Низомномаи Депозитарийи марказӣ аз 29 декабри соли 2000, № 501

Санаи амалкуни: 01.09.2005

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 23.08.2016 № 372 аз эътибор соқит дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2000 № 501

тасдиқ шудааст

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 декабри соли 2000 № 501

тасдиқ шудааст

Низомномаи Депозитарийи марказӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.09.2005с. № 337)

Депозитарийи маркази барои мусоидат ба рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва таъсиси низоми ҳифзи ҳуқуқҳои иштирокчиёни он, манфиатҳои амволии моликони қоғазҳои қиматнок дар ҳамкорӣ бо дигар иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок таъин шудааст.

I. Фаъолияти депозитарӣ

1. Депозитарийи марказӣ (минбаъд - Депозитарий) аз ҷониби иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ҳамчун ташкилоти махсусгардонидашудае, ки вазифаҳои он аз маҳфуз нигоҳ доштани қоғазҳои қиматнок ва хизматрасонии техникӣ, муомилот ва аҳдҳо бо ин қоғазҳои қиматнок дар шакли баҳисобгирӣ ва қайди ҳаракати онҳо иборат аст, таъсис дода мешавад. Дорандаҳои қоғазҳои қиматнок, ки моликон ва дорандаҳои номиналии қоғазҳои қиматнок мебошанд, ба ҳайси иштирокчиёни муомилот амал мекунанд.

2. Дорандаи номиналӣ, ҳамчун иҷрокунандаи амалиёт бо қоғазҳои қиматнок қайди ҳуқуқи моликиятро ба қоғазҳои қиматнок, қайди тағйироти ин ҳуқуқҳо, инчунин дигар амалиёти ҳуқуқи нисбат ба қоғазҳои қиматнок бо шартҳое, ки моликони қоғазҳои қиматноки мазкур муайян мекунанд, анҷом медиҳад.

Иштирокчиёни касбии бозори қоғазҳои қиматнок ба ҳайси дорандагони номиналии қоғазҳои қиматнок амал мекунанд. Дорандаи номиналӣ мавҷуд будани қоғазҳои қиматнок ва имконияти бо онҳо анҷом додани муомилотро, ки молики онҳо муқаррар намудааст, кафолат дода, танҳо ба манфиати моликоне, ки қоғазҳои қиматноки онҳо ба дорандагии номиналӣ супорида шудаанд, амал мекунад.

Супоридани қоғазҳои қиматнок ба дорандагии номиналӣ супоридани ҳуқуқи моликият ба ин қоғазҳои қиматнок намебошад.

...

Утратило силу в редакции постановления Правительства РТ от 23.08.2016 г. № 372

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2000г. №501

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 29 декабря 2000г. №501

ПОЛОЖЕНИЕ О ЦЕНТРАЛЬНОМ ДЕПОЗИТАРИИ

(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 01.09.2005г.N337)

Центральный Депозитарий призван содействовать развитию рынка ценных бумаг и созданию системы защиты прав его участников, имущественных интересов собственников ценных бумаг во взаимодействии с другими профессиональными участниками рынка ценных бумаг.

I. Депозитарная деятельность

1. Центральный Депозитарий (далее - Депозитарий), создается профессиональными участниками рынка ценных бумаг как специализированная организация, функции которой заключаются в хранении ценных бумаг и техническом обслуживании операций и сделок с этими ценными бумагами в форме учета и регистрации движения. Участниками сделок выступают держатели ценных бумаг, являющиеся собственниками и номинальными держателями ценных бумаг.

2. Номинальный держатель, как исполнитель операций с ценными бумагами, осуществляет фиксацию права собственности на ценные бумаги, фиксацию изменений этих прав, а также другие юридические действия в отношении ценных бумаг на условиях, определяемых собственником данных ценных бумаг.

Номинальными держателями ценных бумаг выступают профессиональные участники рынка ценных бумаг. Номинальный держатель гарантирует наличие ценных бумаг и возможность совершения с ними сделок, которые установлены их собственником и действует только в интересах собственников, чьи ценные бумаги переданы в номинальное держание.

Передача ценных бумаг в номинальное держание не является передачей права собственности на эти ценные бумаги номинальному держателю.

...