Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо аз 6 июни соли 2002, № 249

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.12.2005 с. № 473 беэътибор дониста шуд.

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 6 июни соли 2002 № 249

тасдиқ шудааст

Тартиби аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳо

1. Тартиби мазкур мутобиқи моддаи 71-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз рӯи андозҳо, фоизҳо ва ҷаримаҳои онҳоро (минбаъд-"қарзҳои бефоида") мақомоти дахлдори Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз рӯи пардохтҳои иҷтимоӣ мақомоти дахлдори вазорати дар боло зикршуда бо пешниҳоди мақомоти дахлдори Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд-"мақомоти андозситон"), мутобиқи ҷойи қайди андози андозсупоранда, дар ҳолатҳои зерин ба амал мебарорад:

а) ба охир расидани мӯҳлати мурури рӯёнидани андозҳо мутобиқи моддаи 57-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) қатъ гардидани ӯҳдадории андоз дар асосҳои дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (боби 6 ва 9) ё санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда.

3. Ба ҳар як андозсупоранда, ки қарзҳои бефоидаи он барои аз ҳисоб баровардан пешниҳод мегардад, дар мақомоти андозситон парвандаи махсус тартиб дода мешавад, ки дар он бояд маводи зерин мавҷудбошад:

- хулосаи мақомоти андозситон барои аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида;

- маводҳои санҷиши андозсупоранда;

- маводҳои аз ҷониби мақомоти андозситон истифода шудани чораҳои дигари қонунан пешбинишудаи ба таври маҷбурӣ таъмин кардани рӯёнидани ӯҳдадориҳои андоз;

- маводҳои татбиқи механизмҳои:

а) ҳабси амвол:

б) эълон намудани муфлисӣ;

в) масъулияти дубора:

г) рӯёнидани қарзҳои дебиторӣ аз шахсони сеюм ва ғайра;

- маводҳо ва қарорҳои комиссияи барҳамдиҳӣ ва судҳо оиди барҳамдиҳӣ ё муфлисшавӣ:

шаҳодатномаҳо дар бораи фавт ва амволи ба мерос гирифташаванда ва меросхӯрҳои андозсупоранда - шахси воқеӣ;

- ҳуҷҷатҳои дигари ба парванда дахлдор, ки барои ҳалли масъала оиди аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аҳамияти махсус дорад, аз ҷумла шартномаҳои мақомоти андозситон бо андозсупорандагон оиди ҷадвали пардохти қарзҳо;

- маводҳои музоядаҳои кушодаи махсус оид ба фурӯши амволи рӯёнидашуда барои пардохти қарзҳои бефоида;

- маводҳои муроҷиати мақомоти андозситон ба судҳо доир ба рӯёнидани қарзҳо аз шахсони сеюм - дебиторҳои андозсупоранда ва ғайра.

4. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида бо фармони мақомоти дахлдори андоз амалӣ карда мешавад.

Фармони аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоидаро сардори (роҳбари аввали) мақомоти дахлдори андоз имзо мекунад ва бо мӯҳр тасдиқ карда мешавад.

Як нусхаи фармон дар парвандаи андозсупоранда дар мақомоти андозситон, дуюмаш - ба андозсупорандае, ки қарзҳои бефоидаи он аз ҳисоб бароварда мешавад ва нусхаи сеюм ба мақоми болоии мақомоти андозситон ирсол мегардад.

5. То сипарӣ шудани мӯҳлати мурур ва мавҷуд набудани асос оид ба қатъ гардидани ӯҳдадории андоз мутобиқи қонунгузории амалкунанда, яъне бе мавҷуд будани шартҳои банди 2 Тартиби мазкур, аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида дар ҳолатҳои мустасно, дар мавриди мавҷудияти ҳолатҳои фавқулодда, ки ба андозсупоранда зарари калон расонида, имконияти ба амал баровардани фаъолияти иқтисодии андозсупорандаро дар ҳаҷме, ки пӯшонидани пардохтҳои андозҳои ҷорӣ ва қарзҳои андозро аз байн бурдааст, сурат мегирад. Ба чунин ҳолатҳо офатҳои табиӣ ва фалокатҳо метавонанд мансуб дониста шаванд.

Дар ин ҳолат аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида дар таносуби паст шудани иқтидори фаъолияти иқтисодии андозсупоранда ва мутаносибан иҷро намудани ӯҳдадориҳои ҷории андоз ва пештараи он (иҷро нагардида) амалӣ мегардад.

