ гузаронидани пораву партовҳои ҷамъовардашудаи металлҳои сиёҳ ва ранга;

- мавҷудияти мутахассисоне, ки барои идоракунии таҷҳизоти ҷавобгӯи меъёру қоидаҳои амалкунанда аз санҷиш гузаштаанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар муносибат намудан бо пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бояд стандартҳои муқарраршуда, меъёрҳои экологӣ ва санитарӣ, қоида ва талаботи бехатариро риоя намоянд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (пунктҳои қабули оҳанпора) бояд таҷҳизонида шуда бошанд ва тибқи лоиҳаҳое, ки бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа шудаанд ва аз экспертизаи экологӣ гузаштаанд, истифода карда шаванд.

Барои иҷрои талаботи стандартҳои техникие, ки нисбати пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга муқаррар гардидаанд ва бо мақсади баҳисобгирии дурусти ибтидоии онҳо иншоотҳои қабулу нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (пунктҳои қабули оҳанпора) бояд асбобҳои назорату ченак, сангу тарозу ва дигар таҷҳизоте дошта бошанд, ки бо тартиби муқарраргардида аз санҷиш гузаштаанд.

Моддаи 11. Баҳисобгирӣ оид ба ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Пункти қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бояд дорои лавҳае бошад, ки дар рӯи он ному суроғаи ҳуқуқӣ, ному насаби роҳбар, ном ё рақами пункти қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, маълумотҳои асосии иҷозатнома ва рӯзу соати кор сабт шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи ҳар пункти қабулу нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро ба ҳисоб гиранд. Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга алоҳида ба ҳисоб гирифта мешаванд. Маълумот оид ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, ки қабул гардидаанд, дар дафтари қайд, санадҳои қабулу супурдани оҳанпора ва дигар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибавӣ бо тартиби муқарраргардида сабт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Ҳама навиштаҷотҳо дар дафтари баҳисобгирӣ дарҳол баъди қабули пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга сабт мешаванд. Дар зери ҳар тасҳеҳу ислоҳоти дафтар шахси масъули қабулкунандаи пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга имзо намуда, шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои чунин фаъолият иҷозатнома дорад, мӯҳр мезанад. Дар дафтар сатри холӣ гузоштан мумкин нест. Ҳар рӯз дар охири кор натиҷаи якрӯзаи ҷамъоварии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга хаттӣ ҷамъбаст карда мешавад. Тартиби пур кардани дафтари баҳисобгириро мақоми ваколатдор муайян мекунад. Дафтари пуршудаи баҳисобгирӣ дар давоми се сол нигоҳ дошта, пас аз он ба бойгонӣ супорида мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз пунктҳои қабул ба пункти истифодабарии ниҳоӣ танҳо ҳангоми дар борхати нақлиёт будани қайде, ки онҳо маводи радиатсионӣ ва тарканда надоранд, расонида мешаванд.

Моддаи 12. Тартиби содироти пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга

Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга дар сурати зиёд шудани захираашон ва талабот надоштани корхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо аз тарафи корхонаҳое, ки таҷҳизоти техникии зарурӣ ва иҷозатнома барои ин намуди фаъолият доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон содир карда мешаванд.

Моддаи 13. ӯҳдадориҳои супорандаи оҳанпора

Супорандаи оҳанпора (шахси ҳуқуқӣ) ӯҳдадор аст бо тартиби муқарраркардаи мақомоти ваколатдор доир ба манбаи пайдоиши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ва нобудсозии амволи металлдор маълумот пешниҳод кунад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Барои шахсони ҳуқуқӣ ҳангоми супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳуҷҷати дорои маълумоти зарурӣ эъломияи супорандаи оҳанпора ба ҳисоб меравад, ки дар он доир ба пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи супоридашуда оиди аз ҳисоб баровардан ва нобудсозии амвол маълумот сабт карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Барои шахсони воқеӣ ҳангоми супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ҳуҷҷати дорои маълумоти зарурӣ эъломияи супорандаи оҳанпора (оҳанпорафурӯш) ба ҳисоб меравад, ки дар он маълумоти шиносномаи супорандаи оҳанпора (оҳанпорафурӯш), рӯйхати пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо зикри манбаи пайдоиши он сабт гардидааст. Эъломияи супорандаи оҳанпора (оҳанпорафурӯш) ҳангоми супоридани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ба шахси ҷамъовардаи (харидори) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга бо қайди мақомоти ваколатдор пешниҳод карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд (дар ҳолати пешниҳод кардани шиноснома ё ҳуҷҷати дигар) пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаеро, ки дар рӯзгор ва аз истифодаи таҷҳизоту мошинҳои хусусиашон пайдо мешаванд, ҷамъоварӣ намоянд ва супоранд. Онҳо танҳо пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи рӯзгорро бе ҳуҷҷате, ки моликияти хусусӣ будани онҳоро тасдиқ менамояд, супурда метавонанд.

Моддаи 14. ӯҳдадориҳои ҷамъоварандаи оҳанпора

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо фаъолияти ҷамъовариву нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, нобудсозӣ ва ба истеъмолкунандагон супурдани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга машғуланд, ӯҳдадоранд, ки (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250):

- барои фаъолияти тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга иҷозатнома дошта бошанд;

- биною майдонҳои худӣ ё иҷоравии ба меъёрҳои зидди сӯхтор, санитарӣ ва экологӣ ҷавобгӯй дошта бошанд;

- барои иншоот ва фаъолият ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дошта, онҳо бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуда бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- барои ба муҳити зист партофтану рехтани моддаҳои олудакунанда ва ҷойгиронидани оҳанпораву партовҳои истеҳсолот ва истеъмолот ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист додашуда дошта бошанд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250);

- пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро аз шаҳрвандон танҳо дар сурати нишон додани шиноснома ё ҳуҷҷати дигари шахсияти супорандаи оҳанпораро тасдиқкунанда қабул карда гиранд.

Ҷамъоварандаи оҳанпора ӯҳдадор аст ҳангоми харидани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга аз оҳанпорафурӯш эъломия талаб намояд, мувофиқи ҳамин Қонун баҳисобгирии пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаи харидашударо ба роҳ монад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва рангаро бе ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пайдоиши онҳо, ғайр аз оҳанпораҳои рӯзгор, қабул кардан манъ аст.

БОБИ III. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).

Моддаи 16. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад (Қонуни ҶТ аз 16.02.2026 № 2250).


Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

28 феврали соли 2004 № 2