Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 626 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА БАЪЗЕ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

I. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи гарав" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 14, мод.205; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, № 22, мод.280; с.1997, № 9, мод.117) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шаванд:

1. Аз матни Қонун рақами бандҳо хориҷ карда шуда, ишораҳо ба "Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба ишораҳои "Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

2. Ба қисми дуюми моддаи 9 ҷумлаи дорои мазмуни зайл илова гардад:

"Ин қоидаҳо ба шартномаи гарави таъмини баргардонидани кредити бонкӣ истифода намешавад".

3. Ба Қонун моддаи 91 дорои мазмуни зайл илова гардад:

"Моддаи 91. Муқаррар кардани арзиши амволи барои таъмини баргардонидани кредити бонкӣ ба гарав гузошташуда

Арзиши амволи барои таъмини баргардонидани кредити бонкӣ ба гарав гузошташуда бо мувофиқаи тарафайн муқаррар карда мешавад ва ҳангоми норозигии тарафҳо он бо иштироки намояндаи ташкилоти манфиатдорнабуда муқаррар карда мешавад".

4. Қисми сеюми моддаи 10 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"Дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур шартномаи гарав (ба истиснои шартномаи гарав дар хусуси таъмини баргардонидани кредити бонкӣ) бояд аз тарафи идораҳои нотариалӣ тасдиқ карда шавад ва дар мақоми давлатие, ки чунин сабтро амалӣ менамояд, ба қайд гирифта шавад. Мақоми бақайдгирандаи шартномаи гарав бо пешниҳоди кредитдиҳанда (бонк) ба каси дигар додани предмети гаравро манъ мекунад".

5. Ба моддаи 21 қисми якуми дорои мазмуни зайл илова гардад:

"Бонк мутобиқи созишнома бо гаравгузор метавонад предмети гаравро ба сифати пардохти ӯҳдадориҳои гаравгузор аз рӯи шартномаи кредитӣ қабул намояд ва ҳангоми норозӣ будани гаравгузор рӯёндани он бо тартибе, ки дар қисми сеюми моддаи мазкур муқаррар гардидааст, сурат мегирад"

қисми якум қисми дуюм ҳисобида шуда, аз он калимаҳои "дар асоси хати иҷроияи нотариус" хориҷ карда шаванд.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

"О ВНЕСЕНИИ ИЗМЕНЕНИЙ И ДОПОЛНЕНИЙ В НЕКОТОРЫЕ ЗАКОНЫ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН"

Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

I. Внести в Закон Республики Таджикистан от 20 июля 1994 года "О залоге" (Ведомости Верховного Совета Республики Таджикистан, 1994г., №14, ст.205; Ведомости Маджлиси Оли Республики Таджикистан, 1995г., №22, ст.280; Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджкистан, 1997г., №9, ст.117) следующие изменения и дополнения:

1. В тексте закона нумерацию пунктов исключить и указание на "Совет Министров Республики Таджикистан" заменить указанием на "Правительство Республики Таджикистан".

2. Часть вторую статьи 9 дополнить предложением следующего содержания:

"Эти правила не применяются к договору залога в обеспечении возврата банковского кредита".

3. Дополнить закон статьей 9 следующего содержания:

"Статья 9. Установление стоимости имущества, заложенного в обеспечение возврата банковского кредита

Стоимость имущества, заложенного в обеспечение возврата банковского кредита, устанавливается по соглашению сторон, а в случае разногласия сторон она устанавливается с участием представителя органа по управлению имуществом или представителя незаинтересованной организации".

4. Часть третью статьи 10 изложить в следующей редакции:

"В случаях, предусмотренных настоящим Законом, договор о залоге (за исключением договора о залоге по обеспечению возврата банковского кредита) должен быть нотариально удостоверен и зарегистрирован в государственном органе, осуществляющим такую регистрацию. Орган, осуществляющий регистрацию договора о залоге, по предложению кредитора (банка) налагает запрет на отчуждение предмета залога";

5. Статья 21:

статью дополнить частью первой следующего содержания:

"Банк по соглашению с залогодателем может принять предмет залога в погашение обязательств залогодателя по кредитному договору, а в случае несогласия залогодателя взыскание производится в порядке, установленном частью третьей настоящей статьи";

...