ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ НОТАРИАТИ ДАВЛАТӢ"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997 "Дар бораи нотариати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сопи 1997, №9, моддаи 106; №23-24, моддаи 333) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун ибораи "Саридораи ҷумҳуриявии нотариалии давлатӣ" бо ибораи "Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон", калимаи "архив" бо калимаи "бойгонӣ" ва калимаҳои "юридикӣ", "юридикие" ва "юридикиро" мувофиқан бо калимаҳои "ҳуқуқӣ", "ҳуқуқие" ва "ҳуқуқиро" иваз карда шаванд.
2. Моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нотариати давлатӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад".
3. Дар қисми сеюми моддаи 4 калимаҳои "Кодекси шаҳрвандии" ба калимаҳои "Кодекси граждании" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 5:
қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:
"Мӯҳлати муваққатан маҳфуз доштани ҳуҷҷатҳои нотариалӣ дар бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатӣ 3 сол мебошад. Баъди ба охир расидани мӯҳлати мазкур идораҳои нотариалии давлатӣ ҳуҷҷатҳои нотариалиро ба бойгонии нотариалии давлатии назди Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бойгониҳои идораҳои нотариалии давлатии вилоятӣ барои маҳфуз доштан месупоранд";
қисмҳои сеюм, чорум ва панҷум мутобиқан қисмҳои чорум, панҷум ва шашум ҳисобида шаванд.
5. Дар моддаи 7:
қисми якум дар таҳрири зайл баён карда шавад:
"Барои қабули имтиҳони тахассусӣ аз шахсоне, ки аз таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд ва хоҳиш доранд бо фаъолияти нотариалӣ машғул шаванд, инчунин барои додани рутбаҳои дараҷавӣ ба нотариусони давлатӣ бо фармони вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳо комиссияҳои тахассуси таъсис дода мешаванд. Шумораи ҳайати комиссияҳои мазкур бояд аз 5 то 9 нафар бошанд.";
...