6. Дар мавриди банди 5-и Тартиби мазкур аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз ҷониби комиссияҳои байниидоравӣ оиди аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида (минбаъд-"комиссияҳои байниидоравӣ") сурат мегирад, ки онҳо чунин ташкил карда мешаванд:

- оид ба андозҳои умумидавлатие, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мешаванд, дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба он як нафарӣ аз муовинони Вазири молия, Вазири даромадҳо ва пардохтҳои давлатӣ, Раиси Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва шумораи баробари мутахассисони дигари ин мақомотҳо дохил мешаванд;

- оид ба андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллие, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ ворид мешаванд, дар идораҳо ва шӯъбаҳои молияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, ки ба онҳо роҳбарони аввали мақомоти маҳаллии дахлдори андозситон ва молия, инчунин шумораи баробари мутахассисони дигари ин мақомот дохил мешаванд.

7. Дар мавриди банди 5 Тартиби мазкур оиди аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида ба мақомоти дахлдори андозситон ва молия андозсупоранда бо ҳисобу китоби муфассал ва асоснок дархост пешниҳод мекунад.

Дархости дар боло зикргардида дар муддати сӣ рӯз дар мақомоти дахлдори андозситон ва молия дида баромада мешавад. Аз натиҷаи омӯзиш хулосаи муфассали дархост ба комиссияи байниидоравии дахлдор (бо замимаи нусхаи дархости андозсупоранда) ирсол карда мешавад.

8.Дар мавриди банди 5 Тартиби мазкур:

-фармони аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз рӯи андозҳои умумидавлатӣ, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мегарданд, аз ҷониби аъзоёни комиссияи байниидоравӣ-муовинони Вазири (Раиси) дар Тартиби мазкур зикршудаи вазоратҳо (Фонд) имзо шуда бо пешниҳоди комиссияи байниидоравӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

-фармони аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз рӯи андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ, ки ба буҷетҳои маҳаллӣ ворид мегарданд, аз ҷониби аъзоёни комиссияи байниидоравӣ-роҳбарони аввали мақомоти маҳаллии дахлдори андозситон ва молия имзо шуда бо пешниҳоди комиссияи байниидоравӣ бо қарори ҳукуматҳои маҳаллӣ тасдиқ карда мешаванд.

Комиссияи байниидоравии дахлдор якнусхагӣ аз фармони тасдиқшуда ба андозсупоранда, мақомоти дахлдори андозситон ва молия равон мекунанд.

Аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида аз ҳисобҳои шахсии андозсупорандагон аз ҷониби мақомоти дахлдори андозситон баъд аз гирифтани фармони тасдиқшудаи комиссияи байниидоравӣ оиди аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида, ки бо мӯҳри ин мақомот тасдиқ шудааст, ба амал бароварда мешавад.

Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоби оморӣ мебаранд ва ҳар сол ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида то 1 майи соли ҷорӣ (барои давраи гузашта) ахборот медиҳанд.

9. Дар мавриди банди 2-и Тартиби мазкур маблағи ҳамаи қарзҳои бефоида аз ҳисоб бароварда мешаванд.

Дар мавриди банди 5-и Тартиби мазкур метавонад ҳамаи маблағ ё қисми қарзҳои бефоида, вобаста ба дараҷаи талаф додани имкониятҳои ба амал баровардани фаъолияти иқтисодии андозсупоранда, аз ҳисоб бароварда мешавад.

10. Вазорати даромадҳо ва пардохтҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти тобеи худ риоя шудани Тартиби мазкурро назорат мекунанд ва барои он масъуланд.

11. Дар дигар ҳолатҳои алоҳида аз ҳисоб баровардани қарзҳои бефоида дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 02.12.2005г.№ 473

Утверждено

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от 6 июня 2002 года N 249

Порядок списания безнадежной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним

1. Настоящий Порядок разработан в соответствии со статьей 71 Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. Списание безнадежной задолженности по налогам, процентам и штрафам по ним (далее - "безнадежная задолженность") производится соответствующими органами Министерства по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан, а по социальным взносам производится соответствующими органами вышеуказанного Министерства по представлению соответствующих органов Фонда социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан, по месту налогового учета налогоплательщика (далее - "фискальными органами") в случаях:

а) истечения срока давности по взысканию налогов в соответствии со статьей 57 Налогового кодекса Республики Таджикистан;

б) прекращения налогового обязательства по основаниям, установленным в Налоговом кодексе Республики Таджикистан (главы 6 и 9) или других актах законодательства Республики Таджикистан.

3. В фискальных органах на каждого налогоплательщика, безнадежные задолженности которого оформляются на списание, формируется специальное дело, в котором должны быть:

- заключение фискальных органов на списание безнадежной задолженности;

- материалы проверок налогоплательщика;

- материалы применения фискальными органами других законодательно предусмотренных принудительных мер по обеспечению взыскания налоговых обязательств;

- материалы применения механизмов:

а) ареста имущества;

б) объявления банкротства;

в) вторичной ответственности;

г) взыскания дебиторских задолженностей с третьих лиц и т.д.;

- материалы и решения ликвидационной комиссии и судов о ликвидации или банкротстве;

- свидетельства о смерти и наследуемом имуществе и наследниках налогоплательщика - физического лица;

- другие относящиеся к делу документы, имеющие существенное значение для решения вопроса о списании безнадежной задолженности, в частности, договора фискальных органов с налогоплательщиками о графиках погашения задолженностей;

- материалы специальных открытых аукционов по реализации взысканного имущества в погашение безнадежной задолженности;

- материалы обращений фискальных органов в суды о взыскании задолженностей с третьих лиц - дебиторов налогоплательщика и т.д.

