ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ "
Моддаи 1.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 марти соли 1992 "Дар бораи қоғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Тоҷикистон, соли 1992, .№11, модлаи 155; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №22, моддаи 268; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №10, моддаи 135) тағйиру иловаҳои зайл ворид карда шаванд:
1. Дар тамоми матни Қонун калимаҳои "облигатсияҳо" ва "облигатсия" мувофиқан ба калимаҳои "вомбаргҳо" ва "вомбарг" иваз карда шаванд.
2. Дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи 1 калимаи "қонунгузории" бо калимаҳои "меъёрии ҳуқуқии" иваз карда шавад.
3. Дар қисми якуми моддаи 5:
банди "6" дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"6) тасдиқномаи (сертификати) бонкӣ":
банди "в" дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"в) вексел";
бандҳои "е", "ж" бо мазмуни зайл илова карда шаванд:
"е) чек;
ж) борнома (коносамент)".
4. Дар қисмҳои дуюми моддаи 6 калимаҳои "100 сӯм" ба калимаҳои "1 сомони" иваз карда шаванд.
...