ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОН
Дар бораи системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 69-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади такмил ва танзими системаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия, инчунин таъмини фаъолияти самараноки он фармон медиҳам:
1. Системаи замимагардидаи мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад.
2. Муқаррар карда шавад, ки:
мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия буда, дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаҳои муайяни фаъолият амали менамоянд. Ба мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан сардор, директор роҳбари менамояд;
вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки татбиқи сиёсати давлати ва идоракуниро дар соҳаи муайяни фаъолият амали намуда, тибқи қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияро дар ин соҳа ҳамоҳанг месозад. Ба вазорати Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари менамояд;
кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - мақоми марказии ҳокимияти иҷроия мебошад, ки ҳамоҳангсозии байнисоҳавиро оид ба масъалаҳои ба доираи салоҳияташ дахлдошта анҷом медиҳад, ҳамчунин батанзимдарории вазифавиро дар соҳаи муайяни фаъолият амали менамояд. Ба кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари менамояд;
идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (кумитаҳо, агентиҳо, саридораҳо ва ғайра) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки вазифаҳои махсус (иҷроияви, назорати, иҷозатдиҳи ва дигарҳо)-ро дар соҳаҳои муқарраргардидаи фаъолият анҷом медиҳанд. Ба идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқан раис, сардор,директор роҳбари менамояд;
мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроии мақомоти ҳокимияти иҷроия мебошанд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрию ҳуқуқи ваколатҳои вазифавии худро дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти давлати амали менамоянд. Ба мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раис роҳбари менамояд.
3. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1994, № 7 "Дар бораи тасдиқ намудани сохтори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз эътибор соқит дониста шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...