4. Списание безнадежной задолженности оформляется приказом по соответствующему налоговому органу.

Приказ на списание безнадежной задолженности подписывается начальником (первым руководителем) соответствующего налогового органа и заверяется печатью.

Один экземпляр приказа остается в деле налогоплательщика в фискальном органе, второй передается налогоплательщику, безнадежная задолженность которого списывается, и третий экземпляр доводится до вышестоящих инстанций фискального органа.

5. До истечения срока давности и без наличия оснований по прекращению налоговых обязательств в соответствии с действующим законодательством, то есть без наличия условий пункта 2 настоящего Порядка, списание безнадежной задолженности производится в исключительных случаях при наличии чрезвычайных обстоятельств, повлекших значительный ущерб для налогоплательщика и подорвавших возможности налогоплательщика к осуществлению экономической деятельности в объемах, способных покрыть текущие налоговые платежи и налоговые задолженности. К таким случаям могут быть отнесены стихийные бедствия и катастрофы.

При этом списание безнадежной задолженности производится пропорционально снижению потенциала экономической деятельности налогоплательщика и, соответственно, выполнения им своих текущих и прошлых (невыполненных) налоговых обязательств.

6. В случае пункта 5 настоящего Порядка списание безнадежной задолженности производится межведомственными комиссиями по списанию безнадежной задолженности (далее - "межведомственные комиссии"), создаваемыми:

- по общегосударственным налогам, поступающим в республиканский бюджет, в Министерстве финансов Республики Таджикистан, в который включается по одному заместителю Министра финансов, Министра по государственным доходам и сборам, Председателя Фонда социальной защиты населения и равное количество других специалистов этих ведомств;

- по общегосударственным налогам и местным налогам, поступающим в местные бюджеты, в областных, городских и районных финансовых управлениях и отделах, в которые включаются первые руководители соответствующих местных фискальных и финансовых органов, а также равное количество других специалистов этих органов.

7. В случае пункта 5 настоящего Порядка ходатайство о списании безнадежной задолженности подается налогоплательщиком в соответствующие фискальные и финансовые органы с подробными расчетами и обоснованиями.

Вышеуказанное ходатайство в тридцатидневный срок рассматривается соответствующими фискальными и финансовыми органами. По результатам рассмотрения детальное заключение по существу ходатайства направляется соответствующей межведомственной комиссии (с приложенной копией ходатайства налогоплательщика).

8. В случае пункта 5 настоящего Порядка:

- приказ по списанию безнадежной задолженности по общегосударственным налогам, поступающим в республиканский бюджет, подписанный членами межведомственной комиссии - заместителями Министра (Председателя) указанных в настоящем Положении министерств (Фонда), по представлению межведомственной комиссии утверждается постановлением Правительства Республики Таджикистан.

- приказ по списанию безнадежной задолженности по общегосударственным и местным налогам, поступающим в местные бюджеты, подписанный членами межведомственной комиссии - первыми руководителями соответствующих местных фискальных и финансовых органов, по представлению межведомственной комиссии утверждается решением местных хукуматов.

Соответствующие межведомственные комиссии по одному экземпляру утвержденного приказа направляют налогоплательщику, соответствующему фискальному и финансовому органу.

Списание безнадежной задолженности с лицевых счетов налогоплательщиков производится соответствующими фискальными органами после получения утвержденного приказа межведомственной комиссии о списании безнадежной задолженности, заверенного печатью этих органов.

Министерство по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан и Фонд социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан ведут статистический учет и ежегодно информируют Правительство Республики Таджикистан о списании безнадежной задолженности к 1 мая текущего года (за предыдущий период).

9. В случае пункта 2 настоящего Порядка подлежит списанию вся сумма безнадежной задолженности.

В случае пункта 5 настоящего Порядка может быть списана вся сумма или часть безнадежной задолженности в зависимости от степени утраты налогоплательщиком возможностей к осуществлению экономической деятельности.

10. Министерство по государственным доходам и сборам Республики Таджикистан и Фонд социальной защиты населения при Правительстве Республики Таджикистан несут ответственность и осуществляют контроль в своих подведомственных органах за соблюдением настоящего Порядка.

11. В других отдельных случаях списание безнадежной задолженности производится на основе постановления Правительства Республики Таджикистан.