Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикиситон бо мақсади фароҳам овардани шароите, ки ба рушду инкишофи минбаъдаи фаъолияти соҳибкорӣ мусоидат мекунад, риояи ҳукуқу манфиатҳои иштирокдорони бозорро таъмин менамоянд ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи гарав"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба андозаҳои боҷи давлатӣ, ки бо қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 1993, № 587 тасдиқ шудааст, тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шавад: зербанди "а"-и банди 1 дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"а) аз аризаҳои даъво, ғайр аз аризаҳое, ки дар зербанди "з" ҳамин банд нишон дода шудаанд, ҳангоми арзёбии даъво: то 50 андозаи
ҳадди ақали маош 4 фоизи нархи даъво
аз 50 то 75 андозаи ҳадди ақали маош 3 фоизи нархи даъво
аз 75 то 100 андозаи ҳадди ақали маош 2 фоизи нархи даъво
зиёдтар аз 100 андозаи ҳадди ақали маош 1,5 фоизи нархи даъво";
дар зербандҳои "а" ва "к"-и банди 2 рақами "10" ба рақами "1" иваз карда шавад; дар банди 3:
- дар зербандҳои "б" ва:"в" калимаҳои "панҷ", "даҳ", "бист" мувофиқан ба рақамҳои "0,5", "1" ва "1,5" иваз карда шаванд; зербанди "г)" дар таҳрири зайл баён карда шавад:
- "г) барои тасдиқ кардани шартномаҳои гарав
0,1 фоизи маблағи шартнома, вале на камтар аз 50 фоизи андозаи ҳадди ақали маош;
...